Дар як сатр
» » БОҒИ БОТАНИКӢ УЗВИ ИТТИҲОДИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОҒҲОИ БОТАНИКӢ ОИД БА ҲИФЗИ РАСТАНӢ ШУД

БОҒИ БОТАНИКӢ УЗВИ ИТТИҲОДИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОҒҲОИ БОТАНИКӢ ОИД БА ҲИФЗИ РАСТАНӢ ШУД

17-01-2020, 22:10

Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб дар баландии 630-647 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, масоҳаташ 18 гектар мебошад. Боғи номбурда узви Иттиҳодияи байналмилалии боғҳои ботаникӣ оид ба ҳифзи растанӣ (BGCI-Botanic Gardens Conservation International) гардид, ки дар Тоҷикистон ягона боғи ботаникии узви ин Иттиҳод мебошад.

Мариё Бобоев, доктори илмҳои биологӣ директори Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб, ба хабарнигорон иброз намуд, ки тавассути узвият боғҳои ботаникӣ метавонанд барои гузаштан аз аккредитатсия ба Иттиҳодия муроҷиат намоянд. Инчунин, муассисаҳои аъзо метавонанд доир ба дигар боғҳои ботаникии дунё маълумоти пурра ба даст оранд ва аз кору фаъолияти онҳо бохабар бошанд. Барои аъзои Иттиҳодия, имкон аст, ки аз махзани маълумотҳои ҷустуҷӯи дарахтони ҷаҳонӣ (Global Tree Search), таҳдиди растаниҳо (Threat Search) ва олами наботот (Plant Search) дастрасӣ пайдо кунанд. Ҳоло беш аз 800 боғи ботаникии 118 давлати ҷаҳон узви он мебошанд.

Бино ба маълумоти манбаъ, соли 1987 бо дастгирии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) Иттиҳодияи байналмилалии боғҳои ботаникӣ оид ба ҳифзи растаниҳо ҳамчун як котиботи хурд барои муттаҳид намудани боғҳои ботаникӣ ва дигар ташкилотҳо ба шабакаи глобалӣ бо мақсади ҳифзи гуногунии намудҳои олами наботот таъсис дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб соли 1985 бо ташаббуси муштараки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати маҳаллии шаҳри Кӯлоб таъсис ёфт. Ин боғ дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир буда, аввалин муассисаи илмӣ-академӣ аст ва дар рушди боғи ботаникӣ олим, шодравон Тилло Бобоев саҳми беандоза гузоштааст. Вазифаҳои асосии он, чун дигар боғҳои ботаникӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои гуногуни мутобиқгардонии дарахтон, буттаҳо, гулҳо, растаниҳои шифобахш ва хӯрокӣ дар минтақа мебошад.

Аз минтақаҳои гуногун дастрас кардан, овардан, коштани тухмҳои набототи қитъаҳои гуногун ва омухтани хусусиятҳои био-экологӣ ва мутобиқшавии онҳо дар муҳити нав; омӯзиши ҳаматарафаи хусусиятҳои биологӣ ва экологии намудҳои набототи ҷамъовардашуда; дар қитъаҳои ҷуғрофӣ ба тартиби муайян ҷойгир кардани намудҳои гирдоварда; муҳофизати набототи маҳаллие, ки ба онҳо нестшавӣ таҳдид мекунад ва аз сари нав паҳн кардани онҳо дар манотиқи табиӣ; омӯзиши тарзу усулҳои боғикунонии набототи худрӯйи фоидаовар, аз қабили зира, субинак, ҷамбилак, қарақорт, зелол ва ғайра; зиёд кардан ва тавсия намудани дарахтон, буттаҳо ва гулҳои нодир, аз вазифаҳои асосии кормандони боғ ба ҳисоб меравад.

- Солҳои охир кормандони боғи ботаникӣ якчанд мавзеи Тоҷикистони Ҷанубиро мавриди омӯзиш қарор дода, зиёда аз 200 намуди растаниҳои маҳаллиро ҷамъоварӣ намуданд, - зикр намуд Мариё Бобоев, директори Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб. - Аз ин шумора 42 намуд дар «Китоби сурх”-и Тоҷикистон ва «Китоби сурх”-и Осиёи Миёна қайд гардидаанд. Боғ ҳамчун озмоишгоҳи илмӣ барои устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва коллеҷҳои тиббӣ ва омӯзгорӣ хизмат менамояд.

Дар ин ҷо донишҷӯён ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти набототи мамлакат ва дигар манотиқи хориҷӣ шинос шуда, бевосита мушоҳида ва тадқиқоти илмии биологӣ, экологӣ бурда, хусусиятҳои мутобиқшавии набототро ошкор менамоянд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷ. БАЛХӢ. БУНЁДИ 6 ГЕКТАР БОҒИ НАВ

Хабарҳо

РОҲАНДОЗИИ ДУ ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ

Хабарҳо

Азнавсозии боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ

Фарҳанг ва адабиёт

Дар Ховалинг боғи фарҳангӣ бунёд мегардад

Тандурустӣ ва экология

БУНЁДИ «БОҒИ ҶАВОНОН» ДАР ҚУБОДИЁН

Хабарҳо