Дар як сатр
» » РАИСИ ВИЛОЯТ БА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНУ МАЪЮБОН БА НОҲИЯИ ВОСЕЪ ОМАД

РАИСИ ВИЛОЯТ БА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНУ МАЪЮБОН БА НОҲИЯИ ВОСЕЪ ОМАД

21-01-2020, 21:38

РАИСИ ВИЛОЯТ БА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНУ МАЪЮБОН БА НОҲИЯИ ВОСЕЪ ОМАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ нисбати хайрандешиву накукории мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аз ниёгон ба мо мерос мондааст, махсус таъкид намуданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори раиси вилоят ба тасвиб расидааст. Тибқи он ҳар рӯзи шанбе рӯзи аёдати собиқадорон, маъюбону эҳтиёҷмандон эълон гардида, дар асоси он ба собиқадорон, маъюбон, ятимону барҷомондагон кумак расонида мешавад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ин мақсад ба ноҳияи Восеъ омада, бо собиқадорони меҳнат, шахсони барҷомонда ва маъюбон мулоқот намуд. Аз онҳо ҳолу аҳвол пурсид ва барояшон кумаки моддиву пулӣ расонид.

Гавҳарбӣ Пиракова, Қаҳрамони меҳнат, соли 1942 дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Соли 1949 оилаи онҳоро чун дигар ҳамдеҳагон барои рушди соҳаи пахтакорӣ, ба ноҳияи Восеъ муҳоҷир намуданд. Ӯ дар ин ҷо мактаби миёнаро хатм намуда, аз соли 1960 ба ҳайси сарвари бригадаи пахтакорӣ фаъолияти меҳнатиашро оғоз бахшид. Соли 1965 фаъолияти пурсамарашро ба назар гирифта, ба ӯ унвони олӣ–Қаҳрамони меҳнатро сазовор донистанд.

Гавҳарбӣ Пиракова аз ташрифи раиси вилоят ба хонааш шоду мамнун гардида, аз фаъолияти бисёрсолаи худ ва қаҳрамонони арсаи меҳнат, амсоли Миралӣ Маҳмадалиев, Абдӣ Авазов ва ғайраҳо ёдовар гардида, ҳамзамон аз қадршиносиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакатмуҳ-тарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати собиқадорон ва ниёзмандон изҳори сипос намуд.

Ин зани аз меҳнат обрӯёфта ва дар зиндагӣ таҷрибандӯхта сиёсати ободгаронаи Роҳбари давлатро ба некӣ ёдовар гардида, аз он изҳори хурсандӣ намуд, ки маҳз бо шарофати хиради азалии Пешвои миллат ватани азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлолро садҳо давлати дунё эътироф намуда, аз таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон сабақ меомӯзанд.

Сипас, раиси вилоят ба аёдати холаи Савринисо Мирҳайдарова, модари ҷавонмарди ғаюр, родмарди ватандӯст зиндаёд Рус-тами Холалӣ (Амакиев) рафт. Зимни суҳбат волидайни Рустами Холалӣ бо як ҳисси ифтихор аз фарзанди тарбиятдидаашон, аз қаҳрамониҳои беназири муҳофизи содиқи ватан сухан ронданд. Холаи Савринисо Мирҳайдарова гуфт, ки агар даҳ фарзанди дигар ҳам медошт, онҳоро баҳри ҳифзи ватан, дӯст доштани хоки муқаддаси меҳан роҳнамун месохт. (Хонандагони азиз оид ба корномаҳои бемисли Рус-тами Холалӣ аз саҳифаҳои рӯзномаи "Хатлон” ва дигар нашрияву расонаҳо хуб огоҳӣ доранд).

Рустами Холалӣ, ки зодаи ноҳияи Восеъ аст, ҳамчун як шахсияти ватандӯсту ҳамаҷониба обутобёфта дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми худро дошт. Мутаассифона, дар ҳаводиси хиёнату амалиёти террористӣ, ки аз ҷониби хоини ватану миллат - Ҳалим Назарзода рух дода буд, ба шаҳодат расид.

Номбурда 20 октябри соли 1974 дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Пас аз гирифтани маълумоти миёна, омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №16-ро соли 1990 хатм намудааст. Пасон, ҳуҷҷатҳояшро ба коллеҷи ҳарбии шаҳри Душанбе месупорад ва пас аз ду моҳ тибқи роҳхат

таҳсилро дар коллеҷи ҳарбии шаҳри Рязани Федератсияи Россия идома медиҳад. Ҳамзамон, чун мутахассиси низомӣ фаъолияти хешро ба ҳайси командири якеаз қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мебахшад. Ҳамзамон, соли 2006 Академияи ҳарбии Федератсияи Рос-сияро хатм менамояд. Ӯ дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошта, донишу малакаашро сайқал медод. Моҳи июни соли 2015 командири гурӯҳи "Алфа”-и Кумитаи давлатииамнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда, то лаҳзаҳои вопасини ҳаёташ содиқона дар ин вазифа кор кардааст.

Ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳа дар хориҷи кишвар низ дониши касбии хешро сайқал бахшидааст. Хизматҳои содиқонаашро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиа бо ифтихорнома, медал, орденҳои "Ҷасорат”, "Спитамен” қадрдонӣ намуданд. Баъди вафоташ бо рутбаи ҳарбии генерал-майор сарфароз гардидааст. Тавре ки дар боло қайд намудем, Рустами Холалӣ аз ҷониби хоини ватан Ҳалим Назарзодаи бедину беватан ва гурӯҳи сияҳкори ӯ зимни ҳодисаҳои террористӣ ба ҳалокат расид. Номи неку корнамоии ин родмарди ватан пайваста қадр мегардад.

Соли 2016 литсейи касбӣ-техникии шаҳраки "Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъро ба номи ин родмарди миллат гузоштанд. Дар ҳақиқат, халқу ватан ҷоннисориҳои фарзандонашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.

Дар идомаи суҳбат волидайни Рустами Холалӣ ба раиси вилоят чунин иброз доштанд: "Ифтихор аз он дорем, ки имрӯз 4 писару набераҳоямон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолияти хешро идома дода истодаанд”.

Раиси вилоят ба масъулини ноҳияи Восеъ ҷиҳати бун-ёди хона – музейи Рустами Холалӣ дар ҳавлиашон дас-туру супоришҳо дода, таъкид намуданд, ки роҳи паймудаи ин ҷавонмарди асил барои насли имрӯзу фардои кишвар намунаи ибрату омӯзиш ба шумор меравад ва онро ҳамеша қадрдонӣ бояд кард.

Ҳамчунин, раиси вилоят аз вазъи рӯзгори Саодат Хоҷаева шинос гардида, бо Саодат ва аҳли хонаводааш суҳбат орост. Тавре ки хонандагони рӯзномаи "Хатлон” огоҳӣ доранд, Саодат Хоҷаева як тан зан-модари қавиирода, меҳнатдӯст буда, бо вуҷуди маъюбии хеш, ки аз як даст маҳрум асту дасти дуюмаш низ иллатист, тарбияи се фарзандро ба уҳда дорад ва тамоми корҳои рӯзгору замини наздиҳавлигиро ба сомон мерасонад. Пайвас-та шукргузор аз Худованд аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ваҳдату як-порчагӣ, сулҳу амонӣ пойдор аст ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пайваста дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Роҳбари аввали вилоят ба Саодат Хоҷаева низ кумаки моддиву пулӣ расонида, барояш тансиҳативу хонаободӣ таманно намуд. Дар ҳақиқат, бо кумаку дастгириҳои Роҳбари давлат, раиси вилоят, масъулини ноҳия таъмиру тармим дар ин хонадон босуръат идома дорад. Сохтмони ошхонаву дигар биноҳои ёрирасон низ дар арафаи анҷомёбист. Гирду атрофи ҳавлии Саодат Хоҷаева девор бардошта шуда, дарвозаи зебову мунаққаш насб намуданд. Хулоса, вазъи рӯзгори хонаводаи Саодат куллан тағйир ёфта, дар ин хонадон зиндагӣ ранги дигар гирифтааст.

Пас аз аёдати соби-қадорону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ дар Ҷамоати деҳоти "Рӯдакӣ”-и ноҳия шинос гардид. Сохтмони меҳмонхонаи баландошёна дар ҳудуди ҷамоат бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ суръат гирифта, як мавзеи зебои диданӣ пешорӯи бинанда ҷилвагар мегардад. Ҳамчунин, дар ин ҷо фаввораи зебо сохта шуда истодааст. Умуман, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти "Рӯдакӣ”- бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ даҳҳо иншоотҳои хизматрасонии тиббиву тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳо, варзишгоҳу бозор қомат афрохта, ба зебогии деҳот ҳусни тоза зам намудааст. Кӯчаву гулгаштҳои гулпӯшу чароғон ва шиору навиштаҷоти ин ҷо ба қалби ҳар як бинанда фараҳ мебахшад. Сохтмони роҳҳои дохилӣ низ вусъати тоза пайдо намудааст. Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии сокинону соҳибкорони ватанист, ки соли сипаригардида Ҷамоати деҳоти "Рӯдакӣ”-и ноҳияи Восеъ дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "Сайри гули лола” миёни ҷамоатҳои деҳоти вилоят соҳиби ҷойи аввал гардид.

Тавре ки раиси ҷамоати деҳоти мазкур Неъматулло Айниддинов изҳор дошт, айни замон, дар ҳудуди кӯчаву гулгаштҳои деҳот 23 ҳазор дона гули лола шинонда шудааст. Раиси вилоят, ҳамчунин, аз вазъи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, боғоту гармхонаҳо дидан ба амал оварда, бо хоҷагидорон суҳбат орост ва ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ маслиҳатҳои муфид дод.

 

А. САФАРЗОДА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

РАИСИ ВИЛОЯТ: «ДАСТГИРИИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ТАҲТИ ТАВАҶҶУҲ ҚАРОР ДОРАНД»

РАИСИ ВИЛОЯТ: «ДАСТГИРИИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ТАҲТИ ТАВАҶҶУҲ ҚАРОР ДОРАНД»

Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
«РӮЗГОРИ СОБИҚАДОРОН БАРОИ НАСЛИ ҶАВОН МАКТАБИ ҲАЁТ АСТ»

«РӮЗГОРИ СОБИҚАДОРОН БАРОИ НАСЛИ ҶАВОН МАКТАБИ ҲАЁТ АСТ»

Ҳокимияти давлатӣ

«ДАР ОН ҶОЕ, КИ ЗАН АСТ, ДАР ОН ҶО ЗЕБОӢ, ПЕШРАВӢ ВА ОБОДОНӢ АСТ»

Ҳокимияти давлатӣ

Ободонӣ мароми мардум аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
«Истифодаи оқилона аз имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор аст»

«Истифодаи оқилона аз имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор аст»

Ҳокимияти давлатӣ