Дар як сатр
» » ВАХШ. ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ СОКИНОН ИМКОНПАЗИР АСТ

ВАХШ. ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ СОКИНОН ИМКОНПАЗИР АСТ

28-01-2020, 04:18

Дар доираи иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” давоми соли гузашта зиёда аз 1743 нафар сокинони ноҳияи Вахш барои ҳалли масоили гуногуни иҷтимоӣ ба раиси ноҳия муроҷиат кардаанд.

Бинобар маълумоти шуъбаи умумии назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Вахш қариб 60 дарсади муроҷиаткунандагон сокиноне мебошанд, ки ба замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷ доранд. Дар баробари норасоии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ мардум дар рӯзи қабули раиси ноҳия масъалаҳои хусусигардонии амвол ва ҳуҷҷатгузории иншооти навбунёд, кумакҳои гуногуни иҷтимоӣ ва дигар мушкилиҳои иҷтимоиро матраҳ намудаанд.

Тибқи муқаррарот, ҳафтае ду маротиба раиси ноҳия муроҷиати сокинонро гӯш мекунад, шанбеи ҳафтаи сипаришуда 51 нафар сокинони ноҳияи Вахш дар рӯзи қабули раис ҳузур доштанд, ки аксарияти онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Тавре зимни мулоқот бо сокинон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов изҳор дошт, ҳалли аксарияти мушкилоти шаҳрвандон дар сатҳи ҷамоати шаҳраку деҳот ва ноҳия имконпазир аст. Бинобар ин, агар роҳбарони мақомоти мазкур дар самти қабули муроҷиати шаҳрвандон масъулиятшинос бошанд, барои ба мақомоти болоӣ муроҷиат намудани мардум зарурат намемонад. Вобаста ба зиёд шудани муроҷиати сокинон ба қитъаҳои наздиҳавлигӣ ноҳия ба мақомоти болоӣ муроҷиат намуда, умед дорем, ки дар оянда ин мушкилӣ ҳалли худро меёбад.

Ҳ. АБДУРАҲИМЗОДА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ МАРДУМ ДАР МАДДИ АВВАЛ МЕИСТАД

Ҳаёти иҷтимоӣ
РАИСИ ВИЛОЯТ: «ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ МАРДУМ  ВАЗИФАИ ҶОНИИ МОСТ»

РАИСИ ВИЛОЯТ: «ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ МАРДУМ ВАЗИФАИ ҶОНИИ МОСТ»

Ҳокимияти давлатӣ
Баррасии муроҷиатҳо-омили пешравӣ

Баррасии муроҷиатҳо-омили пешравӣ

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Номаҳои Шумо
Балҷувон. Қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят

Балҷувон. Қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Муъминобод: Қабули сайёри раиси вилоят

Муъминобод: Қабули сайёри раиси вилоят

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА