Дар як сатр
» » ЁВОН. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ДОХИЛӢ МЕАФЗОЯД

ЁВОН. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ДОХИЛӢ МЕАФЗОЯД

14-01-2020, 21:15

Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 баргузор гардид, ки дар кори он Шавкат Бобозода, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Назарбек Шарипов, директори Корхонаи давлатии коммуналии «Маркази дастгирии кишоварзӣ» иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси ноҳияи Ёвон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия маълумот дода, зикр намуд, ки соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия ба 2 миллиарду 464,9 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбат ба соли 2018-ум 275 миллиону 141,2 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Аз он маҳсулоти саноатӣ 1 миллиарду 542,9 миллион сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ як миллиарду 39,6 миллион сомониро ташкил медиҳад.

- Музди миёнаи меҳнати кормандон 1237,6 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 139,3 сомонӣ зиёд шудааст, - афзуд раиси ноҳияи Ёвон. - Мавриди зикр аст, ки дар ин муддат 454 ҷойи кори доимӣ ва 2591 ҷойи кори муваққатӣ муҳайё гардид,-афзуд ӯ.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки нақшаи пешбинишудаи қисми даромади андозҳои буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба қадри 100 фоиз таъмин гардид. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби андозҳо ба андозаи 101,3 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 190 миллиону 371,2 ҳазор сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ 192 миллион 977,7 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин аз нақша 2 миллиону 606,6 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба соли 2018-ум 23 миллиону 91,5 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Қисми хароҷоти буҷаи маҳаллӣ 100 фоизро ташкил дода, аз ин барои соҳаҳои маориф 75 миллиону 843,1 ҳазор сомонӣ, тандурустӣ 23 миллиону 692,0 ҳазор сомонӣ, мақомоти роҳбарикунанда 4 миллиону 16,7 ҳазор сомонӣ, соҳаи фарҳанг 1 миллиону 409,5 ҳазор сомонӣ, соҳаи кишоварзӣ 253,8 ҳазор сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 2 миллиону 61,6 ҳазор сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия як миллиону 50,2 ҳазор сомонӣ ва барои дигар хароҷотҳо як миллиону 6,9 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ барои пардохти нафақаи 15 ҳазору 77 нафар нафақахӯрони ноҳия, ки хароҷоти моҳонаи онҳо ба ҳисоби миёна зиёда аз 4 миллиону 245,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, шароит фароҳам овард ва дар натиҷа нафақахӯрон ва дигар ниёзмандон саривақт бо нафақапулӣ таъмин гардиданд.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар баробари дастовардҳо дар фаъолияти соҳаҳои мухталиф баъзе мушкилоту камбудиҳо низ ҷой доштанд. Аз ҷумла, ду намуди андози давлатӣ ба маблағи 44,3 миллион сомонӣ иҷро нагардид. Якум андоз аз арзиши иловашуда мебошад, ки ба ҷойи 59 миллиону 325,2 ҳазор сомонии нақша 30 миллиону 440,5 ҳазор сомонӣ иҷро гардид. Ин 51,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дуюм андоз аз фоида аст, ки ба ҷойи 38 миллиону 454,6 ҳазор сомонӣ, 22 миллиону 997,5 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд. Ин 59,8 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин, андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба ҷойи 32 миллиону 600,3 ҳазор сомонӣ 29 миллиону 994,8 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд, ки ин баробари 92 фоизи нақша мебошад.

Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 январи соли 2020-ум 7 миллиону 21,5 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбати аввали соли гузашта 1,4 миллион сомонӣ кам гардидааст.

Шавкат Бобозода, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ карда, дар бораи вазъифаъолияти соҳаҳо ва натиҷаи тараққиёти иқти-содию иҷтимоии ноҳия дар соли сипаригашта изҳори назар намуда, зикр кард, ки пахтакорони ноҳия дар мавсими гузашта пурмаҳсул заҳмат кашида, беш аз 25000 тонна ҳосил рӯёниданд, ки ин аз дурнамо зиёд аст.

Инчунин, аз кам будани муассисаҳои томактабӣ изҳори нигаронӣ карда шуд, ки ҳамагӣ 4,6 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба боғчаҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд.

Бо мақсади беҳтар намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, ба роҳбарони корхонаҳои саноатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз соҳибкорон даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати иҷрои ҳидоятҳои Сарвари давлат корҳои бунёдкориву созандагиро густариш диҳанд.

Дар охири ҷаласа ба пешқадамони истеҳсолот, ғолибони озмунҳои ноҳиявӣ, варзишгарон ва хонандагони фаъол ифтихорнома ва мукофотҳои пулию хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ АЗ ЯК МИЛЛИАРД СОМОНӢ ЗИЁД ШУД

Иқтисоду тиҷорат

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Арсаи кишоварзӣ

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар вилоят афзуд

Арсаи кишоварзӣ

Н. Хусрав: ммд - 101,2 миллион сомонӣ

Хабарҳо
Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Хабарҳо