Дар як сатр
» » СУХАНИ ХУБ ХУД ГИРАД ҶОЙИ ДОРУ

СУХАНИ ХУБ ХУД ГИРАД ҶОЙИ ДОРУ

21-01-2020, 22:08

Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи саломатии аҳолӣ  яке аз самтҳои асосии сиёсати давлату Ҳукумат нишон дода шудааст. Дар суханронии худ Пешвои миллат чунин таъкид намуданд: "Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум муҳимтарин сарвати давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он маҳсуб меёбад”.

 

Барои расидан ба ин ҳадаф бояд дар раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва заминаи моддиву техникии муассисаҳои тандурустиро баланд бардорем. Дар ин самт Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои чашмрасеро ба сомон расонида истодааст. Таҷҳизонидани марказҳои асосии илмию тандурустӣ бо таҷҳизоти муосир имкон дод, ки  беморон барои ташхису муолиҷа ба мамлакатҳои хориҷ сафар накарда, дар ватани худ табобат ёбанд. Ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ шумораи марказҳои тандурустии хусусӣ низ сол аз сол зиёд мешавад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду вусъати  кумаки аввалияи тиббӣ ҳам диққати махсус медиҳад.

Бояд гуфт, ки табиб дар баробари дониши хуби касбӣ бояд одоби баланди муошират низ дошта бошад ва ба корафтодагон муомилаи неку инсондӯстона карда тавонад. Мавриди ёдоварист, ки табиби бадзабон  на ҳамеша метавонад беморро табобат намояд. Яке аз олимони бузурги соҳаи тибби Россия Мудров гуфтааст: «Агар баъди аз назди табиб баромадан ҳоли бемор беҳтар нашавад,  чунин табибро табиб шумурдан лозим нест».

Дар урфият мегӯянд, ки сухани хуб барои бемор аз баъзе доруҳо волотар аст.

Агар қоидаи одоби муоширатро бо шакли муайян ифода намоем, он   аз  ягонагии ду тараф иборат аст: пеш аз ҳама ахлоқиву одобӣ, ки меъёрҳои ахлоқиро ифода мекунад, инчунин боилтифотӣ (дидадароӣ), боадабӣ, табиӣ будан, шаъну эътибори худро нигоҳ доштан ва ба қоидаҳои зебоӣ, ки ба ҳусн ва нафосоти тарзи рафтор мутобиқ аст, амал намудан. 

Тарзи нигоҳ доштани симои зоҳирии  худ, намунаи рафтор, муомила бо одамон, инчунин лаҳн (овоз), оҳанг ва қиёфа, ки дар гуфтугӯ истифода мешавад, ба тарзи услуб дохил мешавад. Ба ғайр аз ин, қиёфасозӣ, имову ишора, тарзи ист, гашт, ки ба инсон хос аст, барои риояи одоби муошират нақши муҳим мебозад.

Салому алейк ин шакли ҳурмати байниҳамдигарӣ буда, дар ҳама ҳолат на танҳо боадабӣ, балки мавқеи самимият, хайрхоҳиро нисбати мусоҳиб муайян менамояд. Ин ҷо на танҳо бо воситаи сухан, балки бесухан, бо имову ишора бо сар  таъзим намудан, бо табассум рафтор кардан ифодагари лутфу меҳрубонӣ мебошад.     

Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки  табибон барои табобати беморон се силоҳ доранд: сухан, дору ва теғи ҷарроҳӣ (таҷҳизоти тиббӣ), ки беҳтаринаш сухан аст. Зеро беморро гӯш кардан ва маслиҳати дуруст додан, ӯро барои шифоёбӣ омода кардан аз ҳама муҳим мебошад. Пеш аз ҳама, худи бемор низ бояд барои шифо ёфтан  омода ва фаъол бошад. Чуноне ки устод Лоиқ мефармояд:

Табиби ман ба ғайр аз ман касе нест,

Ҳабиби ман ба ғайр аз ман касе нест.

Ман аз ин умрфарсоӣ бидонам,

Рақиби ман ба  ғайр аз ман касе нест.

Бо сухани нек неруи  инсонро пурқудрат, тавоно кардан мумкин аст. Чунин  маҳоратро ҳар як табиб бояд доро бошад. Беҳуда нагуфтаанд, ки тиб  танҳо илм нест, балки он санъат ҳам  ҳаст. 

Дар ҳақиқат, нақши сухан дар табобат беназир аст. Вақте бемор барои табобат ба назди табиб меояд, ӯ ба умеде қадам ранҷа менамояд, то шифо ёбад ва мушкилиаш  осон гардад. Табибе, ки ба ин  боварӣ  сазовор мегардад, шахси барӯманду  боэҳтироми ҷомеа аст.

 

Ҳ. Худойбердиев,

директори Маркази ташаккули

тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҒИЗОИ СОЛИМ ОМИЛИ ПЕШГИРИИ ФАРБЕҲӢ

Тандурустӣ ва экология

НИЗОМНОМАИ озмунҳои вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин та ...

Тандурустӣ ва экология
Мароми мо - хизмати босифати тиббӣ

Мароми мо - хизмати босифати тиббӣ

Тандурустӣ ва экология

Рисолати хешро бо дарназардошти ҳидоятҳои Пешвои миллат софдилона иҷро меку ...

Тандурустӣ ва экология
Беш аз 14 миллион сомонӣ барои  cохтмони муассисаҳои тиббӣ

Беш аз 14 миллион сомонӣ барои cохтмони муассисаҳои тиббӣ

Тандурустӣ ва экология