Дар як сатр
» » РАМЗИ УМЕД БА ОЯНДАИ НЕК

РАМЗИ УМЕД БА ОЯНДАИ НЕК

31-01-2020, 14:55

РАМЗИ УМЕД БА ОЯНДАИ НЕК

Дар майдони назди Филармонияи мардумии ба номи Одинаи Ҳошими ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба истиқболи ҷашни Сада ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он кишоварзону чеварон, кадбонуҳои чирадасти ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба майдон омада, дастоварду дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд. Инчунин, ниҳолони дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ ва гулҳои гуногун ба фурӯш бароварда шуд.

Дар оѓози чорабинӣ Бозоралӣ Одиназода, раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Мирзохон Гулмаҳмадзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳраку деҳоти ноҳияро тамошо карда, баҳогузорӣ карданд.  

Маҳсули дастони чеварони чакандӯз ва устоҳои халқӣ, боз маҳсулоти кишоварзии ба маъразгузоштаи кишоварзони ноҳия нишон медод, ки дар ноҳия кишоварзони соҳибтаҷрибае ба замин сару кор доранд, ки маҳсули дастони онҳо дар ҳар як фасли сол ѓанигардонандаи дастурхони сокинони ноҳия ва берун аз он мансуб меёбад. 

Дар ин қатор дастурхони орододаи кадбонуҳои ҷамоатҳои шаҳраки Панҷрӯд, Даштигуло, Панҷоб ҳозиринро бо санъати оливу маҳорати баланди кадбонуҳои ин ҷамоатҳо шинос менамуд.

Ҷамъбасти чорабинии соз-мондодаи  меҳнаткашони но-ҳия бахшида ба иди Сада, умед ба ояндаи сабзу хуррам ва паёмовари Наврӯзи оламафрӯз нишон дод, ки деҳқонону чеварон ва устоҳои халқии Ҷамоати деҳоти "Даштигуло” бо ҳунармандии худ  ҷойи аввал, намояндагони  шаҳрак - ҷойи дуюм ва "Меҳнатобод” ҷойи сеюмро сазовор  гардиданд.

Баъди намоиши даст-овардҳои меҳнаткашони ноҳия дар Филармонияи мардумии "Одинаи Ҳошим” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

САДА - ОҒОЗИ ОМОДАГӢ БА КИШТУ КОРИ БАҲОРӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ
САДА МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ

САДА МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ

Фарҳанг ва адабиёт
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР КӮЛОБ

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР КӮЛОБ

Фарҳанг ва адабиёт

Ҳамадонӣ: таҷлили рӯзи забони давлатӣ

Фарҳанг ва адабиёт
Ҷ. Румӣ. Таҷлили 700-солагии Ҳамадонӣ

Ҷ. Румӣ. Таҷлили 700-солагии Ҳамадонӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА