Дар як сатр
» » ДАР ТАНҲОӢ ТЕРРОРИЗМРО НАМЕТАВОН МАҲВ КАРД

ДАР ТАНҲОӢ ТЕРРОРИЗМРО НАМЕТАВОН МАҲВ КАРД

14-01-2020, 21:27

Инсоният дар оғози асри 21 бо амалҳои номатлубе, ки ба орзуву ниятҳои одаму олам таҳдид мекунад, рӯ ба рӯ гардидааст, ки ин падида терроризми байналмилалӣ мебошад.

Бар зидди терроризм бояд тамоми ҷомеа муттаҳид шудамубориза баранд, чунки бидуни ҳамкориҳои судманд барҳам додани терроризми байналмилалӣ ғайриимкон аст.

Дар ин бораАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронсибайналмилалии сатҳи баланд, ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо вадигар шарикони рушд барпо гардид, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: "Вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм ва ифротгароӣ бояд бо нақши калидӣ ва ҳамоҳангсозии Соз-мони Милали Муттаҳид оид ба муборизаалайҳи терроризм ва конвенсияҳоизидди террористӣ, қатъномаҳои Шӯрои Амният ва Маҷмааи умумӣ асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароиро ташкил намоянд”.

Аз ин гуфтаҳо ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳеҷ кас аз амалҳои терроризми байналмилалӣ, ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи олам, худро осуда ҳис карда наметавонад. Хатари асосие, ки терроризми байналмилалӣ ба бор овардааст, ин мафҳумҳои "терроризм” ва "ислом” –ро дар як сатҳ бо ҳам пайванд дода, як будани онҳоро ба афкори ҷамъияти ҷаҳонӣ талқин мекунанд, ки ин, албатта, хатои маҳз аст. Зеро имрӯз амалҳои террористӣ исбот месозанд, ки онҳо исломро бадном мекунанд ва аз номи ислом баромад карда,кирдорҳои зиштро содир менамоянд.

Экстремизм ва терроризм афзоиш ёфт. Дар шароити ҳозира созмонҳо, гурӯҳҳо ва шахсони рӯҳияи террористидошта фаъолияти худро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои зиддиинсонӣ бо бераҳмии том истифода менамоянд. Дар ҷаҳон бештар дар бораи терроризми исломӣ ҳарф мезананд. Аслан худи ҳамин мафҳум нодуруст мебошад, зеро ислом ҳамчун дин ба терроризм робитае надорад.

Терроризм хатарноктарин таҳдиде мебошад, ки аҳолии ҷаҳон ба он рӯ ба рӯ шудааст. Воқеаҳои мудҳишисолҳои охир дар сайёра нишон доданд, ки инсоният то ҳанӯз тайёр нест, ки ба таҳдиди терроризми байналмилалӣ ҷавоб диҳад. Ҳоло танҳо ҷустуҷӯйи роҳҳои бартарафкунии он мавриди талошҳо қарор доранд. Аммо маълум аст, ки аз байн бурдани терроризм ҳамчун ҳодисаи сиёсати ҷаҳонӣ муттаҳиднамудани кӯшишҳои ҷомеаи башариро дар соҳаҳои гуногун, аз низомӣ сар карда то молиявӣ тақозо мекунад.

Бо назардошти муҳимияти ин масъала Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ чунин қайд намуданд: "Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардид, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафтиинсоният табдил ёфтааст. Инсониятдар симои терроризми байналмилалӣбо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамомимеъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад. Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд”.

Кормандони сохторҳои тандурустии вилояти Хатлон аз Паёми Пешвои муаззами миллат хулосаизурурӣ бароварда, дар мушовараҳо ва шӯроҳои табибон ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, кушиш менамоем, ки дар мубориза бар зидди амалҳои номатлуб саҳм бигиранд. Ҳамчунин, ҷавононро дар рӯҳияибаланди худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватандӯстӣ тарбия хоҳанд намуд, зеро онҳо ояндаи давлат мебошанд.

Мирзоалӣ Раҷабзода,

сардори Раёсати

тандурустии

вилояти Хатлон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва ха ...

Хабарҳо

ТТЭ ҲНИ ҳамчун пайрави терроризми ҷаҳонӣ

Хабарҳо

ҲНИ ИСЛОМРО БАДНОМ МЕСОЗАД

Сиёсат
Пешвои миллат: «Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризм шарики ҳамаи давла ...

Пешвои миллат: «Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризм шарики ҳамаи давла ...

Хабарҳо
Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Хабарҳо, Номаҳои Шумо