Дар як сатр
» » ПАЁМ ҲИДОЯТГАРИ МОСТ

ПАЁМ ҲИДОЯТГАРИ МОСТ

28-01-2020, 04:04

Яке аз нуқтаҳои муҳиме, ки дар Паёми имсола ироа гардид, ин омодагӣ ва таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сокинони мамлакатро зарур аст, ки то ҷашни фархунда ба масъалаи таҷдиду азнавзозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани маҳали зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳаллаҳои аҳолинишин кӯшиш намоянд.

Дар Паём, ҳамчунин, қайд гардид, ки то имрӯз барои пешрафти соҳаи илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ корҳои зиёде ба анҷом расидааст. Имрӯз дар кишвар зиёда аз 10 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият дошта, дар самти солимгардонии ҷомеа саҳми босазо гузошта истодаанд.

Дар Паём доир ба масъалаи ҷавонон низ диққати махсус дода, аз ҷумла қайд гардидаст, ки ҷавонон давомдиҳандагони кору фаъолият ва ояндаи давлату миллатанд. Барои донишманд ва саводнок гардонидани ҷавонон дар кишвар аз роҳу усулҳои кишварҳои пешрафта истифода намуда, ҷавонони боистеъдод метавонанд тибқи Квотаи президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он таҳсил намоянд.

Имрӯз мо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолияти ҷавонони саодатмандро мебинем, ки бо шукргузорӣ аз фазои тинҷу амни кишвар кору фаъолият дошта, саҳми худро дар пешрафти ватани азизамон мегузоранд. Дар рӯҳияи садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳама сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад

Мо - ҷавонон ҷавобан ба ин ғамхориҳои Сарвари давлат қавл медиҳем, ки бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил намуда, дар оянда ҳамчун як афсари шуҷоъ ба Ватани худ хизмат намоем.

 

Ю. Баҳодурзода,

сардори шуъбаи таълимии МДТ коллеҷи милитсия, майори милитсия,

Муҳаммад Каримов,

Ҷамшеди Ҷаҳонгирзод,

курсантони коллеҷи милитсияи ВКД




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Паём моро ба зиндагии осоишта роҳнамоӣ менамояд

Номаҳои Шумо

Вохӯрӣ бо ҷавонони Ховалинг

Ҷавонон ва варзиш
Рўҳбаландӣ аз Паём

Рўҳбаландӣ аз Паём

---
Вохӯрии вакилон бо устодону донишҷӯён

Вохӯрии вакилон бо устодону донишҷӯён

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА