Дар як сатр
» » ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ АЗ ЯК МИЛЛИАРД СОМОНӢ ЗИЁД ШУД

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ АЗ ЯК МИЛЛИАРД СОМОНӢ ЗИЁД ШУД

14-01-2020, 21:17

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён маҷлиси ҷамъбасти тараққиёти иқти-содию иҷтимоии ноҳия бо иштироки Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён, Раъно Раҳимзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарони ташкилоту идораҳо, шуъбаю бахшҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи маҷлис, сараввал Сафар Аҳлиддинзода, муовини якуми раиси ноҳия, ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки кишоварзони бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, мувофиқи дурнамо барои соли 2019, дар майдони 15 ҳазору 732 гектар кишти зироатҳо, аз ҷумла 1 ҳазору 173 гектар гандум, 60,3 гектар ҷав, 250 гектар ҷуворимаккаи дон, 190 гектар шолӣ, 11 ҳазору 300 гектар пахта, 75,3 гектар дигар зироатҳои техникӣ, 1 ҳазору 599 гектар сабзавот, аз он 165 гектар пиёз, 425 гектар бодиринг, 545 гектар помидор, 150 гектар сабзӣ, 180 гектар карам, 132 гектар дигар сабзавотҳо, 441 гектар картошка, 180 гектар полезиҳо кишт намудаанд.

- Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиарду 331 миллиону 654 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки аз ин маҳсулоти саноатӣ 230 миллиону 791 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Ҳаҷми гардиши мол дар ин давра 215 миллиону 934 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ки нисбати соли 2018-ум 47 миллиону 666 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ баҳри ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ 42 миллиону 154 ҳазору 699 сомонӣ ворид гаштааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 228 ҳазору 668 сомонӣ зиёд буда, 100,5 фоизи нақшаро ташкил менамояд,-гуфт дар ҳисоботи худ Амриддин Иброҳимзода, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иқтисод ва саноат.

Баъд аз шунидани ҳисобот пурсиши як қатор роҳбарони ташкилоту идораҳо ба амал омад. Раиси ноҳия оид ба бартараф намудани камбудиҳо супоришҳои мушаххас дода, дар назди онҳо вазифаҳои нав ба нав гузошт.

Дар охир Раъно Раҳимзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳозиринро ҷиҳати дар ҳаёт татбиқ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд. Ҳамчунин, баҳри иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ ба масъулин дар соли 2020 бурдбориҳо таманно намуд.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Соҳибкорон роҳҳоро таъмиру мумфарш мекунанд

Соҳибкорон роҳҳоро таъмиру мумфарш мекунанд

Ҳаёти иҷтимоӣ

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Арсаи кишоварзӣ

Омили асосии ҳосили фаровон

Арсаи кишоварзӣ

Кишти тирамоҳӣ анҷом ёфт

Арсаи кишоварзӣ
Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ