Дар як сатр
» » МУҲИМИЯТИ ОМӮЗИШИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

МУҲИМИЯТИ ОМӮЗИШИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

17-01-2020, 22:08

Аз таърихи инкишофи табиатшиносӣ бармеояд, ки дар ҳама давру замон ин соҳа яке аз воситаҳои асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Кашфиёти илмӣ ва татбиқи амалии онҳо ба тақдиру сарнавишти инсон таъсири беандоза калон дорад.

Кашфи қонунҳои механика дар асри XVII, сохтани мошину механизмҳо, кашфи мавҷҳои электронӣ ва бунёди электротехника дар асри XIX, радиотехника ва радиоэлектроника, пешниҳоди назарияи ядрои атом, кашфи асрори ирсият дар нимаи дуюми асри XX ва ин гуна мисолҳоро бисёр овардан мумкин аст.

Дар айни замон, инсони асри XXI ба илму техника ва ояндаи он на танҳо бо ҳисси шавқу завқ ва эҳтиром, балки бо тарсу ҳарос низ менигарад. Мегӯянд, ки илм ба инсон на танҳо хайру манфиат, балки бадбахтиву мусибат низ меоварад ва ин суханон асос ҳам дорад.

Мафҳуми илмро таҳлил намуда, профессор А.В. Малко қайд менамояд, ки дар зери мафҳуми мазкур фаъолият оид ба омӯзиши донишҳои нав ва ҳамчунин, натиҷаи ин фаъолият, низоми донишҳои дар ҳамин лаҳза ба дастомада фаҳмида мешавад. Илм кӯшиш менамояд маълумоти навро ба даст оварад, ақидаҳоро пешкаш намояд. Аз ин лиҳоз илм чун қуввае баромад менамояд, ки дигар намуди фаъолиятҳоро тағйир медиҳад.

Инсон бояд ҳодисоти аслӣ, низоми тарзҳо, усулҳои истифода бурдани ин донишҳоро дар амалияи ҷамъиятӣ пешкаш намояд, табиат ва ҷомеаи бавуҷудояндаро бифаҳмад ва онро шарҳ диҳад. Дар ин роҳ инкишофи ақлии инсон, яъне ривоҷёбии шуури ӯ мавқеи хоса пайдо карда, бо дарккунии ин ҳодисаҳо донишҳояш ривоҷ меёбанд ва он ба пайдошавӣ ва ривоҷёбии гурӯҳи илмҳои алоҳидаи иҷтимоӣ оварда мерасонад.

Илмҳои мавҷударо метавон ба ду гурӯҳ ҷудо кард:

-Илмҳои табиатшиносӣ (дақиқ – физика, химия, геология ва ғайра).

-Илмҳои ҷамъиятшиносӣ (гуманитарӣ - фалсафа, сиёсат-шиносӣ, ҳуқуқшиносӣ ва ғайра).

Қонунҳои табиӣ, ки дар табиат новобаста аз ирода ва шуури одамон вуҷуд доранд, мавзӯи омӯзиши чунин илмҳо, ба монанди математика, геометрия, физика, химия, астрономия ва ғайра маҳсуб меёбанд. Хусусан, ҳамаи илмҳои дар ҷомеа вуҷуддошта хос мебошанд, зеро ба воситаи матлаб ҳар як илм ҳодисаҳои иҷтимоиро таҳлил менамояд ва ба он ҷавобашро ҷустуҷӯ менамояд. Ҳамаи илмҳои мавҷуда дар доираи муаммоҳои дохилии худ омӯзиши онҳоро ба роҳ мемонанд ва аз тарафи дигар «ба вазифаи ин соҳаи илм дохил мешавад». Дар ҷараёни инкишофи ҷомеа муаммоҳои нави ҳаётӣ ба миён меоянд, ки вобаста аз муносибати муайяни ҷамъиятӣ ба яке аз соҳаҳои илм марбут буда, ҳалли минбаъдаи худро чун мавзӯи баҳси ҳамон соҳаи илм дар худ мегирад.

Аз тарафи дигар, агар ба таърихи зиёда аз 2 ҳазору 500-солаи табиатшиносӣ назар андозем, дида мешавад, ки ин соҳа хусусан, дар се садсолаи охир бо суръати бениҳоят баланд инкишоф ёфтааст. Дар ин муддат, дар соҳаи физика аз тасаввуроти олимони Юнони қадим то манзараи квантию релятивии микро, дар соҳаи химия аз тасаввуроти кимиёгарони асримиёнагӣ то химияи квантӣ ва дар соҳаи омӯзиши табиати зинда аз биологияи тасвирӣ то биологияи молекулавию генетикӣ роҳ паймуда шуд.

Дар ибтидои асри XXI табиатшиносӣ ба марҳилаи нави инкишофи худ дохил гардид, ки дар он шаклҳои системавӣ ва байнисоҳавии тадқиқоти илмӣ ба мадди аввал мебароянд. Тадқиқоти байнисоҳавии муосир системаҳоеро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, ки характери кушода, ғайрихаттӣ, ғайримувозинатӣ ва худташкил-ёбанда доранд.

Дифференсиатсияи илм ба он меоварад, ки донишҳо оид ба табиат аниқтар ва чуқуртар мешаванд. Ҳамин тавр, дар натиҷаи дифференсиатсияи донишҳо илми ягона ба маҷмӯи соҳаҳои маҳдуду ҷудогонаи тадқиқот табдил меёбад. Дар натиҷа, олимон мавқеъ ва моҳияти кори хешро дар омӯзиши олами ягона, яклухт ва объективӣ замина мегузоранд.

Хулоса, илм яке аз шохаҳои фарҳанги инсоният буда, ба рушду инкишофи ҷамъият вобастагии зич дорад. Мушкилоту ихтилофи вазъи имрӯза гувоҳи он аст, ки илму дониш, дар ҳақиқат, ба зуҳуроти проблемаҳои экологӣ ва масъалаҳои дигари ҳалталаби замон сабабгор аст. Дар айни замон, ҳалли ин проблемаҳо бидуни илм ва инкишофи минбаъдаи он ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, нақши илм дар ҷомеаи инсонӣ рӯз аз рӯз меафзояд ва дониставу надониста паст задани мақоми илм дар ҷамъият ба оқибатҳои нохуш хоҳад овард.

 

Некқадам Мирзоев,

омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БАРНОМАИ РАҲНАМУНСОЗ

Маориф ва илм

КИТОБ - РАҲНАМОИ ЗИНДАГӢ

Фарҳанг ва адабиёт
Ба илм аст ҳар мамлакатро мадор

Ба илм аст ҳар мамлакатро мадор

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Об ва масъалаҳои рушди устувор

Об ва масъалаҳои рушди устувор

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология
Ба олимони кишвар дар пешбурди илми ватанӣ барори кор

Ба олимони кишвар дар пешбурди илми ватанӣ барори кор

Хабарҳо, Маориф ва илм