Дар як сатр
» » Ба Носири Хусрав ҳам “чашм расид”?

Ба Носири Хусрав ҳам “чашм расид”?

8-11-2017, 08:57

Ба Носири Хусрав ҳам “чашм расид”?

То аввалҳои соли равон мақомоти дахлдори ноҳияи Носири Хусрав бо изҳори қаноатмандӣ аз он мегуфтанд, ки аз ин ноҳия ягон нафар дар сафи ДИИШ-у дигар созмонҳои иртиҷоиву террористӣ нест ва дар ҷангҳои бемаънии Сурияву Ироқ иштирок намекунад. Мутаассифона, ин қаноатмандии мардум дер давом накард...

Тибқи маълумоте, ки аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дастрас гардид, чанде пеш ҳузури як сокини 22-солаи ноҳияи Носири Хусрав дар ҷангҳои Сурия ба қайд гирифта шудааст. Ин ҷавон Очилдиев Ҷамолҷон Қутбиддинович (ё худ Юсупов Камолиддин Қутбиддинович), миллаташ ўзбек, санаи таваллудаш 9 июли соли 1995, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Бешкенти Ҷамоати деҳоти “Истиқлол” мебошад.

Юсупов Камолиддин, ки номашро ба Ҷамолҷон Очилдиев иваз кардааст, дорои маълумоти миёна буда, пайваста ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ сафар менамуд. Аммо аввалҳои соли 2015 аз Федератсияи Россия ихроҷ (депортатсия) шуда, ба зодгоҳаш баргаштааст. Тавре ки манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зикр кард, ин ҷавон бо даъватҳои пайвастаи Мирҷалол Хуҷамбердиев ном нафаре, дар моҳи июли ҳамон сол бо иваз намудани ному насабаш аз Юсупов Камолиддин Қутбиддинович ба Очилдиев Ҷамолҷон Қутбиддинович шиносномаи нав гирифта, дубора ба муҳоҷирати меҳнатӣ роҳӣ гардид.

- Айни замон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Носири Хусрав нисбати Очилдиев Ҷамолҷон Қутбиддинович (Юсупов Камолиддин Қутбиддинович) дар асоси моддаҳои 32, қисми 3 ва 401, прим 1-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз карда шудааст, - афзуд сарчашмаи хабар. - Очилдиев Ҷамолҷон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо бародарон Мирҷалол ва Миркамол Хуҷамбердиевҳо, зода ва истиқоматкунандагони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, дар як нуқтаи тайёр намудани нони “лаваш” кор карда, дар як хона бо онҳо истиқомат менамудааст.

Ин гуфтаҳоро Қутбиддин Очилдиев, падари Камолиддин, дар як тамоси телефонӣ тасдиқ кард. Вай изҳор дошт, ки писараш то 13 октябри соли 2016 зуд-зуд бо хона тамос гирифта, аз аҳволи пайвандон бохабар мешуд, аммо баъди ин якбора бедарак гардид.

- Агар хато накунам, - мегўяд Қутбиддин Очилдиев, - моҳи октябр буд. Писарам ҳангоми як суҳбати телефониаш аз Хуҷамбердиев Миркамол ҳамчун як шахси рўҳонии бо риши дароз васф намуда, изҳор дошта буд, ки 5 вақт намозашро тарк намекунад. Ҳамчунин, писарам иброз дошта буд, ки бо тавсияи Миркамол риши дароз монда, намозхон гардидааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки Камолиддин то ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанаш ҳатто дар бораи тарзи намоз хондан тасаввуроти кофӣ надошт.

Як нафари аз рафти тафтишот огоҳ гуфт, ки рафти тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки оилаи Хуҷамбердиевҳо дар вилояти Суғд аз шахсони рўҳонӣ ба ҳисоб рафта, яке аз аъзои ин оила Хуҷамбердиев Абдухалил ба созмону ташкилотҳои террористӣ пайваста, айни замон дар муқовиматҳои ҳарбии Сурия иштирок дорад.

Ҳамчунин тафтишот маълум сохтааст, ки Юсупов Камолиддин санаи 14 октябри соли 2016 бо истифода аз шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фурудгоҳи байналмилалии «Домодедово»-и Федератсияи Россия бо хатсайри РС 885 ба самти Москва-Истамбул сафар намудааст.

Қобили қайд аст, ки Юсупов Камолиддин дар муҳоҷирати меҳнатӣ бо бародараш Юсупов Нуриддин Қутбиддинович ва тағояш Очилдиев Тошмурод Чориевич (санаи таваллудаш 05.02.1983, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Бешкент, участкаи Комсомол, Ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ноҳияи Носири Хусрав, маълумоташ миёнаи нопурра, оиладор, соҳиби ду нафар фарзанд) будаанд.

Ба қавли Очилдиев Тошмурод Чориевич, тағои Очилдиев Ҷамолиддин, тахминан моҳҳои январи соли 2017 ҷияни дигараш Юсупов Нуриддин ба ў занг зада гуфтааст, ки бародараш Камолиддин се моҳ боз бедарак аст.

- Баъди якчанд вақт Нуриддин ба ман занг зад, - мегўяд Очилдиев Тошмурод. - Аз бародараш пурсон шудам. Нуриддин гуфт, ки тавассути интернет ба Камолиддин суҳбат намудааст ва айни ҳол ў дар шаҳри Истамбули Туркия қарор доштааст. Камолиддин мехостааст, ки аз он ҷо барои «ҷиҳод дар роҳи дини ислом» ба Сурия равад. Ман ба Нуриддин маслиҳат додам, ки ором шуда, ягон кори беҷо накунад ва агар Камолиддин ин дафъа занг зад, ҳатман ба ў расонад, ки бо ман тамос гирад.

Бино ба гуфтаи тағои Камолиддин, суханони ҷияни хурдиаш, ки тариқи телефон оид ба бародараш иброз дошта буд, бисёр дарҳам-барҳам ба назар мерасиданд.

- Нуриддин гуфта буд, ки бародараш дар шаҳри Истамбули Туркия қарор дорад, - қайд кард Очилдиев Тошмурод. - Аммо бо либосҳои сиёҳ ва дар даст силоҳ дошт. Ин гуфтаҳо ба ду чиз ишора мекарданд: аввал ин ки шояд Камолиддин он замон аллакай дар Сурия қарор дошт ва дувум ин ки агар ў дар Туркия аст, пас шояд туркҳо бо террористҳо ҳамкорӣ дошта, “довталабон”-ро бо либосу аслиҳа таъмин намуда, ба Сурия мефиристанд.

Очилдиев Тошмурод мегўяд, ки баъди гузашти ду-се рўз худи Юсупов Камолиддин тавассути шабакаи иҷтимоии «IMO» бо ў тамос гирифт. “Камолиддинро танҳо аз овозаш шинохтам, зеро тамоми андоми ҷиянам бо матои сиёҳ пўшида буда, сари китфи чапаш силоҳ овезон буд. Ў ба ман хитоб кард: “он ҷое, ки айни ҳол қарор дорӣ, “макони кофирон” мебошад!” ва даъват кард, ки ба наздаш рафта, мисли ў дар роҳи ислом “ҷиҳод” кунам. Ҳарчанд Камолиддинро насиҳат намудам, ки аз ин роҳаш баргардад, ў гапро гўш накарда, телефонашро хомўш намуд”, - мегўяд Очилдиев Тошмурод.

Моҳи июни соли ҷорӣ Очилдиев Тошмурод ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, ин ҳолатро ба ҳамсараш ва мақомотҳои қудратии ноҳия хабар дод. Тошмурод, ба гуфти худаш, пас аз он суҳбат якчанд маротиба ба Камолиддин занг зад, аммо он шумораи телефоне, ки занг зада буд, хомўш мебошад.

Абдураҳмон Каримзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Носири Хусрав, дар суҳбат бо рўзномаи “Хатлон” гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба қазияи Камолиддин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нақшаи чорабиниҳои вижа таҳия гардида, тибқи он якчанд гурўҳи корӣ аз ҳисоби одамони обруманд, собиқадорони меҳнат, омўзгорон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис ва барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохўрӣ бо аҳолӣ ба маҳалҳо сафар мекунанд. “Аз ҳисоби занони фаъол низ гурўҳи корӣ таъсис дода шудааст ва онҳо бевосита бо занону модарон мулоқотҳо анҷом медиҳанд. Ба модарон дар бораи оқибатҳои ногувори гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ маълумот медиҳанд ва онҳоро ба ҳушёрӣ даъват мекунанд, то мувозиби фарзандони хеш бошанд, онҳоро аз эҳтимоли содир намудани хато дар зиндагӣ эмин нигоҳ доранд”, - зикр кард А. Каримзода.

Бо вуҷуди ошкоршавии ҳолати пайвастани як сокини ноҳияи Носири Хусрав ба гурўҳҳои тундрави мамнўъ, ин ноҳияро наметавон аз “манотиқи ифротигарохез” номид. Ба қавли Мулломухтор Муллоев, коршиноси Раёсати таҳлилу ояндабинии сиёсати дохилӣ дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, ки омилҳои пайвастани шаҳрвандони кишвар ба гурўҳу созмонҳои тундраву ифротгаро пажўҳиш карда, “манотиқи ифротигарохез”-ро нишон додааст, ахиран нисбат ба ду-се соли гузашта мавридҳои пайвастани ҷавонон ба созмонҳои ифротиву террористӣ камтар шудааст. М. Мухторов гуфтааст, ки ҳарчанд мавридҳои пайвастани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ дар ҳама минтақаҳои кишвар ба назар мерасанд, вале бино бар мушоҳидаҳо, минтақаҳои кишварро метавон ба “минтақаҳои осебпазир” ва “минтақаҳои осоишта” ҷудо намуд. Вай минтақаҳоеро “минтақаҳои осебпазир” мешуморад, ки нисбат ба дигар минтақаҳо теъдоди бештаре аз аҳолиашон дар Сурия ҷанг доранд ва ифротгароии динӣ (пайвастан ба ҳаракатҳои «Салафия» ва «Ҳизби таҳрир») авҷ гирифтааст. Тибқи ин пажўҳиш, дар вилояти Хатлон шаҳри Кўлоб ва ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Восеъ аз ин “минтақаҳо” шумурда шудаанд.

“Ифротгароӣ, аз он ҷумла ифротгароии динӣ, дар сатҳи ҷумҳурӣ аслан дар минтақаҳое авҷ гирифтааст, ки теъдоди ақалиятҳои миллӣ зиёданд”, — овардааст вай дар ин пажўҳиш. Муаллиф омилҳои асосии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро “бештар ба раванди танзимнашудаи муҳоҷирати корӣ ва дарки нодурусти моҳияти дин” вобаста дониста ва гуфта, ки “дар бештари маврид онҳоро аз рўйи надоштани саводи динӣ фиреб мекунанд”.

М. Мухторов якчанд мушкили усулӣ дар мубориза бо ифротгароиро шиносоӣ кардааст, ки яке аз онҳо “боқӣ мондани падидаи бегонапарастӣ ва бетарафӣ миёни сокинон, аз он ҷумла миёни уламои динии кишвар” мебошад.

Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон, 13 майи соли 2017 дар ноҳияи Данғара, аз тамоми роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва кор бо оила, ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, зиёиён, ходимони дин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват карда буд, ки дар самти пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ва ноболиғон ба ташкилоту ҳизбҳои ғайриқонунии экстремистиву террористӣ, пайравӣ ба ақидаву афкор ва фарҳанги бегона, ғайриқонунӣ фиристодани фарзандон ба муассисаҳои ба ном таълими динии давлатҳои хориҷӣ ва дигар кирдорҳое, ки ба амнияти давлату миллат хатар эҷод мекунанд, корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботиро ҷиддан вусъат бахшанд. “Зеро кирдору рафтори имрўзаи баъзе сокинони вилоят, аз ҷумла бархе аз ҷавонон, ки гирифтори доми фиреби равияҳои хатарноки экстремистиву террористӣ, афкору андешаҳои барои миллати мутамаддину фарҳангии мо бегона ва махсусан хурофоту бегонапарастӣ шуда, ҳатто ба тарзи либоспўшии бегона тақлид мекунанд, боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад ва аз ҳамаи мову шумо андешидани чораҳои қатъиву саривақтиро тақозо дорад. Занону духтарони мо набояд фаромўш кунанд, ки мо ҳамчун миллати бостонӣ сару либоси миллӣ ва тарзу одоби либоспўшии худро дорем”, - омадааст дар матни суханронии Роҳбари давлат.

Дар воқеъ, нуқта гузоштан ба ҳар гуна рафтору кирдорҳои нангину хатарноки гароиш ба ҳаракату гурўҳҳои ифротӣ ва гумроҳ кардани мардум, алалхусус, ҷавонон бисёр муҳим аст. Ба хотири таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва манфиатҳои давлату миллат ҳар як шаҳрванд бояд ҳушёру зирак бошад.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шаҳритуз: Аксия таҳти унвони «Ҷавонон – зидди ифротгароӣ ва терроризм»

Шаҳритуз: Аксия таҳти унвони «Ҷавонон – зидди ифротгароӣ ва терроризм»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Хабарҳо, Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Нигаронӣ аз афзоиши ноболиғон дар минтақаҳои ҷангии Сурия

Нигаронӣ аз афзоиши ноболиғон дар минтақаҳои ҷангии Сурия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
«ҲИӮ» ҷавонони тоҷикро ба роҳи бебозгашт мебарад…

«ҲИӮ» ҷавонони тоҷикро ба роҳи бебозгашт мебарад…

Сиёсат, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА