Дар як сатр
» » РӮЗГОРИ СОКИНОН РАНГИНТАР МЕШАВАД

РӮЗГОРИ СОКИНОН РАНГИНТАР МЕШАВАД

28-01-2020, 04:05

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлуҳои рушди минбаъдаи кишвари мо ва вазифагузориҳо дар мавриди расидан ба зиндагии арзандаи сокинон ба таври мушаххас таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Воқеан, Паёми имсолаи Пешвои миллат аз паёмҳои солҳои пештара ба куллӣ фарқ дошт. Дар он ба масъалаи инкишофи ҳама сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, мусоидат ба тақвияти неруи инсонӣ, ки асоси давлатдории минбаъдаи моро муайян менамояд, таваҷҷуҳ дода шудааст.

Роҳбари давлат ба маврид қайд карданд: «Роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти марказию маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, соҳибкорону тоҷирон ва умуман, ҳар як фарди ватандӯсту бонангу номусро зарур аст, ки барои ташкил кардани ҷойҳои корӣ дар кишвар талош намоянд».

Дигар нуқтаи муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат афзалият додан ба беҳбудӣ ёфтани шароити иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ, дар зимн дастгирии оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд, зиёд намудани андозаи ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа, музди меҳнати кормандони сохторҳои давлатӣ, стипендияи донишҷӯён ба қадри 15 фисад ва сохторҳои низомӣ ба қадри 10 фисад маҳсуб меёбад.

Паёми навбатии Пешвои миллат фарогири тамоми масъалаҳои ҷомеа буда, ҳар фарди ватандӯсту баномус метавонад аз он вазифаҳои худро дар мавриди рушди минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат дарёфт ва онро амалӣ созад. Пешвои миллат дар Паём дар мавриди таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди тамоми сокинони мамлакат тавсияҳои муфид дода, махсус қайд карданд, ки ба таъмиру азнавсозӣ ва ободу зебо гардонидани хонаю дар, кӯчаю маҳаллаҳо тайи ду соли минбаъда эътибори зарурӣ дода шуда, ҳар як шаҳрванд дар масири вусъати корҳои созандагию ободонӣ бояд худро бетараф надонад.

Мо-сокинон дар нав-бати худ муваззафем, ки ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми захираю имконитяҳо самаранок истифода намоем.

Шукрона ҚУРБОНОВА,

омӯзор аз шаҳри Левакант


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

РОҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТ

Маориф ва илм
АЗ АФЗОИШИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ЗИНДАГИИ МАРДУМ ХУБ МЕШАВАД

АЗ АФЗОИШИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ЗИНДАГИИ МАРДУМ ХУБ МЕШАВАД

Ҳаёти иҷтимоӣ

Паём моро ба зиндагии осоишта роҳнамоӣ менамояд

Номаҳои Шумо
Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ салоҳияти мост

Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ салоҳияти мост

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо