Дар як сатр
» » ИНТИХОБОТРО ДАР САТҲИ БАЛАНДИ СИЁСИВУ ТАШКИЛӢ МЕГУЗАРОНЕМ

ИНТИХОБОТРО ДАР САТҲИ БАЛАНДИ СИЁСИВУ ТАШКИЛӢ МЕГУЗАРОНЕМ

17-01-2020, 22:01

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, бо иштироки Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён, Зариф Ализода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалҳои ҳуқуқӣ, Саъдӣ Шарипов, ҳуқуқшинос, омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо фаъолон, раисони участкаҳои интихоботӣ ва аъзои комиссияи интихоботӣ, вохӯрии судманд баргузор гардид.

Нахуст, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён, ба сухан баромада, иброз намуд, ки ҷиҳати ҷалб намудани тамоми қишри ҷомеа ба интихобот чораҳои зарурӣ андешида, гурӯҳҳои таблиғотӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.

Зариф Ализода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалҳои ҳуқуқӣ, дар баромади худ оид ба тартиби баргузории интихобот дар участкаҳои интихоботӣ, ба қайдгирии номзадҳо, раванди корбарии аъзоёни участкаҳо ва шароити хуби корӣ муҳайё намудан дар нуқтаҳои овоздиҳӣ рӯшанӣ андохт. «Бояд рӯзи баргузории интихобот фазои идона дошта бошад ва даъватномаҳои интихобкунандагон бояд мувофиқи қонунгузорӣ оид ба интихобот сари вақт дастраси шаҳрвандон гардонида шавад», - қайд намуд Зариф Ализода.

Инчунин, таъкид гардид, ки барои шахсони имконияташон маҳдуд ва шахсони солхӯрда ва барҷомонда, дар рӯзи баргузории интихобот шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Саъдӣ Шарипов, ҳуқуқшинос, омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар баромади хеш, оид ба масъалҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии баргузории маъракаи интихобот қайд намуда, аз аъзоёни комиссияи интихоботӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ташкили рӯйхати интихобкунандагон: "Бахусус шаҳрвандоне, ки бори аввал дар интихобот иштирок менамоянд, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шавад.

Сипас, иштирокчиёни вохӯрӣ ба коршиносон суолҳо дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Баъд аз вохӯрӣ меҳмонон аз нуқтаи ҷойгиршавии ҳавзаи интихоботии якмандатии "Кӯшониён 27" ва участкаҳои интихоботии Маҷлиси вакилони вилоятӣ ва ноҳиявӣ дидан намуда, оид ба корҳои анҷомдода ва норасоиҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд. Ба масъулин баҳри камбудиҳо тавсия доданд.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Зафар Файзуллозода узви Маҷлиси миллӣ интихоб гардид

Зафар Файзуллозода узви Маҷлиси миллӣ интихоб гардид

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Даст кашидани се номзад аз ширкат дар интихобот

Даст кашидани се номзад аз ширкат дар интихобот

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кӯлоб. 1565 нафар бори аввал овоз медиҳанд

Кӯлоб. 1565 нафар бори аввал овоз медиҳанд

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қӯрғонтеппа. Мизи мудаввар бо ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ

Қӯрғонтеппа. Мизи мудаввар бо ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Семинарҳои омӯзишӣ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа ва Вахш

Семинарҳои омӯзишӣ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа ва Вахш

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА