Дар як сатр
» » ДАР МЕҲМОНИИ «АРМУҒОНИ СУЛҲ»

ДАР МЕҲМОНИИ «АРМУҒОНИ СУЛҲ»

17-01-2020, 22:15

Дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем» бо иштироки аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Армуғони сулҳ» ва ҳайати устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Шоири шинохта ва ваҳдатсаро, сарвари Ташкилоти ҷамъиятии «Армуғони сулҳ» Хосият Вализода маҳфилро бо байти зерин ифтитоҳ бахшид:

Кабӯтар дар ҳаво, оҳу ба саҳро сулҳ мехоҳад,

Зи мурғи хона то оҳуи саҳро сулҳ мехоҳад.

Нотиқ қайд намуд, ки имрӯз ҳамаи мо барои амалӣ ва тақвият бахшидан ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омадем ва умедворам, кииқдоми неки пешгирифтаи Сарвари давлатамон - яъне «Сулҳ хостан» бояд шиори ҳар як фарди тоҷик бошад. Тоҷикистонро обод гардонем, зеро танҳо ба ҳамин васила абадияти сулҳ дар ин сарзамин пойдор мемонад ва мо танҳо дар он сурат метавонем миллати тавоно бошем, ки Ватанамонро аз сидқи дил дӯст дорем.

Ба қавли Х. Вализода, мақсад ва ҳадафи асосии ташкилот низ аз бедор намудани ҳисси миллӣ, худшиносиву худоогоҳии ҷавонон, мусоидат ба таҳкими сулҳ, созиш ва ваҳдати миллӣ, башардӯстӣ, кумак дар ҳалли барномаҳои иҷтимоии Тоҷикистон, тавассути илму фарҳанг ва адабиёт, паст кардани шиддати ақоиди таасуббарангез, ифротгароӣ дар байни ҷавонон, мусоидат ба пешрафти маънавии насли наврас, саҳмгузорӣ дар пешгирии омилҳои хушунати хонаводагӣ, ба табъ расонидани асарҳои шоирону нависандагони классик ва муосир, ҷалб намудани ашхоси воқеии ватанӣ ва хориҷӣ ба корҳои хайриявӣ иборат буда, пайгирии он яке аз масъалаҳои муҳим дар ҷомеи мо мебошад.

Сипас, ноиби ректор оид ба робита ба ҷомеа Зафар Мирзоён сухан карда, чунин изҳор дошт: «Пеш аз ҳама, мо сулҳҷӯйиро бояд аз Сарвари давлатамон биомӯзем, зеро дар душвортарин лаҳза сулҳро нигоҳ дошта тавонистанд ва ба он асос гузоштанд, ки ин кори саҳлу осон нест. Ҳамаи мо мусулмон ҳастем, аммо дар мадди аввал мо тоҷикем, аз фарҳанги миллии худ набояд дурӣ ҷӯем, баръакс ифтихор намоем, ки миллати соҳибтамаддун ва дар илму дониш пешрафта будем. Мо бояд худро худ нобуд насозем. Ва ин тақлидкориҳое, ки худро ба арабу турк монанд мекунем, имрӯз дар ҷомеаи мо чун «вабои аср» ба назар мерасад, ки ин хатари аз байн бурдани миллат аст. Айни замон ҷаҳон дар як марҳилаи ниҳоят ҳассос қарор дорад. Имрӯз сайтҳои интернетии зиёде ҳастанд, ки ҷавононро ба ифротгароӣ бурда мерасонанд. Чаро мо натавонем пеши роҳи ин гуна хилофатангезонро бигирем? Мо бояд конференсияҳои зиёде дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронем ва ҷавононро ба маънию дарки сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ раҳнамун созем. Барои ҳамин Пешвои миллат борҳо дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки: «Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем». Терроризму экстремизм зери ниқоб ва сӯистифода аз дини ислом карда, мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ месозанд. Дар ин росто, ҳушёрии миллат зарурист. Ташкилоти ҷамъиятии «Армуғони сулҳ» ва вазифаи асосии он таблиғ намудани сулҳу ваҳдат аст, ки ҷамъиятро ба роҳи дуруст ҳидоят менамояд».

Дар рафти чорабинӣ аъзои фаъоли ташкилоти мазкур Шоири халқии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, устод Ҳақназар Ғоиб, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Лутфи Хомӯш, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова, узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Саъбагул Валиева, сарояндаи мумтоз Тобиш Ҳилолӣ, шоир, барандаи ҷоизаи адабии ИНТ «Падида» ба номи Боқӣ Раҳимзода Ҳуснигул Раҳимзода ва дигарон дар атрофи сулҳу ваҳдат ва доир ба бурду бохти миллати тоҷик изҳори андеша намуданд.

Ташкилкунандаи ин чорабинӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Хосият Вализода барои саҳми арзанда гузоштан дар мусоидат ба таҳкими сулҳ, Ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносии миллӣ аъзои фаъолро бо Сипосномаи Ташкилоти ҷамъиятии «Армуғони сулҳ» қадрдонӣ намуд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ Тобиш Ҳилолӣ бо ғурури баланду ифтихори миллӣ сурудҳои ватанпарваронаи хешро манзури аҳли толор намуд.

 

Бахтиёр САФАРОВ,

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - НИШОНИ ПОЙДОРӢ ВА УСТУВОРИИ МИЛЛАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - НИШОНИ ПОЙДОРӢ ВА УСТУВОРИИ МИЛЛАТ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Номаҳои Шумо
Дар ҳамкорӣ терроризму ифротгароиро пешгирӣ намоем

Дар ҳамкорӣ терроризму ифротгароиро пешгирӣ намоем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, АСАЛМО САФАРОВА
Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем

Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Фарзанди фарзонаи миллат

Фарзанди фарзонаи миллат

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо