Дар як сатр
» » ИЛҲОМБАХШИ ОМӮЗГОРОН

ИЛҲОМБАХШИ ОМӮЗГОРОН

21-01-2020, 21:54

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи мо илҳому рӯҳи наву тоза бахшид. Мушоҳида мешавад, ки  баъди паёмҳои ҳарсолаи Президенти мамлакатамон дар ҳаёти халқу кишвар навовариҳо пайдо мешаванд.

Паёми навбатӣ низ барои мо-омӯзгорон хеле хотирмон аст. Чунки таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба соҳаи маориф хоса аст. Махсусан мо-омӯзгорони  забонҳои русӣ ва англисиро таъкиди Пешвои миллат ба омӯзиши ин забонҳо, ки  дар Паём ироа гардид, шод гардонид. Инчунин, ишора ба хондани китобҳои бадеӣ ҳам табъи дили мо-забоншиносон мебошад. Зеро омӯзиши забони дигар бе хондани китоби бадеӣ дар забони асл номумкин аст. Ташкил намудани китобхонаҳо дар маҳалҳои зист низ ба мо хуш омад.

Асосгузори сулҳу ваҳдатати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занони мамлакат бисёр ғамхор аст. Мақоми мо-занонро тайи чанд сол аст, ки  дар ҷомеа баланд бардошта, дар ҳама соҳаҳо ва вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ менамоянд, ки ин боиси ифтихори аҳли ҷомеа мебошад.

Аз Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо илҳоми нав ба нав гирифта, бо қувваи дучанд барои ободонии ватану миллатамон меҳнат менамоем ва ҷавононро ба шоҳроҳи ҳаёт бо дониши мукаммал гусел менамоем.

 

С. Абдуллоева,

декани факултети забони англисӣ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КИТОБХОНАҲОРО БА МАРКАЗИ ИЛМУ ФАРҲАНГ ТАБДИЛ ДИҲЕМ

КИТОБХОНАҲОРО БА МАРКАЗИ ИЛМУ ФАРҲАНГ ТАБДИЛ ДИҲЕМ

Фарҳанг ва адабиёт

ИФОДАГАРИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

Номаҳои Шумо

ПАЁМ РАҲНАМОИ МО

Ҳаёти иҷтимоӣ

МАҚОМИ ЗАН БОЛО МЕРАВАД

Ҳаёти иҷтимоӣ

БАРНОМАИ РАҲНАМУНСОЗ

Маориф ва илм