Дар як сатр
» » БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

14-01-2020, 20:59

Дар ҷаласаи ҷамъбасти дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2019, ҳамчунин, ғолибони озмуни вилоятии "Беҳтарин муассисаи тиббии сол”, "Беҳтарин табиби сол”, "Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол” ва "Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб ” қадрдонӣ карда шуданд.

Тавре ки роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Ғазалшо Сафарзода зимни баррасии озмуни мазкур изҳор дошт, беш аз 30 мавод ба озмун пешниҳод гардид ва тибқи Протоколи ҷаласаи озмунҳои вилоятӣ беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон ва ҶДММ "Акси Шифо”-и шаҳри Бохтар ғолиби озмуни "Беҳтарин муассисаи сол”, Раҷабалӣ Қурбонов, директори маркази вилоятии стоматологӣ дар шаҳри Бохтар, ғолиби озмуни "Беҳтарин табиби сол”, Ҷамолбӣ Акбарова, ҳамшираи калони шуъбаи урологии беморхонаи вилоятии клиникии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб, ғолиби озмуни "Беҳтарин корманди миёнаи тиббӣ” ва Фурқат Имомов, директори маркази вилоятии бемориҳои чашм, ғолиби озмуни "Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб” дар вилоят дониста шудаанд.

Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ раиси вилояти Хатлон ва Сарвазири мамлакат Шаҳодатнома ва маблағҳои пешбинишударо супориданд.

Ғолибони озмуни «Ободгари ватан»

Чандест, ки бо қарори раиси вилояти Хатлон озмуни вилоятӣ таҳти унвони "Ободгари ватан” доир гашта истодааст. Ҳар семоҳа, ҳайати ҳакамон ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани қарори мазкур бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо озмуни мазкурро ҷамъбаст намуда, соҳибкорон-шахсони хайрандеш, нафароне, ки дар ободии гӯшаву канори ватани азиз саҳми муносиб гузоштаанд, ҳавасманд гардонида мешаванд.

Дар семоҳаи чоруми соли сипаригардида озмуни мазкур ҷамъбаст гардид ва соҳибкороне, ки саҳми арзандаи хешро дар бунёди бино ва иншоотҳои ҷашнӣ гузоштаанд, ғолиби озмун дониста шуданд. Бо ширкати Сарвазири мамлакат раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулини ташкилоту муассиса, раисони ҷамоатҳои деҳот ба ғолибони озмуни "Ободгари ватан” Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

Ҳошим Бобоев, аз шаҳри Бохтар барои бунёди муассисаи таълимии томактабии хусусии "Фарзона”, Холмаҳмад Одинаев барои бунёди корхонаи парандапарварӣ, Абдулҳафиз Қурбонов, аз ноҳияи Восеъ барои бунёди меҳмонхона дар маркази ноҳия, Юсуф Алиев, аз шаҳри Норак барои бунёди иншооти тиббӣ ва маркази хизматрасонӣ, Эраҷ Ҳалимов, аз ноҳияи Балҷувон барои бунёди синфхонаҳои иловагӣ, Раҷабалӣ Раҷабов, аз ноҳияи Муъминобод барои бунёди коргоҳи коркарди шир ва дигар хизматрасониҳо, Мақсуд Амирзода, аз ноҳияи Ёвон барои бунёди бинои ҲХДТ, Амонулло Абдуллоев, аз ноҳияи Фархор барои бунёди синфхонаи иловагӣ, Фирӯз Сайвализода ва Шоҳрухи Назар, аз ноҳияи Данғара барои бунёди маркази саломатӣ дар деҳаи Остона ва бунёди маркази хизматрасонӣ, Маъруфхӯҷа Раҳмонқулов, аз ноҳияи Қубодиён барои бунёди боғчаи бачагона, Маҳмадшариф Саъдуллоев, аз ноҳияи Ҷ. Балхӣ барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ, сехи дӯзандагӣ, сартарошхона, ҳаммом, Ҳусейн Ашӯров ҷиҳати корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар даромадгоҳи ноҳия, Абдусалом Раҷабалиев, аз ноҳияи Темурмалик ҷиҳати мумфарш намудани 2,7 километр роҳи маҳаллӣ, Фирӯз Абдуллоев, аз ноҳияи Ҳамадонӣ барои сохтмони корхонаи шарбатбарорӣ дар деҳоти Қаҳрамон, Қулмаҳмад Абдураҳмонов, аз ноҳияи А. Ҷомӣ барои бунёди дарвозаи даромадгоҳи ноҳия ва ошхона дар мактаби №14, Ҳамид Азизов ҷиҳати бунёди боғи нав дар ноҳияи Хуросон ва Фатҳулло Соҳибов барои корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ, аз ҷумла сохтмони маркази саломатӣ, бунгоҳи тиббӣ, мактаб ва ғайраҳо дар деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг ғолиб дониста шуданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ғолибони озмуни "Ободгари ватан” туҳфаҳои хотиравӣ супурда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди муассисаҳои хизматрасонии соҳаҳои тан-дурустӣ, маориф ва ғайра изҳори сипос намуданд.

ВАХШОНА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

2000 СОМОНӢ - МУКОФОТ БА ОМӮЗГОРИ КИТОБХОН

Хабарҳо
Ислоҳи саривақтии камбудиҳо ба фаъолияти босамари соҳаҳо имкон медиҳад

Ислоҳи саривақтии камбудиҳо ба фаъолияти босамари соҳаҳо имкон медиҳад

Ҳокимияти давлатӣ

Ҷ.Балхӣ: Баистифодадиҳии 153 иншоот

Ҳаёти иҷтимоӣ
Беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд

Беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд

Ҳокимияти давлатӣ
Озмуни вилоятӣ, ки 5000 сомонӣ ҷоиза дорад, 4-уми май ҷамъбаст мешавад

Озмуни вилоятӣ, ки 5000 сомонӣ ҷоиза дорад, 4-уми май ҷамъбаст мешавад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА