Дар як сатр
» » СОЛИМИИ ҶОМЕА ДАР МАДДИ АВВАЛ

СОЛИМИИ ҶОМЕА ДАР МАДДИ АВВАЛ

14-01-2020, 21:18

«Буҷети соҳаи тандурустӣ дар ҳафт соли охир аз 716 миллион сомонӣ ба 1 миллиарду 740 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли 2013-ум 2,4 баробар зиёд аст».

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

 

Соли 2019 дар ҳудуди вилояти Хатлон бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, соҳибкорон ва шарикони рушд 74 муассисаи муолиҷавию профилактикӣ, аз ҷумла, 67 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (аз инҳо 25 марказҳои саломатии деҳотӣ ва 42 бунгоҳҳои саломатӣ) ва 7 муассисаи сохтори госпиталӣ ба маблағи зиёда аз 115 миллион сомонӣ сохта ва муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин давра ба муассисаҳои тандурустии вилоят 18 автомашинаи ёрии таъҷилӣ ва барои марказҳои зидди силии минтақаҳои Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон думошинаи сайёри флюрографии тамғаи "Камаз” дастрас карда шудааст.

Бино ба иттилои Мирзоалӣ Раҷабзода, сардориРаёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, имрӯз дар вилоят 1666 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла 150 муассисаи бистарикунонӣ, 1121 муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва 94 муассисаи тиббии хусусӣ фаъолият менамоянд. Дар соли ҷорӣ ба муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон339 нафар табибон ба кор омадаанд. Айни замон шумораи табибон дар вилоят 3784 нафар ва кормандони миёнаи тиббӣ ба 17 ҳазору 975 нафар мерасад.

Дар соли сипаригардида дар филиали Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурус-тии Ҷумҳурии Тоҷикистон 293 нафаршунаванда аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз инҳо 55 нафар табибон ва 187нафар кормандони миёнаи тиб мебошанд. Дар маҷмуъ давоми соли ҷорӣ ҳамагӣ 819 нафар табибон ва кормандони миёнаи тиб аз вилоят, шунавандагони Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи он дар шаҳри Бохтар буданд.

- Дар раванди сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасии аҳолӣ аз хизматрасонии тиббии тахассусӣ дар ин давра бо ҷалби олимону мутахассисони баландпояи ҷумҳурӣ ва вилоят дар шаҳру ноҳияҳо "Корвони саломатӣ” баргузор карда шуд, ки дар ин чорабинӣ ба 10641 нафар шаҳрвандон, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ташхисии муосири тиббӣ 11725 ташхис гузаронида шуданд. Дар натиҷа 2184 нафар бемориҳои гуногуни узвҳои дохилии бадан дарёфт ва зери назорати табибон ба табобат фаро гирифта шуданд.

Мувофиқи иттилооти муассисаҳои КАТС-и шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2019 –ум 37146 нафар аз муоинаи тиббии пеш аз издивоҷӣ гузаштаанд. Аз тарафи духтурони тибби оилавӣ бошад, 18564 нафар, тибби соҳавӣ 18582 нафар гузаштанд. Аз муоинаи ВНМО ва оташак –37146 нафар,флюрография 33898 нафар гузаштаанд.

- Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр гардидааст: "Ҳарчанд ки дар натиҷаи таъмин кардани муассисаи тиббии шаҳру ноҳияҳо ба таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад”. Вобаста ба ин ва дигар масъалаҳои ҳалталаби соҳа мо нақшаву чорабиниҳо тартиб дода, баҳри беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва бозомӯзии мутахассисони ҳама зинаҳои соҳаи тибб кӯшиш ба харҷ медиҳем,- мегӯяд Мирзоалӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон.

 

С. Ҷамолиддин




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БАРАНДАГОНИ ҶОИЗАИ «ВОРИСИ СИНО»

БАРАНДАГОНИ ҶОИЗАИ «ВОРИСИ СИНО»

Тандурустӣ ва экология

НИЗОМНОМАИ озмунҳои вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин та ...

Тандурустӣ ва экология

ҶАЙҲУН: МАОШИ МИЁНАИ ДУХТУР - 812 СОМОНӢ

Хабарҳо
Ҳуҷраҳои хатна дар Муъминобод

Ҳуҷраҳои хатна дар Муъминобод

Тандурустӣ ва экология
Дар Хатлон тайи се моҳ 6 маркази саломатии деҳот ва 16 бунгоҳи тиббӣ сохта  ...

Дар Хатлон тайи се моҳ 6 маркази саломатии деҳот ва 16 бунгоҳи тиббӣ сохта ...

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА