Дар як сатр
» » ЛИБОСИ МИЛЛӢ - НИШОНИ МИЛЛАТ

ЛИБОСИ МИЛЛӢ - НИШОНИ МИЛЛАТ

14-01-2020, 21:19

Ҳанӯз аз овони хурдсолӣ хуб ёд дорам, ки бибиҳои мо чӣ гуна либосҳои зебои тоҷикона ба бар мекарданду сарандозҳои зебо ба сар. Аз ҳар гуна матои маҳин куртаи хуштарҳи тоҷикона медӯхтанд. Вақте ки бибиам сари мошинаи дарздӯзӣ нишаста, барои худ курта дӯхтанӣ мешуданд, наздаш омада, ба кораш бодиққат назора мекардам.

Ба худ суол медодам, ки чӣ гуна матоъҳои пора-пораро ба якдигар часпонида, курта медӯзад? Барои мани хурдсол ин як муаммо буд. Бибиам инро пай бурда, боҳавас қисса менамуд, ки дар айёми ҷавонӣ чӣ гуна пероҳани зебову дилкаш ба бар мекардаанд. Ҷавонон аз матои сафеди нафис куртаҳои гиребон ва сари остинашон парчиншуда, аз шоҳиву атлас куртаҳои бо усули хос дӯхташуда ва дар вақти арӯсӣ сарандозҳои гулдӯзии бо риштаи абрешимӣ омодашударо мепӯшидаанд. Барои мо-духтарони даврони Шӯравӣ низ тавсия медоданд, ки ҳеҷ гоҳ ба фарҳанги либоспӯшии бегона рӯ наорем, куртаҳои хушдухти тоҷиконаро ба бар кунем, мӯйҳои зебои худро кӯтоҳ накунему майдабофӣ намоем, либоспӯшии миллиро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Куртаҳои хушдӯхти атлас дар замони наврасиву ҷавонии мо низ чун имрӯз мӯд буд. Гулдухтарон дар баҳорон пероҳани зебои атласу чакан ба бар мекарданд. Солҳои 80-ум боз як навъи куртаи чакан мӯд шуд. Онро якбарачакан меномиданд ва ба куртачаканҳои замони имрӯза шабоҳат дошт. Якбарачакан рӯи матои якранга дӯхта мешуд ва хеле зебову диданӣ ва шинам буд. Куртаҳои атласу гирбишин, ки бештар занону бонувон ба бар мекарданд, гул ба гул чида мешуд ва ин куртаҳоро бо мақсади боз ҳам зебо шудан чеварон ҳар гуна пардоз мекарданд. Куртаҳои якгиребона, дугиребона ва бегиребон ба духтарону бонувони тоҷик хеле зебанда буд.

Рӯймолбандӣ ҳам ба худ санъати хос дошт. Занону бонувон бештар рӯймолҳои шоли заргаронӣ, тосфарангии зарду сурх, сабзу нилобӣ ба бар мекарданд. Занони куҳансол ба сар рӯймолҳои калони докагӣ мекарданд. Ҳангоми сардиҳои фасли зимистон бошад, рӯймолҳои шолии пашминро истифода мекарданд.

Тӯю сур низ он замонҳо бо расму анъанаҳои хеле ҷаззоб барпо мешуд. Қисмате аз мардуме, ба қавле пешрафта, дар тақлид ба фарҳанги аврупоиҳо зимни тӯйи арӯсӣ либоси сафеди аврупоӣ, яъне "фата” ба бар мекарданд. Аммо фоизи зиёди духтарон пӯшидани куртаҳои хушдӯхти тоҷиконаро аз матои сафед интихоб карда, ба замми ин тоқиҳои зардӯзии зебо, рӯймолҳои қадимаи ғуҷум, гирбишини сафедро бо ҳаваси зиёд ба сар мекарданд. Дар деҳоти кӯҳистон духтарон ба тӯйи арӯсӣ хеле тӯлонӣ тайёрӣ медиданд. Сӯзаниву сардеворӣ, болинҳои пурнақшу нигор омода мешуд. Матои сурх, зард ё сафедро назди қаламкашон мебурданд. Сипас, гулҳои рӯи матоъ кашидашударо моҳирона ва бо шавқу завқи баланд кашидадӯзӣ мекарданд. Чун тӯйи арӯсӣ наздик мешуд, аз пайи омода кардани либосҳои зебои арӯсӣ мешуданд. Тоқии зардӯзии чоргул харидорӣ мекарданд, барои домод низ тоқии гулдӯзӣ, ҷомаи домодӣ тайёр менамуданд. Духтарони боҳунар барои худ аз матои сафед сарандози гулдӯзӣ тайёр мекарданд. Ба сар кардани сарандози гулдӯзӣ бо либоси шинами миллӣ ҳусни арӯсро зиёд мекард. Гӯшвораҳо, муҳраю дигар ороишот низ мувофиқ ба либос интихоб мешуд. Он замон нафаре ҳаваси сатру ҳиҷоб намекард. Агар тақлид мешуд, пас ба либосҳои муосири хушдӯхт мешуд, на ба либосҳои сиёҳ ва танг.

Алҳол зидди ҳама гуна сатру ҳиҷоб ба сар кардани бонувон ҳастам. Сатру ҳиҷобро духтарони замони мо ҳамчун мӯд истифода мекунанд. Иддае аз занони дигар пероҳанҳои тангу сиёҳро дар тақлид ба фарҳанги либоспӯшии бегона интихоб карда, худро гӯё ба шариат наздик мегиранд. Фаромӯш кардаанд, ки шариат пӯшидани либоси сиёҳу тангро ҳеҷ гоҳ талқин накардааст. Бар замми он ки либоси тангу сиёҳ мепӯшанд, боз ба чашмони худ мижаҳои сунъӣ гузошта, абрувони худро борик мекашанд.

Занону бонувони гиромӣ, ҳамчун як зан-модари тоҷик даъват менамоям, ки ҳеҷ гоҳ фарҳанги либоспӯшии бегонагонро ба фарзандони худ талқин нанамоем. Мо худ шоҳид ҳастем, ки зери "соя”-и сатру ҳиҷоб баъзе духтарон бачӣ корҳои норавову ношоиста даст мезананд. Пас, фарзандонро дар роҳи дӯст доштани либоспӯшии миллӣ ва посдоштани расму оинҳои хуби тоҷикона ҳидоят намоем.

 

Оймоҳ ҲАСАНОВА




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Рӯймол тоҷи зиннати зан аст

Хабарҳо
Либос яке аз василаҳои муассири муаррифии миллат ба ҳисоб меравад

Либос яке аз василаҳои муассири муаррифии миллат ба ҳисоб меравад

Фарҳанг ва адабиёт
Чакан - куртаи наврӯзӣ

Чакан - куртаи наврӯзӣ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Лочабофӣ: «мушку заъфар», «миттӣ» ва «байрақ»

Лочабофӣ: «мушку заъфар», «миттӣ» ва «байрақ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Матои синтетикӣ зарар дорад

Матои синтетикӣ зарар дорад

Тандурустӣ ва экология