Дар як сатр
» » ДАВРАИ БОСАМАРИ КИШТИ ЮНУЧҚА

ДАВРАИ БОСАМАРИ КИШТИ ЮНУЧҚА

21-01-2020, 21:52

Юнучқа зироати серҳосили хӯрокаи серғизо, серсафеда ва витаминдор дар соҳаи чорводорӣ буда, барои баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва зиёд намудани маҳсулоти соҳаи чорводорӣ нақши асосиро мебозад.

Юнучқа сифати физикавӣ,  биологӣ, микробиологии хокро беҳтар намуда, шӯрӣ ва баландшавии обҳои зеризаминиро паст намуда, таркиби хокро аз моддаҳои органикӣ ва нитрогенӣ, биологӣ бой  мегардонад. Ҳамчунин, самаранокии нуриҳои маъданиро баланд бардошта, рустаниҳои бегона ва касалиҳои зироатҳо, ба монанди вилтифузариозӣ, ветисилёзӣ, пӯсиши реша, гоммоз, макропориоз ва ғайраҳоро нобуд мекунад. Юнучқа пеши роҳи дубора шӯршавии хок ва бодхӯрдашави заминро нигоҳ медорад.

Тадқиқоти илмии филиали дар ноҳияи Вахшбудаи Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии "Зироат” нишон додааст, ки кишти тобистона  ва  тирамоҳии юнучқа нисбати кишти баҳорӣ бартариҳои  зиёде дорад. Муҳлати   кишти тобистонаи юнучқа  аз  15 август  то  10 сентябр, кишти тирамоҳӣ аз 20 сентябр то даҳаи якуми моҳи ноябр-ро дарбар мегирад. Таҷрибаҳои илмию  истеҳсолӣ нишон  додаанд,  ки кишти  тобистона   ва тирамоҳӣ  ҷиҳати хуб афзоиш ёфтани  ниҳоли  юнучқа мувофиқ буда, то давраи хунукиҳо миқдори зиёди ниҳолро дар як гектар нигоҳ медорад. Ҳангоми кишти баҳорӣ бошад, навниҳолон дар зери таъсири боронҳои сахт сафолак мебанданд ва 10-15% растанӣ нест мегардад.

Юнучқаро бо мақсади рӯёнидани  хӯроки  чорво якҷоя бо ҷав  ва ё сулӣ кишт менамоянд. Бо мақсади гирифтани дони ғалла ва хӯроки чорво бошад, юнучқаро тобистон кишт намуда, пас аз давраи  якум, охирҳои моҳи октябр, ду маротиба майдони юнучқаро сихмола намуда, гандум  ё  ҷав мекоранд.

Кишти тирамоҳӣ дар нимаи 2-юми моҳи сентябр ва аввали даҳаи моҳи ноябр якҷоя   бо  ғалла   гузаронида мешавад.   Ин имконият медиҳад, ки аз дарави якум то охирҳои моҳи май ҳам ғалла ва ҳам хӯроки чорво рӯёнида,  то охири сол шаш дарави нави юнучқа гирифта шавад. Аз нуқтаи назарияи киштгардонон, кишти тобистона ва тирамоҳии юнучқа самаранок  мебошад. Дар давраи  истифодабарӣ ба  муддати 3 сол дар таркиби хок 43-45 тонна дар як гектар майдон  моддаи органикӣ ҷамъ  мешавад,  ки он ба 600 кг нитрогени биологӣ, 80 кг фосфор ва 300 кг калий баробар аст. Ҳосилнокии пахта баъди шудгори  юнучқаи баҳорӣ дар 2 сол, агар бо ҳисоби миёна 35-38 сентнерро ташкил  намояд, пас юнучқаи кишти тобистона ва тирамоҳӣ 40-45 сентнерро ташкил медиҳад.

Юнучқаро аввали баҳор вақти 5-6°С гарм шудани хок дар чуқурии 4-5 см дар як вақт бо зироатҳои ғаллагии баҳорӣ кишт мекунанд. Дар шароити иқлими мусоиди ноҳияҳои водии Вахш ва минтақаи Кӯлоб кишти юнучқаро аз даҳаи сеюми феврал cap карда, аввали март ба итмом мерасонанд. Дар дигар ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ кишти юнучқаро то 15-уми март давом медиҳанд. Дар киштгардониҳои заминҳои пахта, бо сабаби аз ғӯзапоя холӣ шудани майдонҳо юнучқаро, асосан, дар фасли баҳор мекоранд.

Кишти юнучқа дар моҳи сентябр беҳтар аст. Юнучқаи тирамоҳии соли якум нисбат ба юнучқаи баҳории соли якум ҳосили беҳтар медиҳад. Дар шароити заминҳои обии дар ноҳияҳои водибудаи ҷумҳурӣ тадбиқи кишти тобистонаи юнучқа дар моҳҳои июлу август пурра имконпазир аст.

Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии хок ва беҳтар кардани сохтори он юнучқаро бо алафҳои бисёрсолаи ғаллагӣ омехта мекоранд. Юнучқа, асосан, бо усули қатории муқаррарӣ ё камбарҷӯяк, тавассути тухмипошакҳои ғаллаю алафкории СЗ-3,6, СЗТ-3,6 ва ғайраҳо кишт мешавад.

Маҳсулнокии юнучақазор, асосан, ба меъёри кишти тухмӣ ва зичии рустаниҳо алоқаманд аст. Бинобар ин, меъёри муайяни тухмӣ барои кишт яке аз омилҳои асосии гирифтани ҳосили баланд аст. Дар юнучқазоре, ки аз меъёр зиёд ниҳол доранд, рустаниҳо якдигарро дар мубориза барои дастрас кардани омилҳои ҳаётӣ (махсусан, рӯшноӣ)   нест мекунанд.

Кишти юнучқа дар моҳи сентябр беҳтар аст. Дар киштҳои сирак бошад, алафҳои бегона бештар паҳн шуда, ҳосилнокӣ ва сифати онро паст мекунанд. Вобаста ба навъ, шароити парвариш дар заминҳои обӣ, дар ҳолати бо усули қатории муқаррарӣ коридани юнучқа барои хӯрока, дар ҳар як гектар 16-18 кг (8-9 млн дони қобилияти нешзандошта) ва дар заминҳои лалмӣ бошад, 14-16 кг тухмӣ кишт мекунанд. Дар ҳар 1 м2 юнунчқазори барои хӯрока тавсияшуда, бояд 500 ниҳол бошад ва барои тухмӣ 150-160 ниҳол кофӣ аст.

Б. Собиров,

Г. Насридинов,

Ф. Бобосаидов,

омӯзгорони коллеҷи

махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хӯроки чорво яке аз омилҳои тараққиёти соҳаи чорводорӣ

Арсаи кишоварзӣ

Омили асосии ҳосили фаровон

Арсаи кишоварзӣ

Кишти тирамоҳӣ анҷом ёфт

Арсаи кишоварзӣ

Бо харҷи кам даромади зиёд

Иқтисоду тиҷорат
Дастовардҳои арсаи кишоварзӣ дар Н. Хусрав: Дурнамо беш аз 100% иҷро гардид

Дастовардҳои арсаи кишоварзӣ дар Н. Хусрав: Дурнамо беш аз 100% иҷро гардид

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА