Дар як сатр
» » БИСЁР САФАР БОЯД…

БИСЁР САФАР БОЯД…

14-01-2020, 21:23

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳасани Муродиён ва номзади илмҳои филологӣ, дотсент Қудратулло Наимиро солҳои зиёдест, ки ҳамчун зиёиёни равшанзамир ва хомафарсоёни беназир хуб мешиносам. Мақолаҳои илмию публитсистиашонро дар матбуоти даврӣ зиёд хондаам.

Китоби «Кишваршиносӣ ва сайёҳӣ», ки муаллифон барои дарёфти ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав пешниҳод намудаанд, соли 2018 тавассути нашриёти «Ирфон» ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба табъ расид. Китоб аз 6 боб ва 42 мақола мураттаб гардидааст. Ҳар як қисмати китоб бо муқаддима оғоз гардида, бо китобнома анҷом пазируфтааст ва овардани китобнома ба он хотир аст, ки он хонандаро бобати дарёфти китобҳои дар ин мавзуъ навишташуда раҳнамоӣ мекунад.

Муаллифон дар муқаддимаи китоб зимни ташреҳи илми кишваршиносӣ барҳақ қайд намудаанд, ки он яке аз воситаҳои муҳими тарбияи маърифатӣ ва маънавии наврасону ҷавонон буда, дар қалби онҳо муҳаббати амиқеро нисбат ба зодгоҳ ва кишвари худ ҷой медиҳад. (с. 4).

Боби якуми китоб «Асосҳои ташкили фаъолияти кишваршиносӣ дар мактаб» унвон дошта, он аз чаҳор қисмати ҷудогона иборат мебошад. Муаллифон зимни баррасӣ ва таҳқиқи мавзӯи «Кишваршиносӣ ва моҳияти он» бобати собит намудани меҳри зодгоҳ, ки ҷузъи ватан ва беҳтарин макон барои ҳар як шахс ба ҳисоб меравад, аз нақлу ривоятҳо ва ашъори фолклорӣ иқтибосҳо оварда, ба ин роҳ китобро аз саҳифаҳои аввалини он барои хонанда хеле хонданбобу шавқовар нигоштаанд.

Аз мазмуну муҳтавои ин қисмати китоб бармеояд, ки одамони давраи қадим дар баробари хуб донистани муҳити зисташон, инчунин, барои боз ҳам бештар донистани табиату иқлими дигар сарзаминҳо дар дил майлу ҳавасҳо мепарваридаанд ва ин ҳама кӯшишҳои оламшиносӣ ба илми кишваршиносӣ иртибот дорад. Ин гуна амалҳои инсон аз он шаҳодат медодаанд, ки кишваршиносӣ ҳанӯз аз даврони қадим диққати одамонро ба худ ҷалб намуда будааст. Ин нуктаро муаллифони китоб чунин овардаанд: «Дар қадимтарин китоби мардуми ориётабор «Авесто» низ, оид ба масъалаҳои кишваршиносии адабӣ, ҷуғрофӣ, таърихӣ маълумот дар-ёфтан мумкин аст» (саҳ. 9).

Қисмати дуюми китоб, ки ба мавзӯи сайёҳӣ бахшида шудааст, чун қисмати аввал аз муқаддима, китобнома ва 22 мақола иборат мебошад. Муаллифон барои навиштани ин китоб осори наз-мию насрии зиёди бузургонро мавриди мутолиа қарор додаанд. Чунончи, онҳо дар оғози китоб байти зерини Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ба сифати эпиграф басо бамаврид овардаанд, ки ба мавзӯи интихобкардаашон алоқамандии зич дорад:

Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме.

Сӯфӣ нашавад софӣ, то дарнакашад ҷоме.

Овардани байти боло дар оғози қисмати дуюми китоб шавқу ҳаваси хонандаро аз саҳифаи аввали он барои пайваста сафар кардан бедор месозад. Зеро дар натиҷаи бисёр сафар кардан шахс ҷаҳондидаву пухта мегардад ва бис-ёр мавзеъҳои диёри худро бо чашми сари худ мебинад ва аз асрору муаммоҳои номашкуфи онҳо огаҳӣ меёбад.

Дар ин қисмати китоб хонанда доир ба макон ва мавзеъҳои таърихию тамошобоби вилояти Хатлон, аз ҷумла доир ба минтақҳои Балҷувон, Муъминобод, кӯҳи Хоҷамуъмин, Чилучорчашма ва ғайра ҷойҳои ҷуғрофӣ шинос мешавад.

Хулоса, Ҳасани Муродиён ва Қудратулло Наимӣ дар ҳар як мақолаи дар китоб овардаашон мавзуъро холисона, одилона ва олимона мавриди тадқиқ қарор дода, онро аз нуқтаи назари илмиву мантиқӣ ҳал намудаанд.

Раҷабалӣ Худоёров,

номзади илмҳои филология, дотсент


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Саҳме дар илми кишваршиносии адабии тоҷик

Саҳме дар илми кишваршиносии адабии тоҷик

Чеҳранигорӣ, Маориф ва илм
«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Навниҳолони боғи сухан»

«Навниҳолони боғи сухан»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Армуғони ҷашнӣ: Нашри «Фолклори бачагонаи тоҷик»

Армуғони ҷашнӣ: Нашри «Фолклори бачагонаи тоҷик»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Олими комёб дар чор самти таҳқиқ

Олими комёб дар чор самти таҳқиқ

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА