Дар як сатр
» » САДА - ОҒОЗИ ОМОДАГӢ БА КИШТУ КОРИ БАҲОРӢ

САДА - ОҒОЗИ ОМОДАГӢ БА КИШТУ КОРИ БАҲОРӢ

28-01-2020, 03:41

Мардуми сарбаланду фарҳангдӯсти тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо таъриху тамаддун, расму оинҳои ниёгони хешро нигоҳ дошта, то ба имрӯз ба мо мерос гузоштаанд. Сада низ амсоли ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргон маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳё ва рушду нумуъ ёфт. Инак, соли панҷум аст, ки дар сар то сари ватани азизамон ҳамагон ҷашни Садаро таҷлил менамоянд. Ҷавҳари аслии Сада аз ҷанбаи инсонпарварона, дӯст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр иборат мебошад. Муҳим аз ҳама Садаро ниёгони мо дар замони соҳибистиқлолии ватани азизамон - Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Рӯзи 25 январи соли равон дар маркази вилоят -шаҳри Бохтар ҷашни Сада бо тантана таҷлил гардид. Заҳматкашони 25 шаҳру навоҳии вилоятдастранҷи хешро ба намоишгоҳ оварда буданд. Меваю сабзаҷот, полезӣ, гандуму наск, мош, зағир, биринҷ ва тухмиҳои гуногуни зироати кишоварзиву гулу ниҳолҳо диққати ҳамагонро ба худ ҷалб менамуд.

Ҷашни Сада мавсими омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, раҳоӣ аз сардиҳои зимистон, ғалабаи рӯшноӣ бар зулмот мебошад. Ба ҳамин назар кишоварзони вилоят бо афрӯхтани оташ ҷашнро оғоз бахшиданд. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон аз намоиши дастовардҳои хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳо дидан намуда, ба кишоварзон суҳбат оростанд, Дар намоишгоҳ дар баробари садҳо ҳазор бех гулу дарахтони ороишиву мевадиҳанда, тухмиҳои пахта, гулу сабзаҷот, полезӣ ин чунин маҳсули дасти саноатчиён, ки аз ашёи хоми ватанӣ истеҳсол гардида буд, пешниҳоди иштирокдорони ҷашни Сада гардонида шуд. Меҳнаткашони навоҳии кӯҳистон меваҳои хушку чормағз, асалу бодоми талху ширин, тутпису мавиз, қорчу дулона ва қуруту равғани зард ва маскаро ба намоиш гузоштанд. Кадбонуҳои хушсалиқа фатирмаскаву ширбиринҷ, қурутобу чанголӣ барин таомҳои милиро, ки хоси фасли дай мебошад, пешкаши ҳамагон намуданд. Дар намоишгоҳи ҷашни Сада иштирокдорон бори дигар аз ҳунари волои бонувон, таомҳои миллӣ, нону гирдача, таҳмолу қалама огаҳ гардиданд. Устоҳои дуредгар маҳсули дастони муъҷизаофари хешро, ки дар пешбурди фаъолияти кишоварзон нақши бориз дорад, ба намоиш гузоштанд.

Садои навои дутору таб-лак, базми фалаксароён бо алангаи оташи ҷашни Сада ба афлок печида, аз рӯзгори осудаи ҳамагон, тантанаи ваҳдату ҳаёти хуррами сокинони ватани азизамон шаҳодат медод. Сипас, дар толори театри вилоятии мусиқӣ -мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар қисмати тантанавии ҷашни Сада баргузор гардид. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳозиринро бо ҷашни Сада, иди кишоварзон, ғалабаи рӯшноӣ бар зулмот, сардӣ ба гармӣ таб-рик намуд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба собиқадорони соҳаи кишоварзӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳия оид ба соҳаи хоҷагии қишлоқ ва беҳтарин кормандони соҳаҳо сипоснома ва туҳфаҳои пуливу молӣ супурда шуд. Ҳамчунин, озмуни беҳтарин шаҳру ноҳияҳо ҷамъбаст гардида, ғолибон бо автомашинаҳои сабукрав қадрдонӣ гардиданд. Дар ҷамъбасти беҳтарин шаҳру ноҳияҳо ноҳияи Данғара соҳиби Шоҳҷоиза «Тоҷи заррин» ва автомашинаи тамғаи «Тайёта РАФ-4» гардид. Ҳамчунин, аз рӯи номгӯи мазкур ноҳияи Қубодиён сазовори Вимпел ва автомашинаи тамғаи «Зефира», ноҳияи Дӯстӣ бо Вимпел ва автомашинаи тамғаи «Хундай Туқсон» қадрдонӣ карда шуданд.

Санъаткорони вилоят барномаи фарҳангии хешро, ки муҳтавояш васфи ҷашни Сада, дӯст доштани ватан, обу хоки меҳан буд, пешкаши ҳозирин гардониданд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

САДА МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ

САДА МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ

Фарҳанг ва адабиёт
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР КӮЛОБ

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР КӮЛОБ

Фарҳанг ва адабиёт
Сада-муждаи наврӯз

Сада-муждаи наврӯз

Фарҳанг ва адабиёт
Сада муждаест аз омадани баҳор ва омодагиҳо ба киштукор

Сада муждаест аз омадани баҳор ва омодагиҳо ба киштукор

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Сада - ҷашни ниёгон

Сада - ҷашни ниёгон

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ, НАҶОТ САФАРЗОДА