Дар як сатр
» » КИТОБХОНАҲОИ САРИ ХОСОР

КИТОБХОНАҲОИ САРИ ХОСОР

17-01-2020, 22:17

Миллати тоҷик аз қадим халқи бофарҳангу китобдор буд ва ин анъана аз насл ба насл гузашта, то даврони мо омада расидааст. Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикис-тон бошад, ба масъалаи китобхонаҳо ва китобдорӣ аҳамияти бештар зоҳир мегардад. Дар маркази ҷамоати деҳоти «Сари Хосор» китобхона фаъолият дорад, ки сокинон аз он ба таври васеъ истифода мебаранд. Китобхона дорои беш аз 4600 нусха адабиётҳои гуногун мебошад.

Ҷиғагул Азизова хонандаи фаъоли китобхона буда, ба озмуни Ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ...» омодагӣ мегирад. Ӯ то имрӯз адабиёти зиёдеро мутолиа кардаасту мехоҳад дониши хешро васеъ намуда, дар ин озмун сазовори ҷои ифтихорӣ гардад.

Дар Паёми навбатии хеш Президенти мамлакат нисбати ташкили китобхонаҳо дар ташкилоту корхона ва муассисаҳо дастур додаанд. Вобаста ба ин дар деҳаи дурдасти Мулоконӣ, дар бинои муассисаи таълимӣ директори мактаб Идрис Наъимзода китобхона ташкил намудааст. Дар ин китобхона беш аз 500 адад асарҳои адабиёти бачагона, бадеӣ ва сиёсӣ ҷамъ оварда шудааст.

Аксари хонандагони муассиса таътили зимистонаро дар ин китобхона гузарониданд. Ба гуфти раиси ҷамоати деҳоти "Сари Хосор” Ҳасан Иброҳимзода ҳамин гуна китобхонаҳо дар ҳамаи деҳаҳо ташкил карда мешавад, то сокинон ба китоб дастрасӣ дошта бошанд.

 

Ш. Сафарзода




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БЕҲТАРИН ГАНҶ КИТОБ АСТ

БЕҲТАРИН ГАНҶ КИТОБ АСТ

Маориф ва илм, Номаҳои Шумо

Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо

Фарҳанг ва адабиёт
Китоб кони ганҷ аст

Китоб кони ганҷ аст

Фарҳанг ва адабиёт
Беҳсозии кори китобдорӣ

Беҳсозии кори китобдорӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор

Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА