Дар як сатр
» » Иттифоқҳои касаба-ҳомии ҳуқуқҳои шаҳрвандон

Иттифоқҳои касаба-ҳомии ҳуқуқҳои шаҳрвандон

17-01-2020, 21:52

16-уми январи соли равон Пленуми ҳаштуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ҷамъомад роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Ғазалшо Сафарзода, муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода, раисони кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳавӣ, намояндагони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба ва кормандони ВАО ширкат доштанд. Пленуми ҳаштумро раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Абдурозиқ Ризозода кушода, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷамъомад ошно намуд.

Сараввал ҳозирин ҳисоботи Абдурозиқ Ризозодаро дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 шуниданд.

Тавре ки А. Ризозода таъкид дошт, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои қонунии иҷтимоиву иқтисодии шаҳрвандон, аъзои иттифоқи касаба корҳои муайянеро ба анҷом расонид.Масъалаи қабули шаҳрвандон ва сари вақт ҳаллу фасл намудани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доимо дар маркази диққати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят қарор дошта, дар соли 2019 муроҷиати 725 шаҳрванд ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 11 нафар маъюб ва 28 нафар нафақахӯр мебошанд. Аз рӯи муроҷиатҳои бақайдгирифта аз тарафи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ва Шӯрои иттифоқҳои касабаи шаҳри Кӯлоб 17 корманди ғайриқонунӣ аз кор озод карда шуда, ба ҷойи кори пештараашон барқарор ва рухсатпулии як корманд аз корфармо рӯёнида дода шуд.

Ба мақсади дастрасии ҳамагон бо хабару маълумотҳо оид ба фаъолияти иттифоқҳои касабаи вилоят Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон сомонаии худро таъсис дод. Дар ин давра ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқиву иқтисодӣ ва расонидани ёрии амалии дастуриву усулӣ бо раисони ташкилотҳои иттифоқи касаба ва кормандони масъули корхонаву ташкилот ва муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Фархор, Темурмалик, Қубодиён, Шаҳритуз, Н. Хусрав, Хуросон, А. Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ ва Ш. Шоҳин семинарҳои сайёри омӯзишӣ доир карда шуданд, ки дар онҳо раисони ташкилоту муассисаҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, нозирони кадрҳо ва сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳо ширкат доштанд.

Чуноне ки зимни ҳисобот А. Ризозода иброз дошт, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ҳамчун шарики иҷтимоӣ, ҳамкорӣ дар ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон ва табобати санитариву курортии кормандон дар осоишгоҳ мебошад. Ҷиҳати мусоидат ба татбиқи амалии қарори раиси вилояти Хатлон аз 29 марти соли 2019 №91 "Оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 таҳти №103”, "Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019” як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Аз ҷумла, дар истироҳатгоҳҳои "Шифобахш” 226 нафар, "Насими Фархор” 85 нафар, "Шарора” 250 нафар ва Истиқлол 75 нафар, "Интернати Кадучӣ”-и ноҳияи Восеъ 30 нафар, "Офтобак”-и шаҳри Норак 120 нафар, дар маҷмӯъ 796 кӯдаки ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд.

Ҳамчунин, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 №34 «Дар бораи, тартиб ва андозаи хароҷоти маблағи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санитарию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо» 217 кӯдаку наврасонро аз ҳисоби маблағи суғуртаи давлатии иҷтимоии дар харҷномаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешниҳодшуда, барои фароғат ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии "Файзи Истиқлол”, воқеъ дар дараи хушманзари "Варзоб” сафарбар намуданд. Кумитаи иттифоқи касабаи соҳаи кишоварзии вилоят бошад, бо дастгирии Кумитаи ҷумҳуриявии соҳавӣ дар истироҳатгоҳи "Қаратоғ”-и ноҳияи Шаҳринав 200 нафар, иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва роҳҳои вилоят 9 нафар кӯдакону наврасонро дар истироҳатгоҳи "Шоҳин”-и шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ва Кумитаи иттифоқи касабаи соҳаи савдо 14 нафар кӯдакони кормандони соҳаро дар истироҳатгоҳи "Чангоб”-и шаҳри Ҳисор ба истироҳат фаро гирифтанд.

Чуноне ки дар ҳисобот таъкид гардид, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят баҳри амалигардонии қоидаҳои ҳифзи меҳнат, таъмини шароити корӣ, риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ, муҳофизат аз сӯхтор, ҳифзи муҳити зист, экология ва санитариву гигиенӣ пайваста тадбир меандешанд. Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷаи молияи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон 473633 сомонӣ ҳаққи аъзогии иттифоқҳои касаба ворид шуд, ки ин 80 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ин давра дар доираи чорабиниҳо бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар назди Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилоят ташкилоти ҷамъиятии "Сайри ҷаҳон” ташкил карда шудааст, ки ҳар моҳ хоҳишмандонро барои дидан аз мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ва берун аз он сафарбар менамояд.

Тавре ки А. Ризозода иброз дошт, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва кумитаҳои иттифоқҳои соҳавӣ дар оянда низ ҳамкориро бо Федератсияи мустақили Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва хадамоти давлатӣ дар соҳаи меҳнат дар вилоят вусъат дода, иҷрои уҳдадориҳои бандҳои созишномаи минтақавии байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ва иттиҳодияи корфармоёни вилояти Хатлон барои солҳои 2018-2020-ро таъмин намуда, минбаъд низ самти асосии фаъолияти худро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, амалӣ гардонии назорати ҷамъиятии қонунгузории меҳнат ва ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва меҳнатии кормандон равона месозад.

Сипас, нақшаи чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон оид ба амалигардонии дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019, ҳамчунин, нақшаи фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон барои соли 2020 аз ҷониби иштирокдорони Пленум тасдиқ гардид. Абдураҳмон Ҳамидов, мудири шуъбаи ҳуқуқи Шӯро оид ба ҷамъбаст ва таҳлили муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ва ташкилотҳои ҳамузв гузориш дод.

Дар Пленуми ҳаштуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон нақшаи чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон оид ба татбиқи амалии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №599 аз 27 ноябри соли 2019 "Дар бораи барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” вабуҷети молиявии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон низ тасдиқ гардиданд.

Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Ғазалшо Сафарзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзоёну масъулини иттифоқи касаба бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Роҳбари давлат нисбати фаъолияти иттифоқҳои касаба бетаваҷҷуҳ нест. Тавре ки Сарвари давлат таъкид дош-танд: "Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бояд фаъолияти худро ба талаботи замони муосир мувофиқ намуда, барои амалисозии сиёсати давлат оид ба ҳифзи меҳнат ва муҳити зист, таъминоти иҷтимоӣ ва суғурта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, таълим ва такмили ихтисоси кадрҳои иттифоқи касаба чораҳои мушаххас андешад”.

Чуноне ки Ғ. Сафарзода таъкид дошт, раванди ҷаҳонишавӣ, муборизаҳои давлатҳои абарқудрат имрӯз тақозо месозад, ки тамоми мардуми кишвар муттаҳиду якҷо бошем, баҳри ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, пойдории ваҳдат ва сулҳу амният, ки бо заҳматҳои бесобиқаи Президенти мамлакат ба даст омадааст, посбону ҷоннисори ин ватан бошем. Дар ин ҷода Паёми навбатии Президенти мамлакатро ба Маҷлиси Олӣ чун нақшаву дастури ҳамарӯзаи ҳаёту фаъолияти хеш қарор диҳем. Зеро Паёми мазкур имрӯзу 20 соли ояндаи ватани азизамонро муайян сохтааст.

Муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Файзизода низ сухан намуда, иброз дошт, ки соли 2020 барои кормандони иттифоқҳои касаба соли махсус ба шумор меравад. Ба ин мақсад фаъолияти хешро бояд аз соли гузашта дида беҳтару хубтар ба роҳ монем. Саҳми худро дар рушду нумӯи ҷомеа гузорем.

Пасон ба як гурӯҳ кормандони иттифоқҳои касаба, аз ҷумла масъулини кумитаҳои соҳавӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ ифтихорномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон супурда шуд.

А. Сафарзода

"Хатлон”




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

11 КОРМАНД БА ҶОЙИ КОР БАРҚАРОР ШУДАНД

Хабарҳо
102 ҳолати вайрон намудани кодекси меҳнат

102 ҳолати вайрон намудани кодекси меҳнат

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, КОМРОНИ БАХТИЁР
Иттифоқҳои касаба набояд ба бемасъулиятии корфармоён созгор бошанд

Иттифоқҳои касаба набояд ба бемасъулиятии корфармоён созгор бошанд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шумораи аъзои иттифоқи касаба дучанд шуд

Шумораи аъзои иттифоқи касаба дучанд шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҳуқуқи корманд дар мадди аввал

Ҳуқуқи корманд дар мадди аввал

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА