Дар як сатр
» » БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МАОРИФ

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МАОРИФ

28-01-2020, 04:06

Мавриди зикр аст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари норасоии кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат бо сабаби нарасидани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хонандагон дар хонаҳои истиқоматӣ ва вагонҳо таҳсил намуда, бо азобу машаққати зиёд соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ мегардиданд.

Аз Паёми навбатӣ маълум гардид, ки ҳамасола муассисаҳои зиёди таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода мешаванд. Дар соли 2020-ум низ сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015» мушкилоти муассисаҳои таълимие, ки дар хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо фаоълият менамуданд, пурра бартараф карда шуд. Муваффақиятҳои дар самти сохтмону муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо кумаку дастгириҳои Пешвои миллат ба даст овардаем, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст овардан аз имкон берун буд.

Бо вуҷуди дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз ҳам сатҳу сифати таълиму тарбия ба талабот ҷавогӯ нест. Вобаста ба ин, Пешвои миллат иброз доштанд, ки роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшида, ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Бо мақсади шиносоии хонандагон ба техникаву технология аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд. Ин моро водор месозад, ки ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҳарвақта бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, хонандагонро дар рӯҳияи ихтирооту ихтирокорӣ ба камол расонем.

Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва дар рӯҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва арзишҳои миллӣ ба камол расонидани наврасону ҷавонон моро лозим меояд, ки онҳоро бо мутолиаи китоб ҷалб намоем. Вобаста ба ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки ҳар сол озмуни «Фрурӯғи субҳи доноӣ»-ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи бештари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад.

Кумаку ғамхориҳое ки Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф доранд, моро водор месозад, ки баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисиони рақобатпазири бозори ҷаҳонии меҳнат тамоми чораҳоро андешем.

Ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, баҳри беҳдошти сатҳу сифати таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои баландпояи илмию омӯзгорӣ саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт.

Парвиз Лоиқов,

Зулфия Ҷиёнзода,

устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

РӮ БА КИТОБ ОВАРЕМ

РӮ БА КИТОБ ОВАРЕМ

Фарҳанг ва адабиёт
КИТОБХОНАҲОРО БА МАРКАЗИ ИЛМУ ФАРҲАНГ ТАБДИЛ ДИҲЕМ

КИТОБХОНАҲОРО БА МАРКАЗИ ИЛМУ ФАРҲАНГ ТАБДИЛ ДИҲЕМ

Фарҳанг ва адабиёт

БАРНОМАИ РАҲНАМУНСОЗ

Маориф ва илм

ПЕШВОИ МИЛЛАТ- МАОРИФПАРВАРИ БУЗУРГ

Маориф ва илм

КИТОБ - РАҲНАМОИ ЗИНДАГӢ

Фарҳанг ва адабиёт