Дар як сатр
» » «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» ЯК РУКНИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ АСТ

«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» ЯК РУКНИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ АСТ

17-01-2020, 21:57

Дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, банди 22-и ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, имсол низ озмуни ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор мегардад.

Ҳадафи асосии баргузории фестивали «Сайри гули лола» вусъат бахшидани ободонию сабзкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо, деҳоту маҳаллаҳо, инчунин ташвиқу тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ дар байни аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола», пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар як хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят равона гардида, барои сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо омодагӣ ба даври якуми фестивали «Сайри гули лола» дар сатҳи маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳрҳои вилояти Хатлон бомаром идома дорад.

Дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Бохтар, чун соли қаблӣ барои ширкат дар озмуни «Сайри гули лола» тайёрии ҳамаҷониба мебинанд. Ба иттилои масъулони идораи ҳифзи муҳити зисти шаҳр, имсол шинонидани 478 ҳазору 288 дона гули лола ва 257 ҳазору 843 адад гули садбарг ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 347 ҳазору 76 дона гули лола, 22 ҳазору 340 дона гули виола ва 165 ҳазору 300 бех гулкарам шинонида шудааст. Дар маҷмӯъ, дар мавсими имсола дар ҳудуди маркази маъмурии вилоят шинонидани як миллиону 843 ҳазор дона гулҳои рангоранги ороишӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нақша то 7 январ 72% иҷро шудааст.

Тавре ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд, имсол дар ноҳия тибқи нақша шинонидани 55 ҳазор дона гули лола дар назар аст. То имрӯз 29 ҳазору 670 дона лолаи навъҳои гуногун шинонида шудааст.

Дар кӯчаву хиёбонҳои ноҳияи Фархор то охири ҳафтаи сипаришуда 32 ҳазор бех гули лола ва 200 дона гули садбарг шинонида шудааст. Тибқи нақша барои боз ҳам оро додани ноҳия иловатан 30 ҳазор гули садбарг, 200 ҳазор адад дигар намуди гулҳо бояд шинонида шаванд. Дар маҷмӯъ, имсол шинонидани 300 ҳазор бех гулҳои ороишӣ дар назар аст.

Масъулони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Норак иттилоъ доданд, ки дар ин шаҳри нур низ омодагиҳо ба озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» хуб ба роҳ монда шудааст. Тибқи нақша, бояд сад ҳазор бех гули лола ва 330 ҳазор адад гули навъҳои дигар шинонида шавад. То ҳафтаи гузашта аллакай 19 ҳазору 800 дона гули лола, 18 ҳазору 880 бех гулҳои ороишӣ шинонидаанд, ки дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ нашъунамо хоҳанд ёфт.

Дар ноҳияи Восеъ бошад, то 4 январи соли равон аллакай 23 ҳазор дона гули лола шинонидаанд. Даҳ ҳазор бех гулҳои ороишӣ дар ҳудуди шаҳрак ва ҳудуди ҷамоатҳо то ҳафт ҳазордонаӣ гулҳои гуногуни зеббахш шинонида шудааст. Гулкорон мақсад доранд, ки теъдоди лолаҳоро ба 38 ҳазор адад расонанд.

Ҳамин тавр, дар ноҳияи Ҷайҳун низ шинонидани на кам аз 22 ҳазор дона лоларо имсол ба нақша гирифтаанд. То ҳафтаи гузашта 7 ҳазору 200 дона гули лола, 2 ҳазору 500 бех садбарг, 1100 бех дарахтони ороишӣ дар ду канори шоҳроҳ, 1010 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва 3070 бех дарахтони сояафкан шинонида шудааст.

Маъракаи шинонидани гулу буттаҳо, бахусус лола дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

«Сайри гули лола» як рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз буда, эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум нақши муассир дорад. Ба қавли таърихшиносон, дар гузашта ин ойин дар сарзамини Бохтари қадим ва баъзе манотиқи дигар бо номи «Ҷашни гули сурх» хеле шукӯҳманду хотирмон баргузор мегардид.

Тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хос доир намудани «Сайри гули лола» дар сатҳи маҳалла, деҳот, шаҳр, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик буда, ташаббускори ин иқдоми басо нек ва дилписанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд, ки пайваста мардумро ба ободонию сабзкорӣ ҳидоят намуда, фарҳанги зебоипарастиро ташвиқу тарғиб мекунанд.

Қобили зикр аст, ки даври дуюми озмун дар сатҳи вилоят ва марҳилаи сеюм дар пойтахти мамлакат дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҷамъбаст хоҳад шуд. Соли гузашта ба иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмун аз рӯйи беҳтарин гулгашту хиёбонҳо бо шинондани гулҳои лолаю садбарг, дарахтони сояафкану ороишӣ, беҳтарин шаҳраку деҳот ва маҳалла дар 9 номинатсия ғолибон муайян карда шуданд. Дар ҷумҳурӣ маҳаллаи Рӯдакии шаҳри Бохтар беҳтарин маҳалла донис-та шуд. Дар маҳаллаи мазкур се гулгашти зебо бо беш аз 20 ҳазор гулҳои лолаю садбарг ороста шуда буд. Рушди деҳот, ки аз масъалаҳои муҳим давоми се соли оянда ба ҳисоб меравад, «Беҳтарин деҳот» яке аз номинатсияҳои озмун буд. Ҷамоати деҳоти «Рӯдакӣ»-и ноҳияи Восеъ аз рӯйи ин номинатсия ғолиби ҷойи аввал шуд. Дар номинатсияи «Беҳтарин деҳа» деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара ғолиб омад.

Дар ҷумҳурӣ дар пайи ташкили озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» соли гузашта 2 миллиону 673 ҳазору 123 гули лола шинонида шуд.

 

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

Ҳаёти иҷтимоӣ

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо

Азми бунёди беш аз 1100 га боғу токзори нав

Хабарҳо