Дар як сатр
» » САДА ОИНИ ХАЛҚИ ТОҶДОР АСТ

САДА ОИНИ ХАЛҚИ ТОҶДОР АСТ

17-01-2020, 22:02

Миллати тоҷик соҳибиоину суннатҳои бостонӣва фарҳанги қадимабуда , дар тамаддуниҷаҳонӣ саҳми сазоворгузоштааст. Суннату оинҳои неква ҷашнҳои миллиимо, мисли Наврӯз, Меҳргон ваСада дар тӯлитаърих барои тарғибиахлоқу маънавиёти созандахизмат кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Доир ба ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихӣнақлу ривоятҳо зиёдандва онҳо аззамонҳои қадим, ҳатто аздавраҳои Каюмарсу Исфандиёр, кияке аз аввалинкадхудои ҷаҳон вадигар қаҳрамони достони«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошанд, роиҷ буданиин иди суннатии ниёгониориёии моро қайдкардаанд.

Дар қиссаҳоиадабию таърихии Пешдодиён, ки бештар тарзибаёни ривоятӣ доранд, аззабони Фирдавсӣ нақл шуда, кирӯзе Ҳушанг бо саднафар мулозимонаш барои саёҳатба доманаи кӯҳиИстахр рафт. Ногоҳ Ҳушанг мориазимҷуссаеро бо чашмонихуношому оташиндандон дид, киба самти онҳомехазид. Сангеро ба сӯйи морпартоб кард ваон ба сангидигари бузург бархӯрда, шарораи ҳосилаз бархӯрди инсангҳо ба хасу хошокафтод ва мориазимҷусса бисӯхт. Ин ҳодисаро ҲакимФирдавсӣ чунин ишоракардааст:

Баромад зи сангигарон

сангихурд…

Фуруғе падид омад аз

ҳарду санг,

Бигуфто: Фурӯғест ин

эзадӣ,

Парастид бояд агар

бихрадӣ.

Яке ҷашн кард он шабу

бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни

фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин сада

ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Ҳушанг азшарора афканди сангба ҳайрат монда,онро чун шӯоифурӯғи яздонӣ пазируфт вааз ҳамон рӯзбузургдошти Оташро ба ҷо овард. Инмаросим ҷашни Саданомгузорӣ шуд вамардуми ориёинажод онропос дошта, дар арафаифаро расидани онгулханҳо меафрӯхтанд. Ҳушанг аввалинодаме буд, ки баъдиихтирои оташ баистихроҷи филизот азсанг оғоз намудва онро гудохтаалайҳи аҳриманзодаву девудадҳо аслиҳаи ҷангӣсохт.

Сада калимаифорсӣ- тоҷикӣ буда, аз адади 100 (сад) гирифта шуда,дар забони паҳлавӣон ба шаклҳои«сат», «сатаг», «сазак» ё «саз»омадааст. Ин ҷашнро 10-уми моҳиБаҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаромегирад, яъне поёни шаби 30-юм ваоғози рӯзи 31-умиянвар ниёгони мо ҷашн мегирифтанд.Ба қавли АбӯрайҳониБерунӣ аҷдодони барӯмандимо шабу рӯзроалоҳида ҳисоб мекарданд, ки ондар якҷоягӣ торасидани Наврӯз 50 шабу 50 рӯз ( дар маҷмӯъ100) – ро ташкил менамуд.

Сада омад, ки тарабро сару

солорбувад,

Шодмониро з-ин пасбар

мо борбувад.

Дар роҳи ҷашниСада

гарчи зимистон дар баст,

Партави чеҳраи ӯгуфт,

киин ёр бувад.

Ҷашни Сададар поёни чиллаикалон чун рамзигузаштани сардиҳои зимистонодатан муждае азназдик расидани фаслибаҳор меовард. Мардум,аз он ҷумладеҳқонон дар шабиСада бори дигарфариштаи гармию фурӯғиминоӣ Митра (Меҳр)- ро ёдоварӣнамуда, ба поси онгулханҳои бузург меафрохтандва шодиву хушҳолӣменамуданд.

Сада моҳиятанпирӯзии рӯшноиро барторикӣ ифода намуда,бо тантанаи оташафрӯзӣомадани фасли баҳорумуждаи пешакии Наврӯзромерасонад.

Ин маъниро дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ», қисми 2 низ ба хубӣ пайдо кардан мумкин аст, ки вожаи Сада маънии гурӯҳи саднафара, дастаи садкасиро дорад. Ҳамчунин омадааст, ки Сада яке аз се ҷашни куҳантарин ва бузургтарини мардуми ориёинажод буда, онро аз аҳди қадим эрониён ва мамолики дигари машриқзамин, аз қабили Афғонистон, Тоҷикистон, Ҳиндустону Покистон дар як замон-даҳуми баҳманмоҳ (29-30 январ) ҷашн меороянд. Боиси ифтихору хушнудист, ки ин се ҷашн (Меҳргон, Наврӯз ва Сада), бо вуҷуди ҳамлаву тороҷи аҷнабиён, ҳарчанд баргузориҳояш аз байн мерафт, вале то ба имрӯз моҳияти худро дигар накард.

Ҷашни Сада дастархони ба худхосе дошт, ки даратрофи он нишаста,маҷлиси рақсу бозирооғоз мекарданд, иҷрои оҳангҳоиихтироъкардаи Борбаду Накисо, овозхонӣ вабадеҳагӯӣ то бомдодирӯзи дигар идомамеёфт. Рӯзи дигаршоҳону мулукон бапазироӣ менишастанд ва маҷлис бамусобиқаи шоирону мадеҳагӯёнтабдил меёфт. Бароигузаронидани ин ҷашн ҷойҳои махсуспешбинӣ шуда буд вамардум дар он замонтибқи анъана ҷамъмеомаданд. Дар ҷамъомадҳои идонашаробу ширинӣ вамеваҳои зиёде рӯихони ҷашнӣ чидамешуд ва азаввали ғурубиОфтоб оташро равшанмекарданд. Шоирон ашъори худромехонданд, навозандагон сурудҳои суннатии худротараннум мекарданд. Фазоихуши озодонаю идонадар ҷамъомад ҳукмфармомегардид.

Омад, эй сайди аҳрор,

шаби ҷашниСада,

Шаби ҷашни Садаро

ҳурматибисёр бувад.

Барафрӯз оташи Бурзин,

кидар ин моҳбасе,

Озари Бурзин пайғамбари

озор бувад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар баробари самтҳои гуногунирӯзгори мардум, базиндаву ҷовид карданикешу оин ва ёдгориҳоиаздастрафтаи мардуми тоҷикрӯ овардан ба насли худ, ба кону гаҳвари худкорҳои беандоза зиёд карданд ваба бахти мардуми тоҷик, шодиирӯҳу равони гузаштагонимо, ин корҳо бешаз пеш дартобишу такон варангу рӯи тоза ҷилвагар аст.

Сада оини халқитоҷдор

аст,

Зи насли ориёӣбар мо

ёдгор аст…

Ки то тоҷик бошаддар

ҷаҳоншод,

Сада чун чархигардон

пойдор аст.

Таҳияи Шералӣ Хоҷаев




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

САДА РАМЗИ ОМОДАГӢ БА КИШТУКОРИ БАҲОРӢ ВА МУЖДАИ НАВРӮЗ АСТ

САДА РАМЗИ ОМОДАГӢ БА КИШТУКОРИ БАҲОРӢ ВА МУЖДАИ НАВРӮЗ АСТ

Ҳокимияти давлатӣ
Сада-муждаи наврӯз

Сада-муждаи наврӯз

Фарҳанг ва адабиёт
Ҷашни сада оини ниёкон аст

Ҷашни сада оини ниёкон аст

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Сада муждаест аз омадани баҳор ва омодагиҳо ба киштукор

Сада муждаест аз омадани баҳор ва омодагиҳо ба киштукор

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Пайки наврӯзӣ

Пайки наврӯзӣ

Фарҳанг ва адабиёт