Дар як сатр
» » САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ «ХАТЛОН»

САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ «ХАТЛОН»

14-01-2020, 21:29

Аслиддин Ҳабибуллоев, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ капитан ва дарвозабони тими миллии кишвар, сармураббии дастаи лигаи олии чемпионати Тоҷикистон-"Хатлон”-и шаҳри Бохтар таъйин шуд.

Тавре ки аз Федератсияи футболи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, Аслидин Ҳабибуллоев кори сармураббигиро аз соли 2009 оғоз намудааст ва худи ҳамон сол бо собиқ дастаи "Вахш”-и (ҳозира "Хатлон”)-и шаҳри Бохтар чемпиони Тоҷикистон гардида, ба Ҷоми Президенти Конфедератсияи футболи Осиё роҳхат гирифтаю то марҳилаи нимфиналии мусобиқа рақобат намудаанд. Ӯ қаблан дар тими мунтахаби "Хатлон”-и шаҳри Бохтар (2011-2013), "Истиқлол”-и шаҳри Душанбе (2014-2016) ва "Хатлон” (2017-2019) ба сифати мураббии калон фаъолият кардааст. Аз соли 2012 то 2016 дар ҳайати дастаи миллии ҷавонон ва наврасони Тоҷикистон ба ҳайси мураббии дарвозабонон ифои вазифа намудааст.

Мавриди зикр аст, ки А. Ҳабибуллоев дар давоми фаъолияти касбиаш ба гирифтани ҷоизаҳои чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ бо дастаи "Вахш” дар соли 2009, соҳиби медалҳои биринҷии чемпионати Тоҷикистон бо дастаи "Вахш” дар соли 2010 мебошад. Ҳамчунин, соли 2009 мураббии беҳтарини сол дониста шудааст.

Фирдавс Умаров,

коромӯзи "Хатлон”




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«МОҲИР»-И ЁВОН БА ЛИГАИ ЯКУМ РОҲХАТ ГИРИФТ

Ҷавонон ва варзиш
U18. «ХАТЛОН» СОҲИБИ МЕДАЛИ НУҚРА ШУД

U18. «ХАТЛОН» СОҲИБИ МЕДАЛИ НУҚРА ШУД

Ҷавонон ва варзиш

«МОҲИР» - ПЕШСАФИ ЛИГАИ ДУЮМ

Хабарҳо
«Ҳосилот» ба Ҷоми КФО омодагӣ мебинад

«Ҳосилот» ба Ҷоми КФО омодагӣ мебинад

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон мураббии

Қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон мураббии "Равшан" таъин шуд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА