Дар як сатр
» » ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МАЪРИФАТ

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МАЪРИФАТ

5-02-2020, 07:16

МУҚАДДИМА

Дар тамоми давраҳои мавҷудияти давлатдории миллати тоҷик, аз ҷумла, дар таърихи асрҳои миёна, таърихи нав, таърихи навтарин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона шахсияти эътирофшуда − раҳбарест, ки қавитарин робитаро бо мардум доштаву дорад.

Ҳамасрони мо гувоҳи онанд, ки Сарвари давлат, новобаста аз мавқеи ҷуғрофиёӣ, хатарнокии масир ва шароити ниҳоят сахту номусоиди иқлим, борҳо ба дурдасттарин деҳа, ҷамоат, ноҳия –манзили сокинони мамлакат ташриф оварда, бо зиндагӣ, ҳолу аҳвол, кору бори мардумони касбу ҳунари гуногун шинос шудааст. Бо онҳо вохӯрӣ васуҳбату мулоқотҳо доир намудааст.

Ҳар як муколамаи Пешвои миллат, тавре ҷомеа шоҳиди он аст, озод, бо салоҳият ва масъулияти бузурги давлатдорӣ, бо таҳлил, далелнокӣ, муқоиса, арҷгузорӣба меҳнати деҳқонон, коргарон, соҳибкорон, зиёиён, серталабӣ нисбат ба мақомоти иҷроияиҳокимият ва дигар сохторҳои давлатӣ сурат мегирад.

Муҳимтарин нуктае, ки дар оини раҳбарии Сарвари тоҷикон ҳамчун сабк, шеваи барҷаста ва услуби муошират бо мардум ба назар мерасад, ифодаи маъниҳои тақдирсоз бо забони шево, оммафаҳм ва дилчаспу ҷозибадор мебошад. Хиради азалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавассути сидқан аз бар намудан ва ба тарзи хастанопазир сайқал додани донишҳои энсиклопедӣ, такрор ба такрор дар таҷрибаи зиндагӣ санҷидани онҳо исбот гардидааст, мактаби махсуси давлатсозӣ ва раҳбарии муваффақона аст. Онро ҳамчун намунаи пайравии рӯзмарра ва стратегияи давлатдорӣ бояд омӯхт. Қонунмандиҳои аз нестӣ раҳонидан, ҳаст кардан, ба масири тараққиёти устувор расонидан ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани як миллати куҳанбунёди бо тақдири фоҷеабор борҳо рӯбарӯшударо барои наслҳои имрӯз ва оянда ҳамчун сабақ манзур сохт.

Дар баробари чунин сабки муоширати сиёсӣ, яке аз муҳимтарин шакли муколама – Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони халқ мебошад. Омӯзиши паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат нишонгари он аст, ки дар ҳуҷҷатҳои зикргардида вазъияти давлат таҳлил ва арзёбӣ мегардад. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии мамлакат на танҳо дар муддати як сол, балки барои даҳсолаҳои минбаъда коркард ва эълон карда мешаванд.

Паёмҳои Пешвои миллат хусусияти моҳиятӣ доранд. Дараҷаи алоқамандии диалектикии тамоми бахшҳои низоми сиёсиро бо субъекти марказии ҳокимияти давлатӣ муайян мекунанд. Самаранокии онро тафсир ва баҳогузорӣ менамоянд. Камбудиҳоро ошкор месозанд. Роҳҳои ислоҳи он ва уфуқҳои рушди миллиро дар ояндаи наздику дур нишон медиҳанд.

Омӯхтани ин ҳуҷҷати тақдирсоз ба хотири дарки воқеии таърихи миллат, дастовард, мушкилоти умумӣ, роҳ, усул ва шеваҳои ҳаллу фасли он тавассути имконоти тамоми ҷанбаҳои давлатдорӣ зарур мебошад.

Паёми навбатии Пешвои миллат, ки рӯзи 26-уми декабри соли 2019 ба парламенти кишвар ироа гардид, аз ҷумлаи санадҳои сарнавиштсози ҷомеаи имрӯзаи мост.

Омӯзиши паҳлуҳои маърифатии ҳуҷҷат аз тариқи ба инобат гирифтани масъалаҳои иҷтимоӣ, ки албатта, хосияти бунёдӣ доранд, пешкаши хонандаи гиромиқадр карда мешавад.

 

МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДӢ

Муносибати системавӣ дар Паёми Пешвои миллат зарурати ҳамбастагӣ ва ҳамкориҳои соҳаҳои ҳаётан муҳимми давлатдориро ба ҳамдигар мадди назар дорад. Дар он иерархия, яъне сифати муайянкунандагӣ доштани иқтисодиёт таъкид карда мешавад.

Дар ин ҳуҷҷати барномавӣ тамоми соҳаҳои давлатдорӣ – сиёсат, иҷтимоиёт, илм, маориф, фарҳанг, ҳифзи манфиатҳои давлат дар робита ба вазъ ва тавоноии иқтисодии мамлакат равшан тавзеҳ дода шудаанд.

Дар доираи чунин таҳлил, дар Паёми Пешвои миллат ба ду ҷузъи масъала − қувваҳое, ки ҳамчун сарчашмаи ҳаракатдиҳандаи истеҳсолот амал мекунанд ва муносибатҳои истеҳсолӣ диққати махсус дода шудааст.

Дар доираи қувваҳои истеҳсолкунанда таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мавқеи инсон, раванди таъмин ва ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии ӯ, ҷараёни созмон додани объектҳои истеҳсолӣ ҷалб гардидааст. Кӯшишҳои Раҳбари давлат дар масъалаҳои касбомӯзӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат бо роҳи самаранок истифода бурдани илм, маърифат, аз худ кардан ва такмил додани воситаҳои истеҳсолот аз қисматҳои таркибии фаъолияти Ҳукумат дониста мешаванд.

Яке аз омилҳои аслие, ки мақсадҳои умдаи сохтмони давлатро зина ба зина таъмин кардааст, барномарезии стратегии соҳаҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар асоси талаботи рӯзафзуни ҷомеа мебошад.

Бо ташаббус ва таҳти роҳбарии Сардори давлат таҳия ва қабул гардидани «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» амалӣ кардани ҳамин нақшаҳоро мадди назар доранд.

Тавре ки дар Паём омадааст, давраи сипаригашта «дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад» ва маҳз ҳуҷҷатҳои номбурда «ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд» (Паёми Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»: −Душанбе: Шарқи озод, 2019.−С. 3).

Гарчанде дар давраи иқтисодиёти бозаргонӣ банақшагирӣ аз масъалаҳои афзалиятдошта ба ҳисоб наравад ҳам, барномарезии аз ҷиҳати илмӣ асоснок аҳамияти бузурги амалӣ дорад ва замонати фаъолияти пурсамари идораи давлатӣ мебошад.

Бояд ба эътибор гирифт, Тоҷикистон аз ҷумлаи он давлатҳоест, ки аз рӯйи мавқеи ҷуғрофиёӣ, захираҳои табиии аҳамияти муҳимми стратегидошта (нафт, газ, уран, тилло, нуқра, заминҳои корам) имконоти нисбатан маҳдуд дорад. Аз лиҳози геополитикӣ наздик ба якуним ҳазор километр бо кишваре ҳамҷавор аст, ки муддати зиёда аз чил сол боз бо мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯст ва маркази таҳдидҳои террористӣ маҳсуб мегардад. Ва Тоҷикистон барои ҳимояи хеш, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо зарфиятҳои назарраси моддӣ, молӣ ва маънавии худро сафарбар мекунад.

Дар чунин шароит, маҳз иқтидори интеллектуалии Ҳукумат, интихоби дурусти роҳ, восита ва усули амалӣ кардани стратегияи давлат барои таъмини амният ва некуаҳволии мардум аз масъалаҳои асосии фаъолияти раҳбарияти сиёсии мамлакат ба ҳисоб мераванд. Олимони Ғарб таъкид кардаанд: «Бузургтарин дастовардҳои афкори иқтисодӣ дар шароити пастравии иқтисодӣ пайдо мешаванд» (Қонуни Бухвалд). Аммо аз лиҳози дигар, «дар иқтисодиёт ҳеҷ чизро фаҳмидан имкон надорад, ба шарте ки ҳамаи чизро нафаҳмед» (A Dictionary of Economic Quotations, 1981). Ба андешаи мо, ин ду ҳолат барои масъулони ҷанбаи иқтисодии мамлакат аз омилҳои муҳимми банақшагирии саҳеҳ ва қотеона амалӣ кардани барномаҳои тахассусмандона коркардшуда маҳсуб мегарданд.

Сарвари давлат аз зумраи он абармардони сиёсати ҷаҳонӣ аст, ки ҳангоми ибрози мавқеи сиёсӣ, нақшаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат бо назокати ба худ хос, хирадмандона, таҳаммулгароёна ва ҷавонмардона аз кӯшиши ба баҳс кашидани ҳарифони эҳтимолии ақидаҳои худ, ки падидаи маъмулӣ аст, то ҳадди имкон худдорӣ мекунад.

Аз дигар тараф, забон ва тарзи баёни ӯ дар ибрози андешаҳои принсипиалӣ оид ба масъалаҳои матраҳгардида, барои рақибон ҷиҳати додани посухи баробарвазн ҷой намегузорад. Чунин муҳокимарониҳо бо риояи қоидаҳои мантиқӣ, ҳақиқати ҳол ва воқеиятро бо далелҳо нишон медиҳанд: «Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд» (Ҳамон ҷо. −С.3).

Дар шарҳи масъалаҳои иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат принсипи вобастагии моддии якдигарӣ баръало дида мешавад. Вақте ки сухан дар бораи эътимоднокии тезисҳо меравад, дар Паём структураи чунин мантиқ − ҷузъҳои он тафсири худро меёбанд. Ҳангоми таҳлилу баррасӣ эътибори мулоҳизаҳои пешниҳодгардида боз ҳам мустаҳкамтар мегардад. Барои мисол: «Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд» (Ҳамон ҷо. −С.3).

Яке аз мушкилтарин масъалаҳое, ки онро давлати соҳибистиқлол баъди ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ бояд барқарор мекард, ба вуҷуд овардан ва устувор гардонидани итминони аҳолӣ ба давлати ҷавон буд. Зеро насли соҳибандешаи он замон, касе, ки имконияти дар Ватани аҷдодии худ зиндагӣ ба сар бурдан дошт, ҳанӯз ҳам орзуи замони шӯравиро мекард. Гумон намекард, ки тоҷикон метавонанд давлати миллии худро аз нав бунёд кунанд. Иқтисодиётро побарҷо созанд. Мардумро соҳиби нон гардонанд. Амнияти онро таъмин намоянд. Дар дунё худро ҳамчун кишвари мустақил муаррифӣ созанд. Чунин эҳсос ҳам дар миёни қисмати бештари зиёиён ва ҳам дар байни омма ғолиб омада, хатарҳои ҷонӣ, фақр, нодорӣ, таҳдиди гуруснагӣ бовари мардумро ба зиндагӣ коста ва одамонро аз ҳаёт дилшикаста карда буд. Гарчанде бо вуҷуди мушкилоти зиёд, ҷуғрофияи таъмини амнияти минтақаҳои кишвар рӯз ба рӯз васеъ карда мешуд ва сатҳи баланди камбизоатӣ ба мисли пешина мардумро азият медод, ки масъалаҳо аз ҷанбаҳои аслии фаъолияти Ҳукумати мамлакат гардида буданд.

Маҳз барои ҳамин, давра ба давра баланд бурдани сатҳи зиндагии одамон дар тӯли се даҳсола аз муҳимтарин корномаҳои Пешвои миллат мебошад.

Некӣ ва хизмат ба халқ аз мақсадҳои аслии Раҳбари давлат буд ва ҳаст. Бояд эътироф намуд, ки нақшаҳои дар аввали фаъолияти худ эълонкардаи Президенти мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ, берун гаштан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ҳамчун идея садо медоданд. Амалӣ гаштани онҳо хосияти ормонӣ дошт. На танҳо дар хориҷи мамлакат, балки бисёриҳо дар дохили кишвар ҳам ба воқеият пайдо кардани онҳо бовар надоштанд. «Аммо ба хотири он ки ҳаёт бе мақсади олӣ» ва «самтгирӣ ба сӯйи мақсади олӣ» холӣ ва беранг аст, «ормон» ва «ормонҳои олӣ» бе алоқамандӣ ба ҳаёти воқеӣ ҳамагӣ як орзу ва хаёли хомро мемонаду бас. Фақат мо яке аз алтернативаҳоро қабул карда метавонем (Ф.Х.Кессиди. Этические сочинения Аристотеля. Аристотель. Сочинения. –М.: Мысль, 1983. –С.17). Таҷрибаи таърихӣ, дурустӣ ва алоқамандии чунин ормонҳоро бо ҳаёти воқеӣ исбот кард.

Ангезаи аслии ризоият додан ва расидан ба қудрати сиёсӣ дар мушкилтарин лаҳзаҳои ҳаёти ҷомеа барои Сарвари давлат хизмат ба мардуми кишвар буд. Зеро дар он замони мудҳиши террори ҷисмонӣ ва маънавӣ, қатлу ғорат, бесарусомонӣ, парешонӣ, яъне беқонунӣ касе ҷуръат ва ғайрати ҳокимият карданро надошт. Сиёсатмадорони ботаҷриба худро ба ҳар баҳона канор мегирифтанд. На танҳо қисмати зиёди мамлакат, балки пойтахти он ҳам наметавонист вазифаи конститутсионии худро адо намояд. Ҳадафи аслии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ, ки ҳамзамон сарварии давлатро ба уҳда дошт, пеш аз ҳама, ҳифзи манфиатҳои миллат, халқи азияткашида – оммаи васеи мардум буд. Хотираи некиҳо доимо кӯтоҳ аст. Аммо на танҳо ин насл, балки ҳадди ақал, ҳазор соли дигар набояд ин қаҳрамонии умумимиллӣ фаромӯш гардад. Агар аз лиҳози назариявӣ андешем, новобаста аз ҳаллу фасли мушкилоти рӯзмарра «Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзудааст» (Ҳамон ҷо. −С.4.),ҳамзамон,Ҳукуматтавонистааст, ки сатҳи камбизоатиро ба андозаи 27,5 фоиз паст намояд (Ҳамон ҷо.−С.4).

Маълум аст, ки муҳимтарин масъалаи ҷаҳони мутамаддину пешрафта ва яке аз омилҳои аслии рушду тараққии он таъмини аввалиндараҷаи озодии иқтисодӣ мебошад. Гардиши озоди қувваи корӣ, мол, пул ва хизматрасонӣ хусусиятҳои дохилӣ ва берунӣ – минтақавӣ ва глобалӣ дорад. Кӯшиш ва натиҷаи самараноки сиёсатҳои собитқадамонаи Сарвари давлат доир ба самтҳои муҳимми ба якдигар алоқаманд шароитро барои рушду нумӯи иқтисодиёти мамлакат фароҳам овард.

Меъёрҳои ҳуқуқие, ки чунин муносибатҳоро танзим мекунанд, аз мавзӯъҳои рӯзмарраи Ҳукумати мамлакатанд. Эътимоди соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ ба озодии фаъолият аз ҷумлаи масъалаҳои зикргардида ҳисобида мешавад. Чунин бовар мақсадҳои функсионалии иқтисодиётро, ки системаи ниҳоят мураккаби ҷомеа дониста шудааст, тақвият мебахшад. Дар шароити буҳрони иқтисодӣ замонати ба талаботи иҷтимоии мардум ҷавобгӯро таъмин месозад. Дар Паём вобаста ба ин хулоса ёдрас мешавад: «Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд» (Ҳамон ҷо.−С.4).

Паёми 26-уми декабри соли 2019 идомаи мантиқии назариявӣ ва сиёсати санҷида ва амалан тасдиқгардидаи Пешвои миллат дар давоми се даҳсолаи ахир аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дарназардошти ҳамин ҳадафҳо, дар давраи миёнамуддат чунин вазифагузорӣ мекунад: «Ҳукуматро, ҳамчунин, зарур аст, ки дар 7 соли оянда суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар як сол 7-8 фоиз, афзоиши ҳаҷми онро беш аз 1,8 баробар ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,7 баробар таъмин намуда, ҷиҳати ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 18 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақшаҳои тасдиқгардидаро босифат амалӣ намояд» (Ҳамон ҷо.−С.5).

Дар тамоми давру замон муколама асоси муносибати Ҳукуматро бо мардуми одӣ ташкил мекунад. Чунин робита вақте самаранок мегардад, ки агар ҳокимият дар бораи муҳтавои масъалаҳое, ки мавзӯи доғи ҷомеаанд, маълумоти дақиқ ва тавони ҳаллу фасли онро дошта бошад.

Бурди асосӣ ва муҳимтарин воситае, ки Пешвои миллат дар давоми фаъолияти пурсамари худ тавассути он стратегияи давлатдории хешро амалӣ намудааст, истифодаи ҳамин шакли муносибат мебошад.

Роҳбари давлат қотеона эълон кардааст, ки кафили пешравии ҷомеа соҳибҳунар будани ҳар як узви қобили меҳнати он аст. Барои амалӣ гаштани чунин талабот, дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ тамоми шароитро таъмин ва назорат мекунад.

Он чизе, ки мардумро дар замони қаҳтӣ ва қиматӣ аз гуруснагӣ наҷот дод, «заминҳои президентӣ» буд. Баъди он, ки одамон ба идома доштани ҳаёт итминон пайдо карданд, давраи дуюм − соҳибкории инфиродӣ оғоз гардид. Дар марҳалаи навин асоси микроэкономика гузошта шуд. Мушкилот, монеаҳои табиӣ ва сунъӣ эҷод кардан нисбат ба ин соҳаи иқтисодиётро Роҳбари давлат хуб дарк менамояд. Ҳамзамон, ҳаётан муҳим будани ин соҳаро барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, ҷалби сармояи мардумӣ, бедор кардани ташаббуси афроди созанда ва заҳмати софдилона хуб эҳсос мекунад. Маҳз барои ҳамин бо итминони комил изҳор медорад: «Дар мулоқоте, ки ман бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо доштам, ҷиҳати таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав супориши қатъӣ додам.

Масъулонро зарур аст, ки ҳангоми таҳияи он ҳавасмандсозии истеҳсолкунандагони ватанӣ, боз ҳам содаву оммафаҳм гардонидани маъмурикунонии андоз ва беҳтар кардани фазои сармоягузориро пешбинӣ намоянд. Мо бояд ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, муҳайё созем» (Ҳамон ҷо. −С.5-6).

Таҳлилгарони масъалаҳои иқтисодии дохилӣ ва хориҷӣ он нуктаро барҳақ таъкид карданд, ки Паёми навбатӣ як навъ ҳисоботи номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 дар мавриди амалӣ кардани барномаи интихоботӣ буд. Бешубҳа, ҳангоми таҳлил ва хулосабарории натиҷаҳои тараққиёти иқтисодии мамлакат дар муддати ҳафт соли ахир, ки бо далел ва рақамҳои эътимодбахш асоснок карда шуданд, Роҳбари давлат бо қаноатмандӣ иброз медорад: «Яъне нишондиҳандаҳои дар соли 2013 пешбининамудаи барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол, дар маҷмӯъ, иҷро гардиданд» (Ҳамон ҷо. −С.4).

Тавре хотирнишон гардид, Ҳукумати кишвар яке аз муҳимтарин роҳҳои баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакатро дар рушди воситаҳои истеҳсолот ва муносибатҳои истеҳсолӣ медонад.

Дар ин самт, ба масъалаҳои баланд бардоштани таҷрибаи истеҳсолии одамон, дониш ва малакаи аз худ кардани технологияи нав таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Таъкид мегардад, ки рушди ҷомеа аз дараҷаи тавсеаи воситаҳои истеҳсолот вобаста аст. Аммо пешрафти сифатии воситаҳои истеҳсолот танҳо мафҳуми сирф материалӣ набуда, дар шароити имрӯза зарурати ҳарчӣ бештар такя кардан ба ресурсҳои маънавиро тақозо мекунад. Ба ҳамин хотир, дар Паём таъкид мегардад: «Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад» (Ҳамон ҷо. − С. 4).

Арзишмандтарин хусусияти Паёми Пешвои миллат – донистан, ҳаллу фасл кардани мушкилоти ҷомеа – пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ тавассути илму дониш ва маърифат мебошад.

 

МАВҚЕИ ИЛМУ МАОРИФ

Дар Паём пешрафти минбаъдаи соҳаҳои илму маориф аз вазифаҳои авлавиятдоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст. Масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи махсус доир ба рушди илм, маориф, ба андешаи мо, иборат аз онанд, ки дониш, маърифат пояҳои аслӣ барои таъмини суботи сохти конститутсионӣ, сулҳ ва оромии ҷомеа мебошанд: «Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд» (Ҳамон ҷо. −С. 22).

Суханони Пешвои миллат бо андешаи яке аз бузургтарин донишмандони Юнони Қадим Аристотел мувофиқ афтодааст, ки дувуним ҳазор сол пеш таъкид кардааст: «Гумон аст, касе шубҳа кунад: қонунгузор бояд ба тарбияи ҷавонон аҳамияти фавқулода диҳад. Дар ҷое, ки ин нест (тарбияи ҷавонон −С.Я.), сохти давлатдорӣ зарар мебинад. Тарбия бояд ба ҳар як сохти давлатдорӣ мувофиқат кунад; хислате (муносибат, бархӯрд, арҷ гузоштан −С.Я.), ки ба ҳар як сохти давлатдорӣ мувофиқ аст, одатан, барои ҳимояи он сохт хизмат менамояд» (Аристотель. Политика. – М.: РИПОЛ классик, 2010. −С.535). Дар идомаи сухан ин донишманди бузург таъкид кардааст, ки навъи тарбия навъи давлатдориро тавлид месозад. Ва андешаашро идома дода хотиррасон мекунад: «ҳама вақт характери беҳтарин, сохти (давлатдории) беҳтаринро рӯйи кор меорад» (Ҳамон ҷо. – С. 536).

Бешубҳа, характер ҳам маҳсули тарбия аст. Ин ҳақиқат барои таърих ҳамчун аксиома садо медиҳад. Баъд аз инқилоби Бухоро (1920) душманони сохти давлатдорӣ ва ҷонибдорони давлати феодалии ниҳоят заиф ва ақибмондаи амирони манғит – асосгузорони ҳаракати босмачигарӣ дар падидаи мактаби нав ва омӯзгорон рақибони ҷонии худро медиданд. Бо тамоми ваҳшоният ба қатлу куштори муаллимони ин мактабҳо машғул буданд. Дар таърихи навтарин – замони ҷанги шаҳрвандӣ ва чанд сол муқаддам аз ин ҳодисаҳои мудҳиш, мактабу муаллим ҳадафи аслии муллоҳои мутаассиб буданд. Дар симои дониш, маърифат, ақлгароӣ онҳо фошкунандаи аслии мақсаду маром ва аъмоли зишти худро медиданд.

Бузургии Пешвои муаззам, хиради волои созанда ва ғамхор ба тақдири неки имрӯзу ояндаи миллат мебошад, ки мактаб, донишгоҳ, муассисаҳои илмиро пояи асосии давлатдории миллӣ эълон намудааст.

Ба назар мерасад, ки вобаста ба чунин талабот нисбат ба муҳтавои васоити таълимӣ – китобҳои дарсии мактабҳои ибтидоӣ, миёнаи умумӣ, олӣ ва мавзӯъҳои таҳқиқоти муассисаҳои илмиву таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои гуманитарии Академияи илмҳо аз нигоҳи танқидӣ муносибат кунем. Серталаб бошем. Онҳоро ба талаботи сохти конститутсионӣ – давлати миллӣ, тавъам бо таҷриба ва арзишҳои созандаи дунёи мутамаддин мувофиқ гардонем. Саҳлангорӣ ва муносибати духӯра дар ин маврид ба фоидаи суботи ҷомеа нест ва нахоҳад буд.

Дунявият ҳамчун яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ муқобили дин нест, тавре ки душманони сохти конститутсионӣ аз рӯйи ғараз ва ниятҳои ҳукуматхоҳӣ талқин мекунанд. Ва асли дунявиятро ҳам барои миллати тамаддунофари тоҷик назария ва амалияи сиёсии кишварҳои Ғарб, мисли падидаи нав, таҳмилгардида шуморидан, аз рӯйи адолати илмӣ буда наметавонад.

Тамоми таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик дар мисоли беҳтарин асарҳои илмиву адабӣ, қаҳрамониҳо ба хотири нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, урфу одатҳо ва ҷашнҳои миллӣ, ки дар маҷмӯъ, халқеро бо номи тоҷик, ахиран соҳибдавлат гардонид, маҳз идеяи миллӣ – тоҷикият буд, на назария, идеология ва амалияи сиёсии дигар. Зинда мондани миллат ва забони ӯ дар худ унсури бузурги дунявиятро дорад. Дар акси ҳол, кишвар бояд дар ҳайати ягон хилофат мебуд. Имкони муаррифии худро бо номи Тоҷикистон дар дохил ва дар арсаи байналмилалӣ гум мекард.

Мусаллам аст, ки зуҳуроти органикӣ ва ғайриорганикӣ – табиат, ҷамъият ва тафаккур дар доираи системаҳои муайян арзи ҳастӣ карда метавонанд. Халқ ҳамчун мафҳуми системавӣ ин истилоҳро бо аломатҳои сифатӣ соҳиб мешавад. Дар доираи мафҳуми ҳуқуқии давлат зиндагӣ мекунад. Урфу одат, забон ва маданияти умумӣ дорад. Барои пешрафти доимии ҷомеа манфиатдор аст. Аз табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ иборат мебошад, ки ҳар кадом мақсаду мароми мушаххас доранд. Аммо аслан дар истилоҳи мардум оммаи меҳнаткаш дар назар дошта мешавад. Табақаҳои пешқадами ҷамъият бо он ҳамроҳанд. Ҷузъи тақсимнашавандаи мардумро ташкил мекунанд. Агар нақша, мақсад, маром ва амали онҳо ба рушд, некуаҳволӣ ва беҳбудии мардум созгор бошанд. Барои рушд ва ҳифзи якпорчагии ин сарзамин ҷоннисорӣ кунанд. Намуна бошанд. Бо рафтори худ аксариятро ба ин амал ҳидоят намоянд.

Дар фалсафаи пешқадами Ғарб, вақте мафҳуми миллатро таъриф мекунанд, қисмати муҳим ва аввалини онро «existence of common idеology» (умумияти идеологӣ) − вуҷуд доштани арзишмандӣ, ормон ва самтгирии маънавии ягона медонанд. Худи мафҳуми халқ (миллат) бо аломатҳои номбаршуда маънии дунявиятро ҳамчун ҷузъиёти муайянкунанда дар худ таҷассум мекунад. Ин истилоҳ, дар як вақт, бидуни баҳс энтропияи (истилоҳи мустақиман номбарнашуда, аммо ба эътибор гирифташуда) таърихиятро ҳамчун далели раднопазир, яъне аксиома дар мадди назар дорад. Хулоса, зуҳуроти миллат воқеияти худкифо (selfsufishient) ва падидаи ҷамъиятӣ аст. Ба ақидаи дигар, объекти ба тарзи воқеӣ вуҷуддошта, яъне системаи мустақил мебошад. Ниёз ба дигарон надорад. Бо тамоми аломатҳояш худро ҳифз карда метавонад. Маҷмӯи алоқамандиҳоест, ки на танҳо дастнигари унсури хориҷӣ нест, балки қудрати муаррифии «МАН»-и худро дорад. Аз дигар қувваҳо, таъсирҳои берунӣ, ки худ падидаи муташаккили мақсадноки бегона ҳастанд, дар ҳолати зарурӣ мустақилона канораҷӯӣ мекунад. Инро хештаншиносӣ ва дар маҷмӯъ, худшиносии миллӣ меноманд.

Баръакси ин падидаро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебинем. Афғонистон, Сурия, Ироқ, Тунис, Яман ва баъзе кишварҳои дигар. Воқеаҳои солҳои навадуми асри гузаштаи Тоҷикистон, баъзе рӯйдодҳои хунини таърихи навтарин – кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби ҳизби террористии наҳзат, амалҳои террористии ҳаракати ба ном «Давлати исломӣ».

Ҳамин тариқ, эътироф бояд кард, дар системаи сиёсии миллӣ, ки маҳз ба хотир ва бо номи миллати давлатсоз – тоҷикон бунёд ёфтааст, рахнаи ҷиддӣ вуҷуд дорад. Бо истифода аз заъф қувваҳои зиддитоҷикӣ, зиддимиллӣ, зиддидавлатӣ аз хориҷи мамлакат бо шиорҳои теократӣ, динӣ, ифротӣ вориди ҷомеаи Тоҷикистон шуда, ҳар сари чанд вақт «манзилро хатарнок», «мақсадро баид», «дилҳоро ғамдида», «сарҳоро шӯрида», гулистонро табдил ба «кулбаи эҳзон», ҷомеаро гирифтори «бозиҳои пинҳон» мекунанд. Роҳи ин биёбон бо «сарзанишҳои хори мағелон бепоён» (маъниҳо аз Ҳофиз) хоҳад монд, агар мардум бо гирифтани илм, дониш, маърифат ба асли худ ва моҳияти олами ҳастӣ сарфаҳм нараванд. Ҳадаф аз таъкидҳои гаштаву баргаштаи Пешвои миллат дар масъалаи «дониш талабидану бузургӣ омӯхтан» маҳз аз ҳамин иборат аст.

Пешвои миллат, то он ҷое, ки давлат қудрат ва тавоноӣ дорад, бо ҳазор заҳмату машаққат ба хотири он ки ҳар кас кавкаби бахти худро санҷад, ки толеъ ӯро барои чӣ зодааст (Ҳофиз), шароит фароҳам овардааст. Ин заҳмат ба тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, наслҳои наврас ва ҷавон тааллуқ дорад. Дар ин маврид, дар Паём омадааст: «Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд» (Ҳамон ҷо.−С.22-23).

Муҳаққиқи тарҷумаиҳолии яке аз бузургтарин шахсиятҳои ҷаҳонӣ – Президенти ИМА Теодор Рузвелт ҳангоми тафсири хислатҳои ӯ менависад: «Теодор Рузвелт – сиёсатмадори тавоно, боистеъдод, ба таври худ дурандеш, қудратманд, бо неруи созанда ва устоди муроҷиаткунанда ҳам ба омма ва ҳам ба шахсиятҳои алоҳида мебошад» (А. И. Уткин. Теодор Рузвельт. −М.: Эксмо, 2003. – С. 2).

Мардуми ҳақбини Тоҷикистон ва оламиён шоҳиди чунин тавонмандӣ ва хислатҳои Роҳбари арҷманди давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Дар самтҳое, ки барои соҳибкорон дар шароити миёнамуддат наметавонанд судманд бошанд, аммо барои имрӯз ва ояндаи миллат чунин иқдом ҳаётан муҳим, тақдирсоз ва бунёдӣ ҳастанд, маҳз ба хотири арзишмандии суханҳои Пешвои миллат онҳо омодаанд, ки имконоти моддӣ ва маънавии худро сафарбар созанд. Чунки худро як тани ҳамин миллат мешуморанд. Бо амали хеш дастгири сиёсати ободгарона ва маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Оид ба дастгирии садоқатмандонаи фарзандони миллат Сарвари давлат бо қаноатмандӣ ва ифтихори бузург хотиррасон мекунад: «Аз ин шумора (сохтмони мактабҳо, муассисаҳои таълимӣ − С. Я.) 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст» (Ҳамон ҷо. −С.23).

Чунин олиҳимматӣ, натиҷаи обрӯ, эътибор, таъсири бевоситаи сифатҳои олии шахсияти бузурги Роҳбари давлат ба қишрҳои фаъоли аҳолӣ дар мушкилтарин ҷабҳаҳои бунёди давлати миллӣ мебошад.

Садоқатмандӣ ва эътиқоди бепоёни ӯ ба халқ, собитқадамӣ дар роҳи иҷрои паймон, истодагарӣ дар роҳи пешгирифта, таъмини сулҳ, ваҳдат, рушди устувори миллӣ, сарфи назар аз мушкилот, таҳдид ва хатарҳои ҷонӣ, омилҳои аслии хештаншиносӣ ва худшиносии миллии қишрҳои асосии ҷомеа гардид. Ҳаммаром будани иқдомҳои Пешвои миллат бо ормонҳои мардум ба иҷро гаштани нақшаҳои барои мамлакат созгор такони ҷиддӣ бахшиданд.

Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки муассисаҳои таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам дар сатҳи таҳсилоти миёна ва ҳам олӣ дар асоси беҳтарин меъёрҳои байналмилалӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Пешбинии раванди тараққиёт ва талаботи рӯзафзуни ҷомеа дар алоқамандӣ бо афзоиши аҳолӣ, беҳтар намудани шароити рӯзгори одамон, тибқи ниёзҳои иҷтимоии замона торафт баланд бурдани сатҳи зиндагии омма аз нақшаҳои марказии роҳбарияти сиёсии мамлакат мебошад.

Соҳаи маориф, дар ин маврид, мавқеи майянкунандагиро касб кардааст. Вобаста ба ин, Роҳбари давлат иброз медорад: «Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

То ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад» (Ҳамон ҷо. −С.23).

Тавре хотирнишон гардид, Пешвои миллат дар самти амалӣ сохтани мақсадҳои стратегии худ аз дастгирии оммаи мардум, алалхусус, соҳибкорон ба навъи аҳсан бархӯрдор аст. Аз ин лиҳоз, бо қаноатмандӣ аз саховатмандии онон иброз медорад: «Ман аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон ба кулли мардуми кишвар, аз ҷумла ба ҳамаи соҳибкорони ватаниву бурунмарзиамон ва дигар шахсони ҳимматбаланд, ки дар амалӣ шудани Амри Роҳбари давлат дар бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои маориф ва фарҳангу тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хатҳои обрасонӣ ва дигар корҳои хайр саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям» (Ҳамон ҷо. −С.23).

Чунин муносибати одилона, изҳори эътиқодмандӣ, арзи сипос аз ҷониби Пешвои миллат нисбат ба самараи меҳнати соҳибкорон, ҳамватанони моро рӯҳбаланд ва барои боз ҳам фаъолтар ширкат варзидан дар раванди созандагии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд. Дастгирии ташаббусҳои ватанхоҳона, арҷгузорӣ нисбат ба заҳмати шабонарӯзии пешоҳангони давлати соҳибистиқлол муҳимтарин омили ташвиқу тарғиби ҷавонон ва оммаи мардум ба хизмат ва садоқат ба Ватан мебошад.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КИТОБХОНАҲОРО БА МАРКАЗИ ИЛМУ ФАРҲАНГ ТАБДИЛ ДИҲЕМ

КИТОБХОНАҲОРО БА МАРКАЗИ ИЛМУ ФАРҲАНГ ТАБДИЛ ДИҲЕМ

Фарҳанг ва адабиёт

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ - ТАВСИЯДИҲАНДАИ РОҲИ НЕК

Маориф ва илм, Номаҳои Шумо

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ДАВЛАТ

Сиёсат

Паём моро ба зиндагии осоишта роҳнамоӣ менамояд

Номаҳои Шумо
Роҳнамо ба сӯйи фардо

Роҳнамо ба сӯйи фардо

Номаҳои Шумо