Дар як сатр
» » ҚУБОДИЁН БА ПАРВАРИШИ САБЗАВОТУ ҒАЛЛАДОНАГӢ МУСОИД АСТ

ҚУБОДИЁН БА ПАРВАРИШИ САБЗАВОТУ ҒАЛЛАДОНАГӢ МУСОИД АСТ

28-01-2020, 04:20

Соли 2020 масоҳати кишти пунбадона дар ноҳияи Қубодиён ба 7574 гектар расонида мешавад. Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии ноҳия соли гузашта аз майдони 7500 гектар 17 ҳазору 386 тонна пахта ҷамъоварӣ гардида, нақшаи дурнамо барзиёд иҷро шуд.

Ба гуфтаи Зулфиқор Мусурмонов, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Қубодиён, зиёд намудани масоҳати кишти пунбадона, ба дурнамои вилояти Хатлон бобати афзалият ба соҳаи пахтакорӣ иртибот дорад. Дар баробари ин иқлими минтақа бештар барои рушди соҳаи пахтакорӣ ва парвариши сабзавоту ғалладонагӣ мутобиқ аст.

- Дар ноҳия 1614 гектар боғҳои мевадиҳанда аз қабили зардолу, бодому олу, чаҳормағзу дигар дарахтони мевадиҳанда парвариш меёбанд. Аммо ба гуфтаи З. Мусурмонов аз сабаби кам будани намнокии заминҳои ҳудуди ноҳия, имкон нест, ки масоҳати боғҳои мевадиҳанда минбаъд зиёд карда мешавад.

Тибқи маълумоти манбаъ дар ноҳия 2535 хоҷагии деҳқонӣ ва ду хоҷагии тухмипарварию чорвопарварӣ арзи вуҷуд доранд, ки масоҳати кишти зироатҳои кишоварзии онҳо ба 12 ҳазору 160 гектар мерасад. Деҳқонони ноҳия азм доранд, соли равон дар 2167 гектар ғалладонагӣ, 900 гектар сабзавот, 485 гектар полезӣ ва 7574 гектар кишти пахта ва дигар зироатҳои кишоварзиро ба роҳ монанд.

Ҷ. Сайфиддин


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

МАЙДОНИ КИШТИ ПУНБАДОНА ЗИЁД МЕШАВАД

Арсаи кишоварзӣ

Ҷайҳун. Азми истеҳсоли 3,5 ҳазор тонна лимӯ ва 33000 тонна сабзӣ

Арсаи кишоварзӣ
Дӯстӣ. Кишоварзон тухмиҳои хушсифатро кишт мекунанд

Дӯстӣ. Кишоварзон тухмиҳои хушсифатро кишт мекунанд

Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кишти пахтаву зироатҳои дигар бомаром ҷараён дорад

Кишти пахтаву зироатҳои дигар бомаром ҷараён дорад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА