Дар як сатр
» » ТАВАҶҶУҲ БА ИЛМУ МАОРИФ БЕШТАР АСТ

ТАВАҶҶУҲ БА ИЛМУ МАОРИФ БЕШТАР АСТ

17-01-2020, 21:58

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фаъолияти Ҳукумати мамлакатро дар давоми як сол таҳлилу баррасӣ намуда, барои солҳои минбаъда якчанд вазифаи мушаххас дар назди халқу Ҳукумат гузошт.

Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, дар соли 2019 низ чун дигар солҳои даврони соҳибистиқлолӣ фаъолияти Ҳукумат ба хотири некуаҳволии мардум ва ободии ҷумҳурии азизамон равона карда шуда, дар ин самт корҳои зиёде низ анҷом ёфтаанд. Соли сипаришуда барои халқу давлати мо соли бобарор ва таърихӣ буд ва мо дар ин сол ба як қатор дастоварду муваффақиятҳо ноил гардидем.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки мавриди таваҷҷуҳи Сарвари мамлакат қарор гирифт, масъалаи илму маориф буд. Қайд гардид, ки ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа додан, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ислоҳот даровардан ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф кардан тақозои замон мебошад. Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки ба зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем.

Доир ба ин масъалаи, ки мавриди таваҷҷуҳи Сарвари мамлакат қарор гирифт, раванди маърифатнокии ҷомеа ва ба китобхониву забондонӣ ҷалб намудани онҳо буд. Бо ин мақсад Пешвои миллат дас-тур доданд, ки ҳар сол озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ” – ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб карда шаванд ва аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон чораҷӯӣ намоянд. Инчунин, Сарвари мамлакат пешниҳод намуданд, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ҳар сол баргузор карда мешавад.

Мувофиқи таъкиди Сарвари мамлакат китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок намудани ҷомеа мебошад ва ба ҳамин хотир, лозим аст, ки чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Сарвари мамлакат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар давоми солҳои 2014-2019 қариб 8 миллион китоб ба нашр расида бошад ҳам, вале беш аз 2 миллион нусха китобҳо ба фурӯш нарафта, дар анбори нашриёт мондаанд. Барои рафъи ин мушкилот супориш доданд, ки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намуда, китобҳои аз гардиш бозмондаро дастраси мардум гардонанд.

Иқдоми дигаре, ки аз ҷониби Пешвои миллат роҳандозӣ гардид, то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп кардан ва аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намудани китоби "Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров буд, ки бешак, дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандории мардум саҳмгузор хоҳад буд. Ба қавли Сарвари мамлакат, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Барои ба ин мақсад расидан лозим аст, ки тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон якдилона меҳнат намоянд ва барои ояндагон мулки ободе ба мерос гузоранд.

С. Аҳмадов,

номзади илмҳои филология, мудири кафедраи

адабиёти тоҷик,

С. Чиллаев,

докторанти кафедраи

адабиёти тоҷики

ДДБ ба номи Н. Хусрав




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КИТОБХОНАҲОРО БА МАРКАЗИ ИЛМУ ФАРҲАНГ ТАБДИЛ ДИҲЕМ

КИТОБХОНАҲОРО БА МАРКАЗИ ИЛМУ ФАРҲАНГ ТАБДИЛ ДИҲЕМ

Фарҳанг ва адабиёт
БЕҲТАРИН ГАНҶ КИТОБ АСТ

БЕҲТАРИН ГАНҶ КИТОБ АСТ

Маориф ва илм, Номаҳои Шумо

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ - ТАВСИЯДИҲАНДАИ РОҲИ НЕК

Маориф ва илм, Номаҳои Шумо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ- МАОРИФПАРВАРИ БУЗУРГ

Маориф ва илм

КИТОБ - РАҲНАМОИ ЗИНДАГӢ

Фарҳанг ва адабиёт