Дар як сатр
» » ТЕРРОРИСТ НАВКАРИ ШАЙТОН ВА ТЕРРОРИЗМ ПЕШАИ АҲРИМАНИСТ

ТЕРРОРИСТ НАВКАРИ ШАЙТОН ВА ТЕРРОРИЗМ ПЕШАИ АҲРИМАНИСТ

21-01-2020, 22:03

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Терроризм аз зишттарин зуҳу-ротест, ки дар ҷомеаи инсонӣ таърихи дуру дароз дорад. Аммо он дар охири асри  XX дар ҳошияи равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат ташаккул ёфта, алҳол барои аксар кишварҳои ҷаҳон ба яке аз хатарҳои мудҳиштарин табдил ёфтааст. Пешвои миллат дар суханрониҳояш аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ терроризмро  дар аксари минтақаҳои Осиёву Африқо ва Аврупову Америка доман густурда, ба мисли вабои сироятбор,  ҳамарӯза ҳудуди маргбори худро паҳн мегардонад, маҳкум намуда, аз ҷаҳониён даъват ба амал меоранд, то бар зидди он муборизаи беамон бурда шавад.  

Дарвоқеъ, агар ин таҳдиду хатарҳо ва амалҳои зишти гурӯҳҳои террористӣ пешгирӣ карда нашаванд, метавонанд сабабгори нооромиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва халалдор сохтани амнияти умумибашарӣ гардида, фарҳанги минтақаҳои гуногунро коста гардонад. Тоҷикистон барои вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои умумиҷаҳонӣ ва баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани иқтидори муносибатҳои дохиливу хориҷии худ тадбиру чораҳои муассир меандешад.

Лозим ба ёдоварист, ки мувофиқи таълимоти дини ислом ва китоби он Қуръон куштани инсон ва рехтани хуни ноҳақ гуноҳи азим аст. Чуноне ки Худованд мефармояд: «Ҳар инсоне, ки барқасдона инсонеро мекушад, ҷояш ҷаҳаннам буда, дар он ҷо то абад хоҳад монд». Аллоҳ бар ӯ ғазаб ва лаънату нафрин хонда, барояш азоби азимро муқаррар мекунад (Қуръон 4, 93).

  Пешвои миллат низ дар ин бора чунин иброз доштаанд: «Ислом дини тақво, инсофу адолат, сулҳу амният, ахлоқи ҳамида ва талқингари маънавиёти воло буда, ҳама гуна аъмоли зишту носавоб, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти глобалии имрӯза, аз қабили терроризм ва экстремизм мебошад».

Боиси таассуф аст, ки баъзан ҷавонони мо аз сабаби кам доштани донишу фаҳмиши динӣ, заиф будани ҷаҳонбиниву шуури сиёсӣ ва ҳамчунин, бо сабаби рушд наёфтани худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар ботинашон ба доми чунин навкарони шайтон, аъзоёни гурӯҳҳои террористӣ афтида, домони поки миллатро доғдор ва ҳаёти рангини худу наздиконашонро тира месозанд.

Моро зарур аст, ки дар раванди тарбияи шаҳрвандон бар он муваффақ гардем, то  дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва шуурнокии сиёсии ҳар як фардро баланд бардорем, то ин ки ба моҳият ва мазмуни истиқлолият, ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ сарфаҳм рафта тавонем. Дар чунин ҳолат принсипҳои ҷомеаи демократӣ, адолати иҷтимоӣ ва равандҳои асосии эҳёи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ то рафт мустаҳкам мегардад ва гурӯҳҳои террористӣ ба мақсадҳои нопоки худ ҳеҷ гоҳ муваффақ нахоҳанд шуд.

Халқи тоҷик аз азал дорои таъриху фарҳанги ғанидошта маҳсуб ёфта, дар ягон давру замон истиқлолият ва ваҳдати ҳеҷ давлатеро халалдор насохтаанд, аммо баҳри пос доштани таъриху фарҳанг ва ҳифзи истиқлолияту ваҳдат ҷонбозиҳо мекунанд.

Аз ин рӯ, мо-ҷавононро мебояд, ки ба ваъдаҳои бардурӯғи хоҷагони хориҷӣ дода нашавем ва чун фарзандони барӯманди ниёгонамон ватани аҷдодии худро лозим ояд, бо баҳои ҷон ҳифз намоем.

Ҳ. Толибзода,
муаллими  кафедраи  фанҳои  махсуси МДТ коллеҷи  милитсияи ВКД Ҷумҳурии  Тоҷикистон, лейтенанти  калони  милитсия


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДАР ТАНҲОӢ ТЕРРОРИЗМРО НАМЕТАВОН МАҲВ КАРД

Сиёсат

ТТЭ ҲНИ ҳамчун пайрави терроризми ҷаҳонӣ

Хабарҳо

Терроризмро маҳкум менамоем

Хабарҳо, Сиёсат
Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротгаро кори ҳамагон ас ...

Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротгаро кори ҳамагон ас ...

Сиёсат
Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Хабарҳо, Номаҳои Шумо