Дар як сатр
» » Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ

Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ

9-01-2020, 22:13

Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд.

Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ - ТАВСИЯДИҲАНДАИ РОҲИ НЕК

Маориф ва илм, Номаҳои Шумо

Тоҷикистон аз рӯи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба сегонаи пешсафи Ит ...

Хабарҳо

Н. Хусрав: ммд - 101,2 миллион сомонӣ

Хабарҳо
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ – наздики ду миллиард сомонӣ

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ – наздики ду миллиард сомонӣ

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфтааст

Сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфтааст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо