Дар як сатр
» » МИЛЛАТИ ТОҶИК ҶОНИБДОРИ СУЛҲ АСТ, НА ҶАНГУ КУШТОР

МИЛЛАТИ ТОҶИК ҶОНИБДОРИ СУЛҲ АСТ, НА ҶАНГУ КУШТОР

21-01-2020, 21:49

"Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо як зуҳуроти нангин омехта кардани ислом нодуруст аст”.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ноҳияи Ҷайҳун семинар-машварати вилоятӣ бо ширкати коршиносони сатҳи вилоятӣ таҳти унвони "Роҳҳои пешгирии ифротгароии динӣ” дар доираи "Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ва "Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дин” доир гардид. Иштирокдорони семинар оид ба оқибатҳои хатарзои терроризму ифротгароӣ, хатари он ба ҷаҳониён сухан ронданд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки солҳои охир ҳодисаҳои нангини терроризму ифротгароӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Нисбати масъалаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми нав-батиашон ба Маҷлиси Олӣ махсус таъкид намудаанд, ки "Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд”.

Воқеан сабақи талхи ҳодисаҳои солҳои 1990-уми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шахси худогоҳу ватандӯстро водор месозад, ки нисбати ҳодисаҳои нангини ифротгароиву терроризм бетараф набошад. Зеро ин зуҳуроти нангину марговар ба инсоният хатари ҷиддӣ эҷод менамояд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки имрӯзҳо бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ хоҷагони хориҷӣ ҳанӯз ҳам ҷавонони ноогоҳро ба гурӯҳҳои мамнӯи ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ҷалб намуда истодаанд. Аз ин рӯ, миёни ҷавонону нав-расон корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳиро бояд вусъат бахшем. Баргузории чорабиниҳои маърифативу ҳуқуқӣ, варзишӣ имкон фароҳам меоварад, ки сатҳи дониши маънавиву ҳуқуқии ҷавонону наврасон баланд гардад ва онҳо бештар дар озмуну чорабиниҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ ширкат варзанд.

Фирӯза Шарифӣ нақши ҷомеаи шаҳрвандиро дар пешгирии ҳодисаҳои ифротгароиву терроризм баланд арзёбӣ намуда, ироа дошт, ки ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти нангину маргафкан, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо вазифаи ҷонии ҳар як фарди ватандӯст ва бонанги ватани азиз мебошад.

Ҳамчунин, дар семинар-машварати вилоятӣ мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Маҳмадӣ Шарифзода дар мавзӯи "Омӯзиши Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дин”, муовини сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Ҷайҳун дар мавзӯи "Худогоҳии ҷавонон ва масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, хатару таҳдидҳо, омили асосии шомилшавӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи ташкилотҳои террористиву экстремистӣ” ибрози назар намуданд.

Прокурори ноҳияи Ҷайҳун Шоҳрух Назарзода атрофи масъалаи "Муқовимати дастаҷамъӣ бар зидди экстремизм ва терроризм” сухан ронда, аз ҳодисаҳои нангини соли 2018 дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе рухдода, ки дар натиҷаи он 4 сайёҳи хориҷӣ ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд, ёдовар шуд. Таъкид карда шуд, ки бо ин ҷиноят террористон мехостанд, оромии ватани азизамонро халалдор сохта, дар сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ноамн ва миллати тоҷикро ҳамчун миллати хунхору террорист нишон диҳанд.

Мардуми тоҷик аз қадимулайём мардуми сулҳ-дӯст ва меҳмонавоз буда, урфу одат ва дину мазҳаби мо куштор, хусусан, куштори меҳмону мусофирро шадидан маҳкум менамоянд. Тавре ки дар ҷамъомад зикр гардид, шурӯъ аз соли 2006-ум бо мақсади ҳимояи сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаҳои даъвогии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва сиёсӣ, ба монанди "Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”, "Ҳизб-ут-таҳрир”, "Ҳизби исломии Туркистон», «Ал-қоида», "Ҳаракати толибон”, "Бародарони мусулмон”, "Гурӯҳи 24”, ташкилоти ба ном "Давлати исломӣ”, "Ҷабҳат-ан-Нусра”, "Ҷамъияти Ансорулло”, равияи динии "Салафия” манъ карда шудааст. Фаъолият дар ин сохтори ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, тарафдорӣ кардани мақсаду ғояҳои онҳо ва содир кардани амалҳо ба манфиати ин ташкилотҳо, ҳамчун, ҷиноятҳои муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат эътироф карда мешавад.

Тавре ки дар ҷамъомад таъкид рафт, сабабу омилҳои асосии шомил шудан ба иттиҳодия ва ташкилотҳои террористӣ аз ҷониби сокинони ҷумҳурии мо, асосан, ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар дигар давлатҳо, таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар, зери таъсири эмиссарҳои  созмонҳои террористиву экстремистӣ қарор гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ ва истифода аз сомонаҳои интернетӣ мебошад.

Ҳамин тавр, дар семинар-машварати вилоятӣ моҳияту хатари ҳизбу ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва раванди мубориза бо ифротгароии динӣ махсус баён гардида, таъкид рафт, ки нисбати ин зуҳуроти марговар бояд ҳамагон, дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, мубориза баранд ва нагузоранд, ки  ҷавонони ноогоҳро ба ин гурӯҳҳои хатарзо шомил созанд.  Аз ин рӯ, таълиму тарбия ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту корхонаҳо хуб ба роҳ монанд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДАР ТАНҲОӢ ТЕРРОРИЗМРО НАМЕТАВОН МАҲВ КАРД

Сиёсат

ХАТАРИ ҶИДДИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Сиёсат
«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»

«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»

Сиёсат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
ДИИШ зулмат аст

ДИИШ зулмат аст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Хабарҳо, Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ