Дар як сатр
» » ҚОТИЛ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ ШУД

ҚОТИЛ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ ШУД

14-01-2020, 21:29

Фаррух Халифаев, сокини Ҷамоати шаҳраки «Москва»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ҷурми қатли ҳамсари худ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ равонаи зиндон гардид.

Тавре ки Нурзода Сайвалӣ, раисикунандаи мурофиа иттилоъ дод, Халифаев Фаррух ҳангоми баҳсу муноқишаи оилавӣ ҳамсараш Разоқова Арӯсро бо истифода аз корди хоҷагӣ ба ҳалокат расонидааст. Тибқи далелҳои дар парванда овардашуда, судшаванда Ф. Халифаев аз ҳамсараш даъвои ҷудошавиро шунида, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани ӯ аз пешдолони манзили истиқоматӣ корди дар хоҷагӣ истифода мешударо гирифта,13 маротиба ба қисмати рости гардан ва китфи ҳамсараш мезанад, ки дар натиҷа номбурда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Бинобар иттилои манбаъ гунаҳгор Ф Халифаев баъди содир намудани ин кирдори ваҳшиёнаи худ ихтиёран ба ШВКД дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рафта, ба гуноҳи содирнамудааш иқрор мешавад. Ҳамин тавр, ҷинояти содиркардаи Ф Халифаев дар асоси моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст гардида, нисбат ба Халифаев Фаррух ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу шаш моҳ бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт ҷазо таъйин карда шуд.

Ҳасан АБДУРАҲИМЗОДА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

НАШЪАҶАЛЛОБ ҶАЗОИ САЗОВОР ГИРИФТ

Ҳуқуқу амният
Занро шавҳараш кушт

Занро шавҳараш кушт

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният

Зӯроварӣ дар оила ҷавобгарӣ дорад

Хабарҳо
295 ҳазору 986 сомонӣ зарар рӯёнида мешавад

295 ҳазору 986 сомонӣ зарар рӯёнида мешавад

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Нафси бад - балои ҷон!

Нафси бад - балои ҷон!

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ