Дар як сатр
» » ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНӢ

ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНӢ

28-01-2020, 04:20

Ба истиболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёриён, варзишгарон дар қалъаи "Мир”-и ноҳияи Балҷувон, ҷиҳати сабзу зебо гардонидани атрофи он фаъолона иштирок намуданд.

Сокинони ноҳияи Балҷувон низ баҳри иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» ва вусъат бахшидани ниҳолшинонӣ корҳои агротехникиро бомаром идома медиҳанд.

Дар ин бора, Бобохон Шарипов, мутахассисии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия хабар дода, аз ҷумла, қайд намуд, ки сокинон ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи боғпарварӣ диққати махсус зоҳир намуда, баҳри бун-ёди боғҳои ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ аз шароиту имкониятҳои зарурӣ истифода мебаранд.

Дар шароити Тоҷикистон, асосан, се давраи ниҳолшинонӣ: тирамоҳ, зимистон ва аввали баҳор мавҷуд аст. Дар давраи зимистон ниҳол бештар дар он ноҳияҳое, ки ҳарорати муътадил доранд, шинонида мешавад.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҲАШАРИ УМУМИШАҲРӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Д ...

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Д ...

Ҳокимияти давлатӣ

БУНЁДИ «БОҒИ ҶАВОНОН» ДАР ҚУБОДИЁН

Хабарҳо

Балҷувон:Боғҳои куҳна барқарор мешаванд

Арсаи кишоварзӣ
Рекорд дар Шаҳритус. 65 ҳазор ниҳол шинонида шуд

Рекорд дар Шаҳритус. 65 ҳазор ниҳол шинонида шуд

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА