Дар як сатр
» » ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШУД

ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШУД

17-01-2020, 22:12

Варзишгари касбии тоҷик, муқими Федератсияи Россия, Беҳрӯз Қурбонов дар сабқати муштзании намуди ММА (муҳорибаи омехта) дар мусобиқи байналмилалӣ дар шаҳри Москва ба паҳлавони Ҷумҳурии Қазоқистон Арман Сапаров ғолиб омада, соҳиби ҷойи аввал гардид.

Беҳрӯз Қурбонов дар ин сабқат дар вазни 84 килограмм қувваозмоӣ намуда, бар ҳамаи ҳарифонаш ғолиб омада, ҳуқуқи иштирок кардан дар дигар сабқатҳои саросарии Россияро ба даст овард.

Қурбонов Беҳрӯз Шерафганович 21-уми сентябри соли 1986 дар деҳаи Офтоблиқои ноҳияи Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ аз синни хурдсолӣ ба варзиш шавқу ҳаваси беандоза дошт. Падараш Шерафган Қурбонов, ки худ муаллими варзиш буд, лаёқати Беҳрӯзро эҳсос карда, ӯро пайваста ба тамрини гӯштин ҳидоят мекард. Беҳрӯз баъди хатми мактаби деҳа ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, дар Федератсияи Россия низ вақтҳои берун аз кор дар толори «ШАНС», ки роҳбараш бародарон Василий ва Виктор Сергеевич буданд, 4 сол ба варзиши намуди бокс машғул мешавад.

Аз номи тими ҳамин толори варзишӣ дар чандин мусобиқаҳо иштирок карда, соҳиби медалу ифтихорномаҳо гардидааст. Дар яке аз мусобиқаҳо, ки ба хотири ёддошти муштзани беҳтарини рус Капитанов барпо шуда буд, иштирок карда, дар вазни 77 килограмм соҳиби ҷойи аввал шуд.

Баъд аз ин ба толори варзишии Александр Котов даъват менамоянд. Дар ин ҷо муддати якуним сол аз намуди варзиши ММА машқ мекунад. Сипас, дар толори варзишии Акбар (Акбарҷон Қурбонов - шаҳрванди Тоҷикистон), ки дар шаҳри Москва воқеъ аст, тамрин менамояд.

Мураббиёни варзишии ӯ Зоир Пиров, Шуҳрат Ҳакимов, Солеҳ Ҳасанов мебошанд, ки аз соли 2015 инҷониб ӯро дар мусобиқаҳо дастгирӣ мекунанд. Дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Падолск 13 июли соли 2019 баргузор гардида буд, ӯ дар вазни 84 килограмм ҷойи якумро ба даст оварда, соҳиби ҷоизаи мусобиқа гардид.

Дар охири моҳи декабри соли 2019 мусобиқаи муҳорибавии «Кализей 7» байни ташкилотҳои варзишии байналмилалӣ, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, Беҳрӯз Қурбонов дар вазни 84 килограмм дар ММА сабқат карда, ҷойи аввал ва соҳиби камарбанди мусобиқа гардида, унвони чемпиониро соҳиб шуд.

 

Б. Сафаров




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Бохтар»

Ҷавонон ва варзиш

С. САИДОВ ҶОМРО БА ДАСТ ОВАРД

Хабарҳо
Азизҷон – варзишгаре, ки 65 медал дорад

Азизҷон – варзишгаре, ки 65 медал дорад

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Ҷавонон ва варзиш
6 паҳлавон соҳиби медал шуданд

6 паҳлавон соҳиби медал шуданд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Варзишгари хатлонӣ дар Амрико низ соҳибном шуд

Варзишгари хатлонӣ дар Амрико низ соҳибном шуд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР