Дар як сатр
» » ҶАЗОИ МАРДИ ФОСИҚ

ҶАЗОИ МАРДИ ФОСИҚ

21-01-2020, 22:13

Як сокини ноҳияи Қубодиён бо ҷурми хатари сироят намудани шахси дигар бо вируси норасоии масунияти одам ба муддати як сол равонаи зиндон шуд.

Мутобиқи санади тасдиқшудаи азназаргузаронии тиббӣ дар хуни мавсуф вируси норасоии масунияти одам дарёфт шудааст. Дар ин бора раисикунандаи мурофиаи мазкур судяи Суди ноҳияи Қубодиён Назариён Абдураҳим иттилоъ дод.

Бинобар маълумоти манбаъ, гарчанде ки ба судшаванда варақаи огоҳнома оид ба шахси дигар насупоридани хун, истифодаи сӯзандоруи умумӣ ва худдорӣ аз робитаи ҷинсӣ бидуни воситаҳои пешгирӣ фаҳмонида шуда бошад ҳам, номбурда дидаю дониста бо се зани ин ноҳия бидуни рифола алоқаи ҷинсӣ намуда, онҳоро таҳти хавфи сироятёбӣ ба ВНМО гузоштааст.

- Дар рафти мурофиа судшаванда худро бо айби нисбаташ эълонгардида гунаҳгор дониста, аз кирдори содирнамудааш изҳори пушаймонӣ кард. Гунаҳгор қаблан бо моддаи 244 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, бо дастрасии моддаи 63-и мазкур ба муддати як сол аз озодӣ маҳрум гардида буд. Муҳлати назоратӣ нагузашта, номбурда боз ҷиноят содир намуд. Дар асоси моддаи 125 қисми 1 гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати як сол бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шуд,- гуфт дар ин бора судяи Суди ноҳияи Қӯбодиён Назариён Абдураҳим.

Ҳасан АБДУРАҲИМЗОДА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҚОТИЛ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ ШУД

Ҳуқуқу амният

НАШЪАҶАЛЛОБ ҶАЗОИ САЗОВОР ГИРИФТ

Ҳуқуқу амният
Занро шавҳараш кушт

Занро шавҳараш кушт

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният

Зӯроварӣ дар оила ҷавобгарӣ дорад

Хабарҳо
295 ҳазору 986 сомонӣ зарар рӯёнида мешавад

295 ҳазору 986 сомонӣ зарар рӯёнида мешавад

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР