Дар як сатр
» » Мулоқоти судманд

Мулоқоти судманд

7-11-2017, 10:09

Мулоқоти судманд

Дар кохи Ватан мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо сокинон ва фаъолони шаҳри Қўрғонтеппа доир гардид. Дар ҷамъомад раиси шаҳри Қўрғонтеппа, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳри ширкат доштанд.

Иштирокчиёни мулоқот қабл аз оғози вохўрӣ филми телевизионии таҳиянамудаи кормандони телевизиони вилояти Хатлонро тамошо карданд, ки аз вазъи ногувори баъзе кўчаю маҳаллаҳои шаҳри Қўрғонтеппа, ки ва риоя нагаштани маданияти шаҳрнишинӣ ҳикоят мекард.

Сипас раиси вилоят, узви Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷамъомадро оғоз бахшида, иброз дошт, ки ҳадафи мулоқоти имрўза қабл аз ҳама рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои қонунҳои амалкунанда мебошад.

Тавре ки раиси вилоят иттилоъ дод, тибқи дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҷумҳуриявии Наврўзи байналмилалӣ дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қўрғонтеппа баргузор мегардад.

Аз ин рў, ҳамагон бояд дар баробари фаъолияти пурсамари хеш ҳамчунин барои ободонии шаҳри Қўрғонтеппа, кўчаю маҳал, биноҳои иқоматӣ ва маъмурӣ, муассисаҳои таълимӣ саҳмгузор бошанд.

Ҳамин тавр, раиси шаҳри Қўрғонтеппа Абдуалим Исмоилзода оид ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр, нақшаву дурнамо ва корҳои ободонию кабудизоркунӣ ибрози назар кард.

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки бояд шурўъ аз имрўз ба ҷашни байналмилалии Наврўзи аҷам омодагии ҷиддӣ дид. Хонаҳои иқоматиро ба тартиб оварда, гулҳои зиёди мавсимӣ парвариш намудан лозим аст. Ҳамзамон ду ҷониби роҳҳои мошингард ва хиёбонҳоро сабзу гулпўш гардонанд.

-Бозорчаҳои кўчагиро, ки роҳҳоро танг намуда, ҳусни шаҳрро халалдор месозанд, барҳам додан лозим аст. Муҳим аз ҳама маданияти волои шаҳрдорию шаҳрнишиниро риоя кардан, қарзи инсонии ҳар як сокини шаҳр ва навоҳии атрофи он ба шумор меравад-ироа дошт,- раиси вилоят.
Сипас раиси вилоят аз масъулини соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоии шаҳри Қўрғонтеппа доир ба камбудиҳои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, баҳри ислоҳи саривақтии масоили мазкур дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Роҳбари вилоят аз рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Қўрғонтеппа изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки ислоҳи ҳамаи камбудиҳои зикргардида аз фаъолони шаҳр, бахусус аҳли толор вобастагии зич дорад.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Қўрғонтеппа доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид ба миён оварда афзуд, ки дар ин Паём 25 сола роҳи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таҳлил гардидааст. Роҳе, ки давлати Тоҷикистонро ба арсаи ҷаҳон ба ҳайси давлати сулҳхоҳу ваҳдатпараст, ободгару пур аз дастовард муаррифӣ сохт.

Тавре ки таъкид рафт тайи 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ ба 18 миллиард сомонӣ расидааст. Истеҳсолу афзоиши барқ фишанги асосии рушди бемайлони саноат ба шумор меравад. Бо маблағи 36 миллиард сомонӣ иншооти хурду бузурги барқ бунёд ёфта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 2000 км роҳи мошингард, 190 км роҳи оҳан, 30 км нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Атрофи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ сухан ронда, роҳбари вилоят таъкид дошт, ки дар нўҳ моҳи соли равон ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти вилоят ба 4,4 миллиард сомонӣ расидааст. Содирот нисбати воридот зиёд гардидааст.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар интиҳо бори дигар масъулину фаъолони шаҳрро вазифадор намуд, ки барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ободонию кабудизоркунии маркази вилоят талош варзида, Наврўзи соли 2018-ро бо дастовардҳои бузург ва омодагии ҳамаҷониба пешвоз гиранд.

ВАХШОНА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Раиси вилоят: «Ба арзу дархости мардум таваҷҷуҳи бештар мебояд»

Раиси вилоят: «Ба арзу дархости мардум таваҷҷуҳи бештар мебояд»

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Мулоқоти Раиси вилоят бо сокинони ноҳияи Ёвон

Мулоқоти Раиси вилоят бо сокинони ноҳияи Ёвон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Панҷ

Қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Панҷ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Д. Гулмаҳмадзода: “Қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо коҳиш ёфтааст”

Д. Гулмаҳмадзода: “Қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо коҳиш ёфтааст”

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Д. Гулмаҳмадзода: «Бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҷой ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҷой ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА