Дар як сатр
» » РОҲҲО БУНЁДУ НАВСОЗӢ МЕШАВАНД

РОҲҲО БУНЁДУ НАВСОЗӢ МЕШАВАНД

17-01-2020, 22:11

Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик корҳои ободонию созандагӣ идома доранд. Аз ҷумла, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ корҳои тахту ҳамворкунии роҳҳо дар маҳаллаи навбунёди 20-солагии Истиқолияти ҷамоати шаҳраки "Совет” ба анҷом расида, мумфаршкунии он оғоз гардидааст.

Мумфаршкунии роҳҳо бо саҳми соҳибкорони ватанӣ дар Ҷамоати деҳоти "Танобчӣ”-и ноҳия низ бомаром идома дорад. Дар ҷамоати мазкур мумфаршкунии роҳҳоро Муасссисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия ба уҳда дорад.

Роҳҳои маҳаллаи мазкур ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза мумфарш гардида, зимни бунёди онҳо қоидаҳои роҳсозӣ пурра риоя мегарданд. Айни замон дар ин маҳаллаи навбунёд беш аз 150 оила зиндагӣ мекунанд ва давоми ду соли оянда хонаҳои истиқоматӣ ба 350 адад мерасанд.

Бино ба иттилои сардори муассиса Ҳусейн Саидзода, дар ноҳия аз ҷониби соҳибкорон корхонаи асфалтбарорӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки он кори роҳсозони ноҳияро осон мегардонад. Бо истифода аз имконияти мавҷуда дар Ҷамоати деҳоти "Танобчӣ” қисмати зиёди роҳҳои байни деҳаҳо ва маркази ҷамоат сангфаршу мумфарш карда шудаанд. Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони ҳуҷраҳои иловагӣ барои бунгоҳи тиббӣ ва маркази саломатӣ идома дорад. Мавриди зикр аст, ки баъди ба истифода додани ин муассисаҳои тандурустӣ ба беш аз 3 ҳазор аҳолӣ хизмати тиббӣ расонида мешавад. Дар корҳои сохтмонӣ сокинони ҷамоат саҳм мегузоранд. Соҳибкори маҳаллӣ Зикрулло Қурбонов дар маркази ҷамоати мазкур 70 фоизи корҳои сохтмонии бинои боғчаи бачагонаро барои 60 кӯдак анҷом додааст. Боғчаи мазкур дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.

Дар ноҳия бахшида ба ин ҷашни фархунда аз ҷониби дигар корхонаю ташкилот, муассисаҳои тандурустию фарҳанг ва маориф корҳои ободонӣ идома доранд.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ФАРХОР. АЗМИ БУНЁДУ НАВСОЗИИ 324 ИНШООТ

Хабарҳо

Ҷ.Балхӣ: Баистифодадиҳии 153 иншоот

Ҳаёти иҷтимоӣ

Темурмалик:Бунёдкорӣ вусъат меёбад

Ҳаёти иҷтимоӣ
Темурмалик. Омодагиҳо ба ҷашн

Темурмалик. Омодагиҳо ба ҷашн

Ҳаёти иҷтимоӣ

Давраи ободонӣ ва бунёдкориву созандагӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ