Дар як сатр
» » ҲАШАРИ УМУМИШАҲРӢ

ҲАШАРИ УМУМИШАҲРӢ

14-01-2020, 21:31

Рӯзи истироҳати аввали соли 2020 дар шаҳри Кӯлоб ҳашари умумишаҳрӣ эълон карда шуд ва онро аз маҷмааи кишоварзию саноатии Ҷамоати деҳоти «Зиракӣ», назди гармхонаҳои хоҷагии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз карданд.

Дар ин мавзеъ саҳмдорони хоҷагӣ ва сокинон беш аз 200 ниҳоли ороишию сояафкан шинонданд. Дар ин ҳашар ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, роҳбарияти шаҳр ва раиси хоҷагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Абдуҷаббор Зардиев иштирок намуда, ниҳолҳои ороишӣ шинониданд. Дар кӯчаю маҳалла ва гулгаштҳои шаҳр низ корҳои ободонӣ идома ёфтанд. Кормандони корхонаи давлатии фаръии ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳин ниҳолҳои ороишӣ шинониданд Ҳамчунин, дар назди ҳайкали шоир Ашӯр Сафар дарахтонро ба тартиб дароварда, 50 бех ниҳол шинониданд.

Корхонаи мазкур дар баробари шинонидани ниҳолҳо ва таъмини дигар ташкилоту корхонаҳо бо ниҳол дар гармхонаҳои муассиса гулҳои мавсимиро парвариш карда истодаанд. Дар боғи Хуталон бошад, дарахтони ороишӣ шинонида, бехи дарахтони мавҷударо нарм карданд. Инчунин, дар ду тарафи роҳравҳо гулҳои лола шинониданд.

Ба иттилои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб дар ин ҳашари дастаҷамъона дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот беш аз 1000 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шуд.

 

Ш. Сафарзода



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо