Дар як сатр
» » УСТОДИ ЭҲТИЁТКОР ВА ШОГИРДИ НОСИПОС

УСТОДИ ЭҲТИЁТКОР ВА ШОГИРДИ НОСИПОС

17-01-2020, 22:27

Овардаанд, ки дар аҳди аввал паланг бо он ҳама ҳашамату зӯроварӣ, бадхашмиву дарандаи хунхор буданаш, ки ин замон дорад, як ҷонвараки беозор, содалавҳу ландаҳуре будааст. Аз сустиродагиву танбалӣ базӯр қути лоямути аҳли оиларо ёфта, наслашро нигоҳ медоштааст.

Модинапаланг ҳар замон коҳиш намуда, таъна мекардааст, ки бо ин ҷуссаву боҳайбатӣ наметавонад, дар ҷангал мавқеи худро дошта бошад. Боре масъаларо кундалаг монда: Бо ин минвол зиндагӣ кардан нашояд оқибат аз села дур меафтем” гуфта, оби дида рехтааст ва мисол овардааст:

-Шерро бин, худро шоҳи тамоми ҳайвоноти ҷангал эълон карда, яккаҳукмрон гаштааст.

-Гург чӣ, ҳаррӯз сайдашро меёбад, аз қафояш чандин шағол ҳам рӯзгорашонро ба сомон медароранд.

-На ҳамааш,- ғур-ғур кардаву аз як тараф ба тарафи дигар ғел зада, ислоҳ мекунад паланг модари фарзандонашро.

-Бале, на ҳамааш, онҳое, ки беҳунар баромадаанд дигар гург нестанд. Аз шарм аз села ҷудо гашта, аз ҷангал гурехта рафтаанд. Имрӯз онҳо ҳалқабаргӯши одамонанд. Барои як бурда нон як гапи хуб шунаванд сад сақат ба сарашон мерезанд. Онҳоро акнун саг меноманд. Дум ликонда барои пораи ноне хизмати мардум карда гаштаанд. Ё мехоҳӣ зиндагии сагона дошта бошӣ?

Аз ин суханони "занак” паланг хулоса мебарорад. Ба назди гурба, ки дар танҳоӣ мезисту бо чолокиву ҳушёриаш мушро аз сурохӣ, парандаро аз лонааш бо осонӣ шикор мекард, меояд. Дар байни селаи ҳайвоноти ҷангал миш-миш буд, ки гурба аслан аз гузаштагони дури палангҳоянд. Аз бозе ки зоти паланг бешарафиро пеша карда ландаҳур гашта буданд, гурба инро ба худ айб ҳисобида, аз села танҳо мезист. Зеро хуб медонист, ки аз дасти авлоди ноуҳдабаро оқибат ба балое гирифтор мегардад.

Ташрифи палангро дида, гурба аз рамузаш мефаҳмид, ки дар дил чӣ аламе дорад.

-Мехоҳам он чи аз гузаштагон медонӣ, ёдам диҳӣ, зиндагиро беҳ кардан мехоҳам,- хоҳиш мекунад паланг. Гурба ҳам ба хотири хешу таборӣ тамоми ҳилаву найранг, эҳёи бадхашмӣ, тундравӣ, шикор кардану луқма ба даст оварданро ба паланг ёд медиҳад. Дар андак муддат паланг дар ҷангал номӣ мегардад. Ҳама ҳайрон буданд, ки ин ландаҳур дар куҷо обутоб ёфта, чунин зӯру тавоно гаштааст. Ба ҳар ҳол аз ӯ эҳтиёт мекарданд. Дар села эҳтиромаш мекарданду зӯру бозуяшро таъриф.

Паланг аз таърифҳо саргарм гардида, худ ба худ меандешад, ки агар донанд сабақи шикорро аз гурба ёд гирифтаам, хандахариш мешавам. Ба ҳамин фикру андеша, ба мақсади нест кардан ба назди устодаш меояд.

-Мехоҳам донам, ки сабақи дигаре мондааст наомӯхта то маро дар оянда ба кор ояд?, - нописандона мепурсад паланг аз гурба.

- Не, он ки медонистам, ба ту ёд додам, метавонӣ бетарсу ҳарос дар ҷангал шикор карда гардӣ, - ҷавоб медиҳад гурба, ки барвақт нияти бади шогирдашро пайхас карда буд.

-Ин тавр, ки бошад, шикорро аз ту сар мекунам, - бо хашм меғуррад паланг.

-О, барои чӣ? Наход ба ҷойи некӣ бадӣ кунӣ. Ба хотири гузаштагон ин корро накун, - дар назар илтиҷоомез мегӯяд гурба.

-Не, туро нест кардан даркор. Агар донанд, ки ҳама диловарию чолокиро аз ту омӯхтаам, маро механданд,-гӯён панҷа зада гурбаро доштанӣ мешавад паланг.

Гурба, ки ба ин ҳамла тайёр буд, бо як чолокӣ ба дарахти рост часпида, боло мебарояд. Паланг ҳайратзада монд, чунки устод ба ӯ чунин ҳилаву ҷаҳишро наомӯзонда буд. Дар ҳолати шармандагӣ маъюсона аз гурба мепурсад, ки чаро ин равиши корро ба ӯ наомӯхт. Гурба бо истеҳзо ҷавоб медиҳад: "Барои рӯзи мабодо, барои эҳтиёти ҷон аз ту барин шогирдони носипос”.

Бо ҳамин гурбавупаланг дигар бо ҳам вонахӯрдаанд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЗАБОНДОНӢ

Фарҳанг ва адабиёт

Тавбаи гурба то дидани муши навбатӣ ё…

Хабарҳо

Бемории ҳорӣ ва оқибатҳои он

Тандурустӣ ва экология
Кафтор – ҳайвоне, ки шуморааш коҳиш меёбад

Кафтор – ҳайвоне, ки шуморааш коҳиш меёбад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
«Бешаи палангон»

«Бешаи палангон»

Хабарҳо, Туризм, Номаҳои Шумо