Дар як сатр
» » ОМӮЗГОРИ ҶАВОН ВА МУШКИЛОТИ ТАЪЛИМ

ОМӮЗГОРИ ҶАВОН ВА МУШКИЛОТИ ТАЪЛИМ

21-01-2020, 22:11

Раванди таълим асоси пешрафту инкишоф додани сатҳи саводнокии хонандагон мебошад. Он дар ҳоле, ба хонанда ҷолибу шавқманд мешавад, ки муаллим вобаста ба касби худ дониши комил дошта бошад.

Омӯзгорӣ касби пуршараф, аммо серталаб ва нозукиҳои бисёр дорад. Бархе аз омӯзгорони ҷавон, ки баъди хатми донишгоҳ ба муассиса ворид мешаванд, дар раванди таълим ба бисёр душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Ин гуна нуқсонҳоро метавон ба чунин сабабҳо аз ҷониби роҳбарият ва муовинони муассиса шуморид:

- хатогие, ки аз тарафи роҳбарияти муассиса содир мешавад, ин носанҷида ба кор қабул намудани омӯзгорони камтаҷриба ё бетаҷриба мебошад;

- ҳамкории сусти омӯзгори ботаҷриба ба омӯзгори ҷавон;

- назорат ва таҳлилу баррасӣ накардани дарси омӯзгорони ҷавон, ёрии методӣ нарасонидан ба онҳо;

- бо роҳи ёрии методӣ ҳавасманд нагардонидани омӯзгори ҷавон аз ҷониби роҳбарият ва муовинони муассиса;

- ба ҷои ёрии методӣ, танқиду мазаммат ва паст задани омӯзгорони ҷавон аз тарафи роҳбарияти муассиса ва ҳоказо.

Албатта, ин камбудиву норасоиҳо метавонад омӯзгори ҷавонро ба дилшикастагӣ нисбат ба касби омӯзгорӣ ва коҳиш ёфтани сатҳи дониши хонандагон оварда расонад. Аз ин рӯ, роҳбари муассиса вазифадор аст, ки ба камбудиҳои дар боло зикршуда беаҳамиятӣ зоҳир нанамояд.

Ҳолатҳое ҳам мушоҳида мешаванд, ки баъзе омӯзгорони ботаҷриба нисбат ба омӯзгорони ҷавон ҳисси бадбинӣ пайдо карда, бо доштани маълумоти олии онҳо аҳамият намедиҳанд ва илова бар ин, онҳоро ба зери танқид қарор медиҳанд.

Ягона роҳи дастгирии омӯзгорони ҷавон ёрии методӣ расонидан ба онҳо ва муомилаву муоширати хуб кардан дар байни коллективи омӯзгорон аст. Дар ин маврид омӯзгори ҷавон ба рӯҳияи баланд ва дӯстдории касб аз пайи таълиму тарбия шаванд.

Ҳамагон огаҳ ҳастанд, ки раванди таълим рӯз то рӯз гуногун ва бо шак-лу усулҳои нав ба роҳ монда мешавад. Аз ин рӯ, омӯзгорони ҷавонро мебояд ҷӯянда бошанд, ба сатҳу сифати таълим диққати ҷиддӣ диҳанд ва дар фаъолияти худ дигаргунӣ ворид намоянд.

Дар ин маврид бузургон гуфтаанд: "Муаллим то он вақте ки зинда аст, мутолиа мекунад, ҳангоме ки аз хондан бозмонд, симои муаллимии ӯ аз байн меравад”.

Исмоил НУРАЛИЕВ,

омӯзгори МТМУ №9-и

ноҳияи Шаҳритуз




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

18 омӯзгори ДЭТ барои такмили ихтисос ба Русия ва Қирғизистон рафтанд

18 омӯзгори ДЭТ барои такмили ихтисос ба Русия ва Қирғизистон рафтанд

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар 10 сол ҳамагӣ 1933 омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудааст

Дар 10 сол ҳамагӣ 1933 омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудааст

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон

Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон

Хабарҳо, Маориф ва илм
Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

Хабарҳо, Маориф ва илм