Дар як сатр
» » МАВОДИ ҒИЗОӢ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТ

МАВОДИ ҒИЗОӢ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТ

21-01-2020, 22:14

Аз ҷониби ҳунармандони Муассисаи давлатии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, шакар, макарон дастрас карда шуд.

Тарбиятгирандагони мактаб-интернат, ки 177 нафарро ташкил медиҳанд ба кумаку дастгирии мардуми саховатпеша ниёз доранд, аз дастуру ҳидоятҳо ва ғамхории доимии Президенти мамлакат нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ хушҳоланд. Роҳбари давлат дар ҳамаи паёмҳояшон аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаи ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ унвон карда, масъулини мақомоти маҳаллӣ, корхонаву ташкилот ва шахсони саховатпешаро баҳри анҷоми кори хайру савоб ҳидоят менамоянд.

Онҳо ба Пешвои миллат, шахсони хайрхоҳу саховатманд, хусусан, ба аҳли ҳунари Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, ки ба онҳо мунтазам кумак мерасонанд, арзи сипос карданд.

Пас аз тақдими туҳфаҳо ба хотири болидарӯҳии тарбиятгирандагон аз ҷониби аҳли ҳунари театр барномаи хуби фарҳангӣ манзур гардид.

Б. Комрон,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«ПАРАСТУ-2019» ДАР МЕКӮБАД

«ПАРАСТУ-2019» ДАР МЕКӮБАД

Фарҳанг ва адабиёт

300000 СОМОНӢ - КУМАК БА НИЁЗМАНДОН

Хабарҳо
Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Иқдоми хайрхоҳонаи ворисони Ибни Сино

Иқдоми хайрхоҳонаи ворисони Ибни Сино

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Ҳадяҳои солинавии Раиси вилоят ба ятимони Вахш

Ҳадяҳои солинавии Раиси вилоят ба ятимони Вахш

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо