Дар як сатр
» » КОРРУПСИЯ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

КОРРУПСИЯ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

28-01-2020, 04:24

Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароити фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон

Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ, омӯзиши ҷиддӣ ва мунтазам, муносибати махсус, муқобилияти комплексӣ ва оперативиро талаб менамояд. Ин зуҳуроти номатлубро мо дар самтҳои гуногуни фаъолияти инсон: илм, фарҳанг, бонкдорӣ, хариду фурӯши коғазҳои қиматнок, молия, хоҷагидорӣ ва ҳатто варзиш мушоҳида мекунем. Ҳанӯз якчанд аср қабл мутафаккири бузург Ш. Л. Монтеские гуфта буд: «Дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мегардад». Бинобар ин, барои решакан намудани коррупсия тамоми кӯшишро ба харҷ бояд диҳем.

Имрӯз ин мушкилот дар кишвари мо низ мушоҳида мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала бетараф набуда, ҳанӯз аз давраи аввали пайдоиши он 25 июли соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро қабул намуд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007 таҳти №143 "Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис ёфт. Ниҳоди мазкур мақомоти ваколатдори назоратӣ, давлатӣ, молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ, барои таъмини амнияти иқтисоди давлат бо роҳҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои кор-рупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқӣ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин, дигар вазифаҳоеро, ки қонуну дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамоянд. Ҳамчунин, аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуда, зери таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат қарор дорад. Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Соли 2003 Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи зидди коррупсияро қабул намуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, 25 сентябри соли 2006 ба ин санади байналмилалӣ ҳамроҳ гардид. Ин санадҳои дохиливу байналмилалӣ тавонис-таанд садди роҳи ин зуҳуроти хатарборро ба андозае гиранд. Амалҳои коррупсионӣ, асосан, бештар дар байни кормандони давлатӣ ва шахсони мансабдор ба вуқӯъ мепайвандад. Онҳо аз ваколатҳои хизматӣ истифода бурда, амалҳои ғайриқонунӣ содир мекарданд. Амалҳои коррупсиониро, ҳамчунин, амалҳои «фасод», «ришва», «пораситонӣ», «судхӯрӣ», «хушомад задан» низ мегӯянд.

Роҳбарияти давлат дар роҳи решакан ва пурра несту нобуд кардани фасод дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намуда, тамоми тадбирҳоро амалӣ карда истодааст.

Коррупсия аз рӯи бахшҳои паҳншавиаш дар бахши давлатӣ ва хусусӣ ба вуқӯъ меояд. Коррупсия дар бахши давлатӣ кирдорҳои коррупсионии шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳа, муассисаҳо, ташкилот ва корхонаҳои давлатиро дарбар мегирад.

Коррупсия дар бахши хусусӣ аз он лиҳоз ҷой дошта метавонад, ки хизматчиёни ташкилоти тиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ захираҳои шахсан ба онҳо тааллуқдоштаро ихтиёрдорӣ намуда, имконият дорад ин ваколатҳоро ба манфиати шахсӣ бар зарари ин ташкилот истифода барад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки коррупсия бояд дар қонунгузории ҷиноӣ ва маъмурӣ ба таври пурра ҷой дода шуда бошад. Зеро ҳолатҳои коррупсионие дида мешаванд, ки ба ҷазои ҷиноӣ рост наомада, барои ин гуна ашхос ҷазои маъмурӣ таъйин намуда, аз вазифаи хизматӣ озод карда мешаванд.

Дар ҷомеаи мо аз ҳама ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ин додани пора, гирифтани пора ва дигар ҷиноятҳое, ки ба муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизматӣ дохил мешаванд, содир мегардад. Барои решакан намудани коррупсия мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Меҳрубони Ҷумъа,

муалими кафедраи фанҳои умумитахассусии

коллеҷи милитсия,

М. Каримов,

Ҷ. Ҷамшед,

курсантон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАГОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ

МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАГОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ

Ҳуқуқу амният

МУЛОҚОТ ОИД БА ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ

Хабарҳо
Дар муборизаи зидди коррупсия бетарафӣ нашояд

Дар муборизаи зидди коррупсия бетарафӣ нашояд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем

Дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист

Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР