Дар як сатр
» » МАРДВОР МЕСӮЗАДУ МЕСОЗАД

МАРДВОР МЕСӮЗАДУ МЕСОЗАД

28-01-2020, 04:27

Ӯ бори 307-ум мешавад, ки ба зиёрати оромгоҳи ҳамсараш роҳсипор аст. Чун ҳамеша аз 45 километр масофа барои обёрии ниҳолу гулбуттаҳои манзили охирати ҳамсари азизаш дар зарфҳои калон об мебурд. Аз 6-уми марти соли 2014, ки ҳамсафари ҳаётиашро аз даст дод, ҳар ҳафта субҳи барвақт аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сӯи қабристони мавзеи Ғаллаободи ноҳияи Хуросон роҳ пеш мегирад. Андешаи ободу сарсабзии гӯри ҳамсараш бо амри дил аст, ки пирамард хараҷу мараҷи ин масири дурдаст ва бо машаққати пиёдаву савора кашонидани зарфҳои бузурги обро эҳсос намекунад.

Дарахтони сарсабзу гӯри гулафшони як гӯшаи қабристони оммавии деҳаи Ғаллаобод аз меҳру муҳаббати бепоёни як марди асил нисбат ба бонуи зиндаёде шаҳодат медиҳад, ки давоми қариб ним асри оиладорӣ чӣ гуна хушбахту ошиқона умри ширину пурбаракатеро паси сар намудаанд. Вай саргузашти оилавии худро ба қиссаи «Тоҳиру Зуҳро» ва дигар достонҳои романтикӣ шабоҳат дода, садоқату вафодорӣ ва сабру таҳаммулпазирӣ дар нишеманҳои ҳаётро мояи хушбахтию саодати инсон мешуморад.

- Дар чорсолагӣ аз модар ятим монда, 10 сола будам, ки қиблагоҳам низ аз дунё реҳлат карданд. Дар хонаи бародар ба воя расида, хизмати ҳарбиро дар кишвари Литва адо намудам. Соли 1960 оилаи моро ба ноҳияи А. Ҷомӣ муҳоҷир карданд. Ман ҳам баъди адои хизмат ба ин ҷо омадам. Омӯзишгоҳи касбҳои техникии №37-и ноҳияро хатм намуда, ба ҳайси челонгар ба фаъолият пардохтам. То соли 1967 касби челонгариро пеш бурда, аз баракати музди заҳматам молу маблағе ҷамъ намудам, то ин ки оиладор шавам. Бо амри тақдир бону Қурбонгулро, ки дар рӯзномаи ноҳиявӣ кор мекард, вохӯрдаму баъди чанде бародарам ба хонаи онҳо хостгорӣ рафт, - буғзи гиря дар гулӯ қисса мекард мусоҳибам.

Ҳаёти оилавии мо, ту гуфтӣ, хоби ширине буд, ки ба миқдори як мижа задан паси сар шуд. Тавре худ иқрор медорад, зиндагӣ баҳонае буд барои дарёфти маҳбуби қалбаш, ки давоми 47 соли ҳаёти ширину афсонавӣ бо ӯ, худро хушбахттарин инсони рӯи олам медонист. Акнун, фироқи ҷудоӣ аз ҳамқадами ҳаётро имтиҳони ҳаёт дониста, дар тӯли солҳои баъди марги завҷааш ҳама ҳастии худро ба хайру накӯкорӣ ва расонидани кумак ба эҳтиёҷмандон бахшидааст. Аз ин пас, зиндагӣ барояш як маънӣ дорад, дар ёди завҷааш зистану бо хайру накӯкорӣ орзуву ормонҳои ӯро амалӣ намудан. Охир, шодравон, ҳамсараш ободии диёру беҳбудии шароити зиндагии мардумро орзу ва мадади беғаразона ба ҳамсоягону эҳтиёҷмандонро рисолати ҳаётии худ мешуморид.

-Дар хонаводаи пурфайзу саршор аз меҳру муҳаббати онҳо панҷ фарзанд ба дунё омада, дар рӯҳияи инсондӯстию ҳисси ифтихор аз арзишҳои миллату ватандорӣ ба камол расида, имрӯз пайи кору рӯзгори хешанд.

Сафармаҳмади Хӯҷаназар, ки баъди зиёрати хонаи Худо хайру саховатмандиро пеша намуда буд, ҳар сол аз даромади ҳосили ангурбоғи наздиҳавлигиаш ба пиронсолону ниёзмандон кумакҳои пулию молӣ мерасонид. Соли 2013 замоне, ки ҳамсараш дар қайди ҳаёт буд, онҳо аз ҳисоби пасандозҳои оила барои таъмини оби ошомидании наздики 100 оилаи кӯчаи Лоҳутии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иқдом намуданд. Инак, чанд сол мешавад, ки ҳамсояву сокинони маҳаллаҳои атроф бо оби нушокӣ таъмин буда, маблағи истифодаи обу неруи барқи ин нуқтаи обкаширо Ҳоҷӣ Сафармаҳмад мепардозад.

- Ҳамсарам Қурбонгул аз ҳар иқдоми хайрхоҳонаамон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри беҳбудии шароити зиндагии атрофиён ва дастгирии эҳтиёҷмандон орзуву ормонҳои зиёд дошт,- ба хотир меорад сифатҳои неки ҳамсарашро. – Мо, ки ваъдаи ба зиёрати хонаи Худо фиристодани ӯро доштем, баъди ҷамъ шудани пасандози кифоя хостам аз номи ҳамсарам, ки аз ин олам гузашта, ба ҷовидон пайваста буд, фарзи ҳаҷро адо намоям. Аммо дар он шабу рӯз Қурбонгулро се маротиба дар хоб дида, баъди тафсиру тадбирандешӣ ба хулосае омадам, ки маблағи ҷамъ намудаамро, аз номи ҳамсарам ба беморону ниёзмандон хайр мекунам. Ҳамин тавр, баъди ба 240 нафар сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон тақсим намудани кумакпулиҳо қалбам ором гирифту ба худ гуфтам: «Ба ростӣ, агар Қурбонгул зинда мебуд, ба ҷойи ҳаҷ чунин ташаббус нишон медод».

Ба синну сол ва шикасту рехти зиндагӣ нигоҳ накарда, ин марди пурдил дар зиндагӣ хушбин аст. Худро хушбахту саодатманд мешуморад, ки замоне аз суҳбату маҳфилҳои дилнишини Лоиқ Шералӣ, Отахон Латифӣ ва дигар адибону зиёиёни кишвар баҳравар гардидааст. Ӯ оҳи пурдарде кашида, аз ҷайб дафтари шеърҳои эҷоднамудаашро бароварда, қироат мекунад:

Рафт солҳо дӯстон, Лоиқ намеояд

дигар

Шуд қалби миллат хунчакон, Лоиқ

намеояд дигар.

Юсуф раҳо аз чоҳ шуд, омад ба Канъон

оқибат

Аммо дареғо сад фиғон, Лоиқ намеояд

дигар.

Кӯҳпораҳои Оби гарм андар сукут,

андар газанд

Дар ғам бимонд дашту даман, Лоиқ

намеояд дигар.

Ҷайҳун талотум мекунад, худро ҳаме

гум мекунад,

Дар мотами ин хушбаён, Лоиқ намеояд

дигар.

Аз шеърҳои пуралам оҷиз монд илму

қалам,

Бе Лоиқи ширинзабон, лоиқ намеояд

дигар.

Рафт он фурӯғи анҷуман, рафт

қиммати лафзу сухан,

Боғи маонӣ шуд хазон, Лоиқ намеояд

дигар

Лоиқ намеояд дигар, Лоиқ намеояд дигар.

Ӯ аз алами ёри рафтаву ҳам дар мавриди ояндаи насли наврас гуфтаниҳои зиёд дорад. Аммо маҳдудияти вақтро пеш оварда, идомаи суҳбатро ба гоҳи дигар мегузорад. «Фардо ба зиёрати манзили охирати ҳамсарам меравам. То фардо ҳар соату ҳар нафаси охири умрамро бесаброна интизорӣ мекашам, ӯро бисёр пазмон шудаам», - гӯён мӯйсафед гирён шуд.

Зимни хайрбодӣ ба чеҳраи барҷаставу нуронӣ ва чашмони аз ашк нуқрабори мӯйсафеди 77 сола нигариста, кас иқрор меояд, ки ҳанӯзам ишқи поку муҳаббати беолоиш дар замири инсонҳо побарҷост. Пирамарде, ки бо қиссаҳои дилангезу зиндагии ошиқонааш таассуроти зиёдеро дар афкори мо гузошту рафт, нишони ҷовидонаи ошиқи дилсӯхтаеро дошт, ки ба хотири ёду ёддоштҳои султони қалбаш мардвор месӯзаду месозад, ё ба қавле зиндагонӣ мекунад.

Ҷамолиддин Сайфиддинов


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кибрияхон: «ЗАМИН МУ Т ТАКОИ МАНУ ДАҲ ФАРЗАНДАМ ШУД»

Кибрияхон: «ЗАМИН МУ Т ТАКОИ МАНУ ДАҲ ФАРЗАНДАМ ШУД»

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ
Ёдат ба хайр, марди Худо!

Ёдат ба хайр, марди Худо!

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, АСАЛМО САФАРОВА, САТТОР ҚАРАХОНОВ
Ёде аз ҷавониҳои Лоиқ

Ёде аз ҷавониҳои Лоиқ

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Фидоии забони модарӣ

Фидоии забони модарӣ

Фарҳанг ва адабиёт

"Модарамро ёд кардам" - мегӯяд момои Ҳуснигул

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо