Дар як сатр
» » Кибрияхон: «ЗАМИН МУ Т ТАКОИ МАНУ ДАҲ ФАРЗАНДАМ ШУД»

Кибрияхон: «ЗАМИН МУ Т ТАКОИ МАНУ ДАҲ ФАРЗАНДАМ ШУД»

28-01-2020, 04:21

Достони зане, ки бо пули деҳқонӣ даҳ фарзандро дар танҳоӣ ба камол расонд, даҳҳо зани деҳотии дигарро бо кор таъмин кард ва ба орзуҳои худ ҷомаи амал пӯшонид

Кибрияхон Сафарова, сокини 66-солаи деҳаи Шаҳдрези Ҷамоати деҳоти «Ҷиликӯл»-и ноҳияи Дӯстӣ, модари даҳ фарзанд мебошад. Ин модари муштипар нуҳ писар ва як духтарро бе падар дар рӯҳияи меҳнатдӯстию ватанпарастӣ ба воя расонидааст.

Замоне, ки ҳамсари бовафояш бояд дар бараш рост мебуд, қисмат ӯро сияҳбахт намуд. Аммо Кибрияхон, ки бо даҳ фарзанд танҳо монда буд, бояд барои азизонаш ҳам модар мешуду ҳам падар.

Кибрияхон аз қисмат нанолид, баръакс, ба доду нододи Худованд шукр гуфту дар андешаи бо нони ҳалол ба камол расонидани фарзандон шуд. Зеро даҳ фарзандро хӯрондану пӯшондан ва дар шароити деҳот ба воя расондани онҳо барои як ҷавонзани шаҳрӣ чандон осон набуд. Кибрияхон азбаски дар шаҳр ба камол расида буд, кори деҳқониро дуруст сарфаҳм намерафт. Аммо дар рустое, ки ӯ зиндагӣ мекард, ба ҷуз замин дигар чизе мушкилкушои рӯзгори ӯ шуда наметавонист.

Кибрияхон ишқу муҳаббати худро ба замин бахшид. Замин барои ӯ ва фарзандонаш ҳамдарду такягоҳ гардид. «Ҳар субҳ баъди намози бомдод то як маротиба рафта атрофи замин ва зери дарахтони парваришкардаам гардиш накунам, худро сабук ҳис намекунам. Зан аввалин шуда субҳ вақте чашм мекушояд, чеҳраи ҳамсарашро мебинад. Аммо ман баъд аз даргузашти нобаҳангоми шавҳарам заминро муттакои хеш донистам», - мегӯяд Кибрияхон Сафарова.

Кибрияхон аз соли 2007 инҷониб ба кишоварзӣ машғул аст. Аввал маҳораташро дар замини наздиҳавлигӣ санҷид, сипас корро дар ҳафт гектар замин оғоз намуда, дар фурсати кӯтоҳ масоҳати замини деҳқониашро ба 15 гектар расонид. Дар кори замин аз рӯзҳои аввал дастёру кумак-расони ин зани қавиирода нуҳ писар, баъдан келину набераҳояш шуданд. Гарчанде ӯ фарзандонро аз сабабинадоштани имкону шароит соҳибилм карда натавонист, вале онҳо ҳамагӣ бо тарбияи модар меҳнатдӯсту соҳибкасб шуданд. Кӯшиш кард, ки мисли худаш заминро дӯст доранду соҳиби нони ҳалол шаванд.

- Аз рӯзе, ки ба деҳқонӣ машғул шудам, гандуму шолиро ба нуҳ оила аз ҳисоби меҳнати худамон таъмин менамоям, - мегӯяд Кибрияхон. - Ягон ваҷаби замини 15 гектараи ман холӣ намемонад. Дар як гектараш зиёда аз 150 бех дарахти анор, сад дарахти бодом, сад дарахти шафтолу, дар 2 гектар шолӣ, дар 2,5 гектар гандум ва нуҳ гектари қисмати асосиаш ҳамасола пахта кишт мекунам.

Ҳоло дар хоҷагии деҳқоние, ки Киб-рияхон роҳбариашро ба уҳда дорад, на танҳо фарзандону ақрабояш, балки даҳҳо нафар бонувони дигари деҳот бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин гардида, рӯзгорашонро пеш мебаранд.

Сирру асрори нигоҳубини ҳар як дарахту ҳар гӯшаи заминашро ба хубӣ медонад. Аз рӯзи ба замин пошидан то ғундоштани ҳосилро назорат карда, вақту соати муайянро ба фарзандон мегӯяд. «Ҳуҷҷати замин то имрӯз дар дасти худам аст. Тамоми ҳисобу китоб ва сарфу ҳарҷу фоидаро ҳисоб карда, андози заминро ҳам худам месупорам», - иброз дошт Кибрияхон Сафарова.

Ба андешаи ин зани меҳнатдӯст замин гарчанде забони гуфтор надорад, аммо он ҳам ҳаққашро гирифтан мехоҳад. Ҳаққи замин андоз ҳисоб мешавад. Борҳо мушоҳида кардааст, ки ҳар вақте андозро бе ягон мушкилӣ сари вақт супорад, он сол замин ҳосили хуб медиҳад ва агар дертар супорад он мавсим ҳосили дилхоҳ ба даст намеояд. Аз ҳамин хотир, тӯли 12 соле, ки роҳбари хоҷагии деҳқонӣ мебошад, аввал андозро супурда, баъдан киштукорро оғоз мебахшад, то ин ки ҳосили фаровон бардорад.

Сирри дигари пешравии кори ин зан дар он аст, ки тавонистааст аҳли ин оилаи бузург-ро бо ҳамдигар тифоқу соҳибэҳтиром гардонад. Панҷ писарро соҳиби хонаи алоҳида ва чаҳори дигар бо келину набераҳо дар якҷоягӣ зиндагӣ мекунанд. Кибрияхон ба ин назар аст, ки ба келинҳо дар кору бор набояд фишор овард ва беҳудагӯӣ кард.

- Онҳо ҷавонанд ва баъзан мешавад, ки ба табъи дилатон корро иҷро намекунанд, - мегӯяд Кибрияхон. - Ман вақте асабонӣ шавам, зуд ба замин медароям, бо замин гуфтугӯ карда, сабукӣ эҳсос мекунам. Дар хонаводаи бузурги мо ҳама корҳоро тақсим кардаем. Масалан, агар имрӯз келини калонӣ ба замин барои кумак равад, дигарӣ хӯроку сеюмӣ нон мепазад ва фардо бошад, баръакс. Нафари дар хонабуда ба кори замин машғул мешаваду дигарӣ ба кору бори хона андармон мешавад. Бо ин роҳ ман фикр мекунам, ки ҳам кор пеш меравад, ҳам нофаҳмӣ ба миён намеояд ва ҳам келинҳо хаста намешаванд. Шояд натиҷаи ҳамин аст, ки то имрӯз байни келинҳо баҳсро намебинам. Дар мавриди саломатии онҳо ва таъмини сару либосашон онҳо озоданд. То имрӯз ман нуҳ келинро ба ҷуз аёдати волидонашон ба ягон мақсад ба хонаи волидайнашон намефиристам. Кӯшиш мекунам, агар саломатиашон хуб набошад, дар хонаи худ табобат гиранд, зеро солимии онҳо сарчашмаи ободи хонадон ва оромии фарзандони ман аст. Шояд ҳамин муносибатам аст, ки келинҳо, гарчанде хонаи алоҳида доранд, ҳар рӯз ба ҳавлии ман ба дидорбинӣ меоянд.

Назди ҳавлии Кибрияхон оҳанпораҳои зиёд ва як трактори куҳна меистад. Маълум шуд, ки фарзандонаш устои моҳиранд ва бо пайваст кардани ин қисмҳои эҳтиётӣ тракторро ба кор андохта, ба модар кумак мерасонанд. Кибрияхон мегӯяд, ки ҳар чизе ки бо заҳмати ӯву фарзандонаш ба даст меояд, кӯшиш мекунад онро баробар, яъне ба нуҳ қисм тақсим намояд. Аз ҳезуми дарахтону ғӯзапоя сар карда, то алафи чорво, аз меваю бодом, то шолию гандумро барои таъмини рӯзгорашон миёни фарзандон баробар тақсим мекунад, то ин ки байни бародарон ягон нофаҳмӣ сар назанад.

- Муҳимтар аз ҳама, сад шукр, ки ин даҳ фарзанд бо ҳамсаронашон эҳтироми маро ба ҷо меоранд, - хулоса мекунад Кибрияхон Сафарова. - Барои ман, зиёрати хонаи Худо орзуи дерина буд, ки ба он мушарраф гардидам. Дигар ҳар талоше мекунам, барои ободии ватан ва беҳбудии зиндагии фарзандонам равона хоҳад шуд.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Даҳ зани ҳунарманд дар як хонавода

Даҳ зани ҳунарманд дар як хонавода

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Бароҳат роҳати зиндагиро аз замин дидааст

Бароҳат роҳати зиндагиро аз замин дидааст

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Замин ҳам ном медиҳаду ҳам нон

Замин ҳам ном медиҳаду ҳам нон

Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
М. Сафаров: “Мекӯшем, ки ягон ваҷаб замин холӣ намонад”

М. Сафаров: “Мекӯшем, ки ягон ваҷаб замин холӣ намонад”

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Ҷумъагелдӣ – осебшинос, анорпарвар, пахтакор

Ҷумъагелдӣ – осебшинос, анорпарвар, пахтакор

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Номаҳои Шумо