Дар як сатр
» » МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАГОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ

МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАГОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ

17-01-2020, 22:06

Дар маҷлисгоҳи фарҳангии Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав мулоқоти намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят бо роҳбарон ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Муҳаммад Шодиён, ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав, қайд намуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ, халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гардидааст. Аз ин лиҳоз муборизаи дастҷамъона алайҳи ин зуҳуроти ҷомеа кори ҳамагон буда мебошад.

- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия заминаи қонунӣ-ҳуқуқӣ сохта шуда, он бо суръати тез мукаммал мегардад, - зикр намуд Эмомалӣ Набиев, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав. - Манбаи асосии қонунгузории зиддикоррупсионӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки меъёрҳои бевосита ба пешгирии коррупсия нигаронидашуда дорад. Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии махсус ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия бахшидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои иловагии пурзӯр кардани мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани Агентии мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шудааст.

Нозим Каримов, намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, зикр намуд, ки майли моҷароҷӯӣ ё шомилшавии баъзе ҷавонписарони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ боиси нигаронии Сардори давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ гардидааст. Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.

- Аз ҷониби мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 140 нафарро бо гумони узвият дар созмони мамнӯи«Ихвон –ул-муслим» дастгир карданд, ки аз ин шумора 40 нафарашон ба ҳайси омӯзгор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштанд, - афзуд Нозим Каримов. - Ҳангоми баррасӣ муайян гардид, ки 55 нафари онҳо сокинони вилояти Хатлон мебошанд. Аз ин шумора як нафар - Исматулло Шеров, донишҷӯи курси 4-уми факултети таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав дастгир карда шудааст.

 

Нозим Каримов аз кулли омӯзгорон даъват ба амал овард, ки барои аз байн бурдани ин вабои аср саҳмгузор бошанд ва баҳри ободии ватани хеш қадамҳои устувор гузоранд.

Зеро давлат танҳо бо неруи қавии зеҳнӣ, идеяи миллӣ ва афроди пешоҳанг, яъне, равшанфикрон, донишмандон ва ҷавонони таҳсилдидаю навовараш рушд мекунад. Барои комёб шудан ба рушди устувор, албатта, таҳкими ғояи миллӣ ва идеологияи давлатӣ муҳим аст.

Ҳамчунин, дар ҷамъомад зикр шуд, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кормандони ДДБ ба номи Носири Хусрав Маҳмадятим Гулов бо 8 ҳазор сомонӣ, Олима Ҳакимова бо 5 ҳазор сомонӣ ва дар санаи 6-уми январи соли 2020 Раҳматулло Аминов бо 5 ҳазор сомонӣ бо пора дастгир карда шудаанд.

Парвиз Одинамаҳмадзода, намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар мавзӯи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки марому мақсади ниҳоии ин ҳуҷҷат паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, ҷиҳати рушди иқтисодиёт, демократия, мукаммалгардонии идоракунии давлатӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва иҷрои дигар ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд дар кишвар мебошад.

Асомиддин Ҳамзазода, дар ин вохурӣ иттилоъ дод, киба назорати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» диққати махсус дода, нисбати ҷинояти хусусияти террористию экстремисти дошта парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Ҳамчунин, зикр намуд, ки аз тарафи муфаттишони мақомоти прокуратура 23 парвандаи ҷиноятии характери коррупсиони дошта оғоз гардида, ва тафтиш идома дорад.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

МУЛОҚОТ ОИД БА ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ

Хабарҳо
Дар муборизаи зидди коррупсия бетарафӣ нашояд

Дар муборизаи зидди коррупсия бетарафӣ нашояд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем

Дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
М. Хидирзода: “Муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъист”

М. Хидирзода: “Муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъист”

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист

Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР