Дар як сатр
» » ПЕШБАРИИ НОМЗАД БА ВАКИЛӢ

ПЕШБАРИИ НОМЗАД БА ВАКИЛӢ

28-01-2020, 04:07

Конференсияи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ баргузор гардид, ки дар кори онраиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода иштирок дошт. Мавзӯи асосии конференсия пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботи якмандатии Ҳамадонӣ №35-ро дар бар мегирифт.

Бино ба иттилои маркази матбуотии раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар конференсияи муштарак ба номзадии вакили кунунии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев барои даъвати нав пешниҳод карда шуд.

Узви Раёсати КИМ ҲХДТ Фаттоҳзода Саймурод Самад баромад намуда, доир ба тарҷумаи ҳол ва фаъолияти самарабахшу ҳаёти ҷамъиятии Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар муфассал маълумот дод. Аз ҷумла, иброз дошт, ки тӯли панҷ соли даъвати гузашта Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович худро вакили воқеии мардумӣ нишон дода, дар ҳамаи вохӯриҳо бо интихобкунандагон аз мушкилоти мардум огаҳӣ ёфта, дар ҳалли онҳо бевосита саҳм мегирифт.

Аз рӯи ҳамин масъала Сайидамир Вализода, узви ҲХДТ, Адолатов Хуршед, ҷонишини директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Восеъ, Тағоева Дилшода, директори МТМУ № 49-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, баромад карда, дар бораи фаъолияти номзад ба вакилии Ҳаёт Одинаев ибрози андеша намуданд.

Дар давоми фаъолияти вакилӣ Ҳаёт Одинаев 6 маротиба барои хонандагони мактабҳои ҳудуди ҳавзаи интихоботии Ҳамадонӣ №35, тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ дар ҳаҷми зиёда 150 ҳазор сомонӣ кумак кардааст. Ҳудуди 13 ҳазору 200 сомонӣ ба маъюбони Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони "Равонбахш"-и Ҷамоати деҳоти "Даштигуло”, зиёда аз 5 тонна семент барои бунёди бино дар Беморхонаи марказии ноҳия ва бинои маъмурии КИ ҲХДТ саҳм гузоштааст. Дар асоси муроҷиати расмӣ ва дархости вакилӣ дар ҳамин деҳа барои 640 нафар мактаби замонавӣ бо толори варзишӣ сохта истодаанд, зеро дар мактаби деҳаи номбурда 1800 нафар хонандагон дар се баст таълим мегирифтанд. Ҳамчунин, дар деҳаи Тосқалъа бо маблағи 330 ҳазор сомонӣ сохтмони нотамоми бинои мактаб ба анҷом расонда шудааст.

Ҳамин тавр, бо овоздиҳии пинҳонӣ Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Ҳамадонӣ №35 якдилона пешниҳод гардид.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПЕШБАРИИ НОМЗАД

Ҳаёти иҷтимоӣ

ПЕШБАРИИ НОМЗАДҲО ДАР ХАТЛОН

Ҳаёти иҷтимоӣ
Авҷи мулоқоти номзадҳо бо мардуми Хатлонзамин

Авҷи мулоқоти номзадҳо бо мардуми Хатлонзамин

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандата ба анҷом расид

Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандата ба анҷом расид

Сиёсат, Хабарҳо
Раиси Кӯлоб ва ректори собиқи ДМТ – номзад ба вакилӣ

Раиси Кӯлоб ва ректори собиқи ДМТ – номзад ба вакилӣ

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА