Дар як сатр
» » Қ. Ҳакимзода: «Камбудиҳоро бартараф намоед!»

Қ. Ҳакимзода: «Камбудиҳоро бартараф намоед!»

7-11-2017, 10:38

Қ. Ҳакимзода: «Камбудиҳоро бартараф намоед!»

Дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Комиссияи вилоятии байниидоравӣ оид ба тарбия ва маърифати экологӣ доир гардид. Дар он масъулоне, ки оид ба фаъолияти кори худ маълумот надодаанд, камбудиҳоро бартараф намуда, аз тарафи Комиссияи вилояти Хатлон супориш гирифтанд, ки дар кўтоҳтарин фурсат бояд гузориш пешниҳод намоянд.

Дар ин бора муовини якуми раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси Комиссия, зимни суҳбат ба раисони Комиссияҳои ҷамъиятӣ-муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва мудирони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят баён намуд.

Дар ҷаласа муҳокимаи масъалаи оид ба рафти иҷрои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 ва тасдиқи нақшаи кории Комиссияи вилоятии байниидоравии давлатӣ оид ба тарбия ва маърифати экологӣ дар вилояти Хатлон барои соли 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми раиси вилоят, иброз дошт, ки ҳадафи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 барои ташаккули ҷаҳонбинии нав ва тарзи ҳаёти нави ҷомеа, беҳтар намудани ҳолати муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолӣ мебошад.

«Имрўз дар тамоми дунё ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, махсусан баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад, чунки аз он некуаҳволӣ ва саломатии одамон вобаста аст», - афзуд Қурбон Ҳакимзода.

Қ. Ҳакимзода: «Камбудиҳоро бартараф намоед!»

Сипас, намояндагони Комиссияҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Шаҳритўс, Норак, Шамсиддин Шоҳин доир ба татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 гузориши муфассал пешниҳод намуданд.

Дар охир, Қурбон Ҳакимзода, раиси Комиссияи вилоятӣ, раванди татбиқи Барномаи давлатиро мавриди таҳлил қарор дода, қайд намуд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист, пешбурди сиёсати давлатии экологӣ дар ҷумҳурӣ ва дар ин ҷода якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ, ки ҷиҳати иттилоърасонӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ доир ба фаъолияти соҳа, ҳамкории нозирони соҳавӣ ва истифодабарандаҳои табиат мусоидат намуда истодааст.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мақсад-баланд бардоштани маърифати экологии омӯзгорону хонандагон

Мақсад-баланд бардоштани маърифати экологии омӯзгорону хонандагон

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Тандурустӣ ва экология, АСАЛМО САФАРОВА
Ҳифзи табиат яке аз рукнҳои асосии ҳифзи ватан ба ҳисоб меравад

Ҳифзи табиат яке аз рукнҳои асосии ҳифзи ватан ба ҳисоб меравад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Захираҳои табиӣ - бойигарии мо

Захираҳои табиӣ - бойигарии мо

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Номаҳои Шумо
Муборизаро бо коррупсия пурзӯр намоем

Муборизаро бо коррупсия пурзӯр намоем

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз дасти Пешвои миллат ҷоиза мегиранд

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз дасти Пешвои миллат ҷоиза мегиранд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА