Дар як сатр
» » РОҲИ САФЕД, САФЕДА

РОҲИ САФЕД, САФЕДА

17-01-2020, 22:18

Рӯзи аввали соли хониш. Вақте духтараки гандумгуни миёнақад бори аввал ба синфхона ворид шуд, аз ҳаяҷон намедонист, ки дар курсии кадом қатор нишинад. Муаллими синфи якум Дилрабо Мирзоева ба қадду басти шогирди нави худ нигоҳ карда, ӯро дар курсии қатори пеш нишонд. Ҳамин тавр, таҳти таълиму тарбияи ин муаллими пуртаҷрибаву меҳрубон Сафедаи хурдсол ҳарфи аввалу ҳусни хатро азбар кард. Бо мурури рӯзу моҳҳо Сафеда бо шарофати устоди ғамхору модари хирадмандаш Нодира Раҷабова, ки омӯзгори фанни забони русӣ аст,дар баробари хониши аълову рафтори намунавӣ ба мутолиаи адабиёти бадеӣ шавқу мароқи зиёд пайдо кард. Ба синну соли худ нигоҳ накарда, лаҳзае ҳаёти кӯдакии худро бемашғулияти муфид намегузаронд. Фориғ аз дарси мактаб ба мутолиаи афсонаву ҳикоя ва очерку шеърҳои бачагона машғул шуда, қиссаву порчаҳои назмии азбарнамудаашро барои хоҳаронаш қироат мекард. Лаҳзаи гуфтугӯҳои телефонӣ барои падараш, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Россия аст,шеърҳои азёд намудаашро бо маҳорати баланд қироат мекард. Натиҷаи заҳмати устодону дастгирии волидайн дар тарбияи ин ғунчаи ояндаи илму адаб буд, ки 24-уми ноябри соли 2019-ум Сафеда Раҷабова дар қатори беҳтарин иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» муаррифӣ гардид.

Воқеан, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтани ин истеъдоди нодири зодаи ноҳияи Қубодиён боиси ифтихору сарфарозии кулли сокинони ноҳия мебошад. Сафеда дар ҳама даврҳои озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» дар қатори беҳтаринҳо дониста шуда, сазовори ифтихорномаҳои раисони ноҳияву вилояти Хатлон гардида, бо туҳфаҳои пулию молӣ қадрдонӣ шудааст. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур, ки моҳи декабри соли гузашта дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, Сафеда Раҷабова бо Дипломи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сипосномаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

Дар ҳақиқат, барои ноил гардидани як толибилми хурдсол ба чунин комёбиҳои бузург дар баробари заҳмати устодону модараш шавқу завқи бепоёни худи ӯ ба донишандӯзӣ низ мусоидат намудааст. Ба азми расидан ба дастоварду комёбиҳои баландтар саъю кӯшиш намуда, назди худ мақсад гузоштааст, ки илова ба таҳсилоти аъло ба мутолиаи адабиёти бадеӣ бештар шуғл варзида, дар оянда омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик шавад.

Сафеда Раҷабова то ин дам зиёда аз 200 адад китобҳои бадеиро мутолиа карда, 75 афсонаву қиссаҳои гуногунро азбар намудааст. Тавре зимни суҳбат бо сарвари МТМУ №19и ноҳияи Қубодиён Улфатхон Абдураҳимова ва омӯзгори фанни забон ва адабиёти ин муассиса Ҷамолиддин Мусофиров маълумамон гардид, онҳо аз ин парвардаи умедбахши мактаби худ интизориҳои зиёд доранд.

«Дастоварди бузурги Сафеда дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» шавқу рағбати ҳамсолону дигар хонандагони муассисаро ба илму донишандӯзӣ бештар намудааст. Боварии комил дорем, ки дар оянда дигар шогирдони мо низ дар озмуну олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, номбардори мактабу ноҳияи худ мегарданд», - бо камоли ифтихор изҳор медоранд омӯзгорони МТМУ №19-и ноҳияи Қубодиён.

Давлатбек Шарифов,

ноҳияи Қубодиён




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КИТОБХОНАҲОИ САРИ ХОСОР

Фарҳанг ва адабиёт
БЕҲТАРИН ГАНҶ КИТОБ АСТ

БЕҲТАРИН ГАНҶ КИТОБ АСТ

Маориф ва илм, Номаҳои Шумо

2000 СОМОНӢ - МУКОФОТ БА ОМӮЗГОРИ КИТОБХОН

Хабарҳо

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...

Маориф ва илм

Кӣ ғолиби «чароғи ҳидоят» мешавад?

Хабарҳо